Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ, раҳбари нави Эронро ба муносибати интихобаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ ва мардуми Эрон “сулҳу субот ва шукуфоии пойдор” орзу кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ “мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ, раҳбари нави Эронро ба муносибати интихобаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ ва мардуми Эрон “сулҳу субот ва шукуфоии пойдор” орзу кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ “мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд”.

“Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.

Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва муаррифӣ кард. Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падари 86-солааш Алии Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, ки рӯзи 28-уми феврал иттифоқ афтод, сеюмин раҳбари олии Эрон интихоб шуд.

Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.

Дар бораи корномаи ӯ дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.