Имрӯз, 6-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом додааст. Дар ин бора Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, Тоҷиддин Ҳафиззода аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи вилояти Суғд озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин шудааст.
Ҳамчунин, бо дастури раисҷумҳур, додситон ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи онҳо нафарони дигар таъин шудааст.
Сабаби аз вазифаи озод шудани онҳо ва номи нафарони навтаъин гуфта нашудааст.

Ҳамчунин, додситон ва сардорони шуъбаҳои ВКД дар якчанд шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат фаъолияти ин сохторҳоро баррасӣ карда, “барои рафъи камбудиҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас додааст”.
Дар гузашта, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори додрасҳо сахт интиқод карда, чанд нафари онҳоро ҳам бо сабаби паст задани шаъну шарафи додрас аз вазифа сабукдӯш гарда буд. Ҳамчунин, чанде аз додрасҳои кишвар ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.



