Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод

Имрӯз, 6-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом додааст. Дар ин бора Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.  Аз ҷумла, Тоҷиддин Ҳафиззода аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи вилояти Суғд озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин шудааст. Ҳамчунин, бо дастури раисҷумҳур, додситон […]

Имрӯз, 6-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом додааст. Дар ин бора Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Аз ҷумла, Тоҷиддин Ҳафиззода аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи вилояти Суғд озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин шудааст.

Ҳамчунин, бо дастури раисҷумҳур, додситон ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи онҳо нафарони дигар таъин шудааст.

Сабаби аз вазифаи озод шудани онҳо ва номи нафарони навтаъин гуфта нашудааст.

Ҳамчунин, додситон ва сардорони шуъбаҳои ВКД дар якчанд шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат фаъолияти ин сохторҳоро баррасӣ карда, “барои рафъи камбудиҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас додааст”.

Дар гузашта, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори додрасҳо сахт интиқод карда, чанд нафари онҳоро ҳам бо сабаби паст задани шаъну шарафи додрас аз вазифа сабукдӯш гарда буд. Ҳамчунин, чанде аз додрасҳои кишвар ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.