Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва нооромиҳо дар Ховари Миёна, субҳи имрӯз, 6-уми март 117 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе омадаанд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ин парвоз дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Иморот, мақомоти маҳаллии ин кишвар ва ширкати “Fly Dubai” сурат гирифтааст.
Қаблан, шаби 5 ба 6-уми март ҳам 115 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Ватан омада буданд. Ин парвоз тариқи ҳавопаймот "Сомон Эйр" анҷом шуда буд.
Ҳамчунин, ин ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи 8-уми март низ барои баргардонидани ҳамватанон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон, парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Нархи билет барои калонсолон 600 ва барои кӯдакон 400 доллар гуфта мешавад.
ВКХ Тоҷикистон рӯзи 4-уми март эълон кард, ки бо дастури ҳукумати кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳолати зарурӣ барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад.
Вазорат гуфт, ки шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои сабти ном ба Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд. Бо рақами телефони ширкати “Сомон Эйр” ва сафаорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна дар ин пайванд шинос шавед.
Ҳамчунин, дар назди ВКХ ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна ҳамарӯза ба ин ситод маълумот пешниҳод мекунанд.
Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.
Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.
Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".
Зимнан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, чанд рӯз пеш, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад. Аз ин пештар гуфта бд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон



