Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар ба хориҷ, нигаронии бархе тоҷирони тоҷикро, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ молу маҳсулот меоранд, ба миён овардааст. Онҳо мегӯянд, бо ҷорӣ шудани маҳдудият, арзиши молу маҳсулот гарон мешавад. Бархе тасмим доранд, барои як муддат, маҳсулоти Эронро бо молу колои дигар кишварҳо иваз кунанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанде аз тоҷироне, ки аз Эрон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекунанд ва савдогароне, ки дар бозорҳои Душанбе яклухтфурӯшӣ мекунанд, дар бораи таъсири ҷанг дар Эрон ба тиҷорати онҳо сӯҳбат кард.
“Маҳсулот дар Туркманистон ҳабс шудааст”
Як тоҷире, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, дар пайи оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, бори дархосткардаи онҳо то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст. Ӯ, ки маҳсулоти хушк ва донагӣ мефурӯшад, гуфт, пеш аз муташаниҷ шудани вазъ дар Эрон миқдори зиёди маҳсулот, аз ҷумла писта, қанду ширинӣ ва хурмо дархост карда буд, аммо таъминкунанда то ҳол наовардааст.
“Барвақт бор дархост карда будем, ҳамкороне, ки аз Эрон борро меоранд, мегӯянд. 380 вагон маҳсулот аз марзи ин кишвар рад ва дар Туркманистон ҳабс шудааст. Сабабашро шарҳ намедиҳанд, вале ба эҳтимоли зиёд, ба муносибати Амрикову Эрон рабт дорад. То омадани ин бор захираҳоро мефурӯшем”,-гуфт ин тоҷир.

“Нарх боло меравад”
Бархе тоҷирон мегӯянд, бо муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна нархи баъзе маҳсулоти воридотӣ гарон мешавад.
Тоҷири дигари бозори “Фаровон”-и Душанбе, ки ӯ ҳам нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар пайи маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон, қиммати маҳсулоти истеҳсоли ин кишвар аллакай боло рафтааст.
“Имрӯз нархи як кило пистаи Эрон то 150 сомонӣ баробар шудааст, дар ҳоле, ки ҳафтае пеш аз 90 то 120 сомонӣ арзиш дошт”,-таъкид кард ӯ.
Тоҷирон мегӯянд, таъминкунандаҳои маҳсулоти Эрон дар бозорҳои Душанбе ба эҳтимоли зиёд захира доранд, вале он талаботи бозорро барои муддати зиёд қонеъ намекунад.

“Намедонем чӣ кор кунем”
Чанде аз тоҷирони тоҷик мегӯянд, ба маҳсулоти Эрон таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон зиёд аст ва намедонанд минбаъд чӣ гуна онро дастраси муштариён кунанд.
“Ҳамин қадар пиставу 50 бастаи 5 килои хурмои Эрон боқӣ мондааст. Чун мо яклухт мефурӯшем, зуд тамом мешавад. Ҳоло намедонем муштариёнро чӣ гуна таъмин кунем”,-гуфт савдогари дигари ин бозор.
Тоҷири дигар мегӯяд, бо тоҷирони эронӣ шартнома доштанд ва фармоиш медоданд, онҳо барояшон равон мекарданд: "Ҳоло бошад намедонем чӣ мешавад, захира дорем, аммо дар муддати кӯтоҳ тамом мешавад, чун харидорони бори Эрон зиёд ҳастанд”.

Баъзе соҳибкорон мегӯянд, маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон дар таъминоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон таъсире чандоне намерасонад.
“Русия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳое ҳастанд, ки ҳамкорӣ дорем. Минбаъд аз ин кишварҳо ворид мекунем”,-таъкид мекунад ӯ.
Қолинфурӯшҳо низ ба мушкил дучор омадаанд
Ин ҷанг ба тиҷорати қолинфурӯшҳо низ таъсир расонидааст. Чанде аз соҳибкороне, ки аз Эрон низ қолин меоварданд, мегӯянд, дар ин вазъи ҳасос воридоти бор аз Эрон номумкин шудааст.
“Бародарам рафта, аз Эрон бор меовард, акнун ҳоло, ки ҷанг идома дорад, намедонем чӣ мешавад. Талаботи сокинон ба қолини эронӣ зиёд аст, чун сифати хуб доранд. Ба ғайр аз ин кишвар, аз Туркия низ бор ворид мекунем”,-гуфт намояндаи мағозаи қолинҳои “Форс”.
Вазъ дигар қолинфурӯшонро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, вақте қолинҳои эронӣ тамом мешавад, танҳо бо қолинҳои туркӣ ва ватанӣ талаботи харидоронро қонеъ мекунанд.

“Мо асосан қолинҳои истеҳсоли Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркияро мефурӯшем. Мустақилона рафта аз Эрон бор намеорем, аз таъминкунанда дастрас мекунем то мағоза оварда мерасонад ва мо савдо мекунем. Минбаъд бор меоранд ё не, иттилоъе надорем”, – гуфт Қобил, намояндаи мағозаи қолинҳои “Теҳрон”.
“Маҳсулоти Эрон арзон ва талабгораш зиёд аст”
Мадина Раҳимова (ном иваз шудааст), тоҷири дигари тоҷик, ки аз Эрон навъҳои гуногуни маҳсулоти беҳдоштиро ба Тоҷикистон ворид мекард, мегӯяд, дар пайи ноором шудани вазъ тиҷорати онҳо ба мушкил бархӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, 4 вагон боре, ки ҷанде қабл дархост карда буданд, то ҳол марзи Эронро убур накардааст.
“Бор кам мондааст, маҳсулоте, ки аз Эрон меовардем талабгори зиёд дорад. Чун яклухт мефурӯшем бор зуд тамом мешавад. Чанд сол аст, ки аз Эрон бор оварда, тиҷорат мекунем ва ҳоло ин шароит ба кори мо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Маҳсулоти Эрон нисбат ба дигар кишварҳо арзон аст ва сифати аъло дорад. Ҳоло сарамон гаранг аст, чун аз ягон кишвари дигар бор наовардаем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, Эрон яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ бо шумули маҳсулоти ширӣ, сабзавоту мева, чормағз, шакар (қанд) ва хӯришҳо маҳсуб ёфта, ҳама гуна тағйирот дар ин самт метавонад ба нархи ин навъи маҳсулот таъсир расонад.
Коршиносон мегӯянд, дар чунин вазъ, ҳукумати кишварро лозим аст то хатсайрҳои ҷойгузини интиқол, масалан тариқи Ӯзбекистон ё Қирғизистонро ҷустуҷӯ кунад. Онҳо ба инанд, ки вазъи ҳозира боиси болораии нархи баъзе маҳсулот ва ноустуворӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокворӣ мешавад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



