Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд соли гузашта 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ гусел кардааст. Онҳо ҳамасола 1-уми октябр ба рухсатӣ гусел карда шуда, 1-уми апрели соли оянда дубора ба кор мебароянд.
Дар ин бора Аъзамҷон Ҷӯраев, сардори бахши обёрии ин ниҳод рӯзи 16-уми март ба “Азия-плюс” хабар дода, гуфт, ки “сабаби асосии ба рухсатӣ гусел кардани кормандон, корҳои мавсимӣ аст”.
Номбурда ҳамчунин, гуфт, соли гузашта 200 корманди ин идора аз кор рафта, ҳамзамон 500 каси дигар ба кор қабул шуданд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вай, ҳоло ин идора ба 190 корманд эҳтиёҷ дорад.
“Сабаби асосии аз кор рафтани кормандон сари вақт пардохт нашудани маош мебошад”, – гуфт Аъзамҷон Ҷӯраев
Ин Раёсат (бо шумули шаҳру навоҳиҳо) дар маҷмуъ, 2949 коргар дорад, ки 1995 нафараш кори доимӣ доранд ва ба рухсатии бемузд гусел карда намешаванд.
“Ҳоло дар ин раёсат 512 нафақахур шартномавӣ кор мекунанд. Бештар нафақахӯрон ба рухсатии бемузд гусел карда мешаванд”, – гуфт номбурда.
Дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта оид ба натиҷагирии фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод, Ҳолимҷон Ҳоҷиев, муовини Раёсат гуфта буд, ки “дар шаш моҳи соли 2025-ум 300 корманди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд тарки кор карда, ҳоло бо 500 корманди ниёз доранд.
Он замон Ҳоҷиев гуфта буд, ки 4 моҳи охир кормандон маоши худро нагирифтаанд. Ӯ сабаби сари вақт пардохт нашудани маоши кормандоро ба роҳандозии низоми биллингӣ дар пардохти пули об рабт дода буд.
Мушкилоти кадрию тарки кор кардани кормандон бо сабаби напардохтани маош дар ҳолест, ки Аминҷон Абдуллозода, собиқ сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд аз сӯйи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба азхудкунии беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонии будҷа муттаҳам ва бо қарори додгоҳи Хуҷанд ҳудуди 137 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз ишғоли мансаб ба муддати ду сол маҳрум гардида буд.





