Бисёриҳо дар Тоҷикистон қарз мегиранд, лекин шартҳо ва паёмадҳои воеқии онро то охир ба инобат намегиранд. Меъёрҳои баланди фоизӣ, хароҷоти афзоянда ва саводи нокофии молиявӣ барои қарзгирандагон хавфҳои ҷиддӣ ба бор оварда, қарзи онҳоро, ки бояд ба зиндагиашон беҳбуд мебахшид, ба манбаи фишорӣ қарзӣ ва хавфи талафи амвол табдил медиҳад. Чӣ гуна бояд қарз гирифт, то ки баъдан аз пушаймон нашуд?
Ҳолате, ки метавонад бо ҳар кас рух диҳад
Вақте ки Душанбе ҳоло хоб аст, Акбари 34-сола аллакай сари чанбарак аст. Рӯзи кории ӯ аз субҳ оғоз шуда, пас аз нисфи шаб ба охир мерасад. Қариб тамоми ин муддат ӯ сари чанбараки мошин буда, дар ҷустуҷӯи мусофирон аст.
Ин мошини барқӣ бояд барои оилаи ӯ имкон медод, ки рӯзгорашонро устувор мекард ва ба он субот меовард.
Як сол пеш Акбар барои харидани мошин аз бонк қарз гирифт. Фикр дошт, ки кирокашӣ имкон медиҳад, зуд қарзашро ба бонк баргардонида, рӯзгори оилаашро таъмин созад. Он вақт ин қарораш дуруст ба назар мерасид: мошини барқӣ ҳарчи бештар писандида шуда, шиносҳо итминон медоданд, ки бо кирокашӣ метавон пули хуб кор кард.
Акси марбута аз торнамои psy.systems
“Хаёл мекардам, ки ҳамааш осону одӣ аст: мошин мехараму пул кор мекунам. Бисёриҳо ҳамин тавр мегуфтанд, – шарҳ медиҳад ӯ. – Вале бо гузаште чанде вақт ҳисобҳо бо воқеият рост намеомаданд. Вақте қарз гирифтам, то охир намефаҳмидам, ки фоизу комиссия ва ҷадвали пардохтҳо чӣ гунаанд. Бовар доштам, ки аз уҳдаи пардохти ҳамааш мебароям”, – мегӯяд Акбар.
Акнун, ба гуфтаи ӯ, ҳозир ӯ қариб бе истироҳат кор мекунад, то ки хароҷоти аз ҳама муҳимро рӯйпӯш кунад ва барои оилааш маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харад.
Ӯ эътироф мекунад, ки хатогии асосиаш дар он аст, ки пеш аз гирифтани қарз, ҳамаи хароҷоти имконпазирро ба инобат нагирифтааст.
“Фикр мекардам, ки барқ арзон аст ва дар як рӯз 7-8 соат кор мекунам, ки ҳам ба қарзу оила ва ҳам комиссияи ширкати хадамоти таксӣ мерасад, лекин маълум шуд, ки ғайр аз ин боз хидматрасонӣ ба мошин ва боз дигар хароҷот низ ҳаст, ки ман дар борааш ҳатто фикр намекардам. Гузашта аз ин, соли охир комиссияи ширкат ва арзиши барқ қариб ду баробар боло рафт ва метарсам, ки ин болоравии охир нест”, – мегӯяд ӯ.
Ӯ эътироф мекунад, ки намедонад боз чӣ қадар вақт бо чунин реҷа кор мекунад.
Ҳолати бо Акбар рухдода яке аз ҳазорҳост. Ҳарчи бештар одамон аз бонкҳо қарз гирифта, шартҳои онро то охир дарк намекунанд ва ба имконоти худ нодуруст баҳо медиҳанд. Қарзе, ки бояд воситаи беҳбуди зиндагӣ мешуд, бо гузашти вақт барои аксарият ба сарчашмаи фишори молиявӣ ва равонӣ, инчунин хавфи талафи амволи ба гарав гузоштаашон мешавад.
Ҳолати маъмулӣ
Таҳлилгари масоили молиявӣ Шаҳбоз Раҳимбеков, ки дар низомии бонкии кишвар тарҷибаи кории зиёд дорад, изҳор намуд, ки ҳолати зикршуда бозгӯи модели паҳншудаи рафтори қисмате аз қарзгирандагон дар Тоҷикистон аст: бисёре аз одамон ба сарбории молиявӣ ва арзиши воқеии қарз дуруст сарфаҳм нарафта, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи тезтар қарз дарёфт кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо пеш аз ҳама, сари қарзҳои истеъмолӣ сухан меравад, ки ҳиссаи назарраси сандуқи бонкиро ташкил медиҳанд. Чунин қарзҳо на барои рушди тиҷорат ё сармоягузорӣ, балки рӯйпӯш сохтани хароҷоти ҷорӣ, масалан маъракаҳои оилавӣ, таъмири хона, харидани мошин ё техника ва ҳаллу фасли мушкилоти маишӣ ё тиббӣ гирифта мешаванд.
Карикатура аз манбаъҳои боз
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), соли 2025 ҳиссаи қарзҳои истеъмолӣ дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 40,1%-ро ташкил додааст, ки 3,9 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба соли 2024 мебошад.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгар зикр мекунад, ки қисмате аз қарзгирандагон на ҳама вақт имконотти худро дар мавриди пардохти он ба назар мегиранд.
Ба қавли Раҳимбеков, вазъият бо он боз душвортар мешавад, ки меъёрҳои фоизии қарзҳои бонкӣ нисбат ба бисёре аз кишварҳои минтақа баландтар аст. “Дар муқоиса бо даромади маҳдуди аҳолӣ, ин масъалаи пардохти қарзҳоро мушкил месозад”, – чунин мешуморад номбурда.
“Баъзан қарзҳо ба номи хешовандон ё якбора дар якчанд ташкилоти молиявӣ гирифта мешаванд ё барои пардохти қарзи пешина қарзи нав мегиранд. Чунин тарҷиба хавфи ҷамъ шудани сарбории қарзро зиёд мекунад”, – мегӯяд ӯ.
Даромади аксарияти тоҷикистониён дар сатҳи миёна аст
Акс аз торнамои eurasischepresse.com.de
Меъёри фоизии миёнавазн аз рӯи қарзҳо дар соли 2025 бо асъори миллӣ 22,6% ва асъори хориҷӣ – 11,7%-ро ташкил дод. Меъёр бо асъори миллӣ дар муқоиса бо соли 2024 ба андозаи 0,5 банди фоизӣ боло рафта, бо асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монд.
Коршинос ҳамчунин ба мушкили саводнокии нокофии молиявӣ ишора мекунад. Ба гуфтаи ӯ, на ҳамаи қарзгирандагон чӣ гуна ташаккул ёфтани арзиши ниҳоии қарз бо шумули фоизу комиссия ва ҷаримаҳои эҳтимолӣ барои таъхирро то охир дуруст мефаҳманд.
“Дар натиҷа, – зикр кард ӯ. – Барои қисмате аз аҳолӣ қарз як тарзи хеле тези ҳалли мушкили молиявии ҷорӣ фаҳмида шуда, пайомадҳои дарозмуҳлати он дуруст арзёбӣ намешаванд”.
Ғайр аз ин, пешниҳод намуд мутахассис, шахсоне ҳастанд, ки ҳангоми гирифтани қарз ба бонк маълумоти носаҳеҳ медиҳанд. “Масалан дар маълумотнома (справка) аз ҷои кор маошашонро баланд нишон медиҳанд. Табиист, ки ин ҷо шуъбаи муҳосибот ҳам даст дорад. Онҳо ташвиш намекашанд, ки ин кор метавонад дар пардохти қарз мушкилиҳо ва дар ниҳояти кор ба талаф додани амволи гарав оварда расонад”, – иброз дошт ӯ.
Мувофиқи таҳқиқоти ширкати “М-Вектор”, ки бо дархости БМТ гузаронида шудааст, шохис (индекс)-и саводнокии молиявии аҳолӣ дар кишвар аз 41% дар соли 2020 ҳамагӣ то 51% дар соли 2024 боло рафтааст. Ин маънои онро дорад, ки қисмати зиёди қарзгирандагони имконпазир ҳоло ҳам мисли пешин метавонанд бо душвориҳо зимни пардохти қарз бар асари сатҳи нокофии саводнокии молиявӣ дучор шаванд.
Хавф ба ҳамаи низом
Раҳимбеков мегӯяд, қарзҳое, ки пардохт намешаванд, метавонанд на танҳо барои қрздиҳандагони алоҳида ва бонкҳо, балки тамоми низоми бонкӣ мушкил пеш оранд.
Мутахассис зикр кард, ки яке аз сабаҳои аслии буҳрони бонкии соли 2016 оғозгардида, сатҳи баланди қарзҳои мушкилдор аст. Ҳиссаи чунин қарзҳо дар сохтори сандуқи қарзии ташкилотҳо қарзии молиявӣ он замон ба иттилои БМТ, 47,6%-ро ташкил дода буд.
Мухтасар ёдрас мекунем, ки он замон атрофи як қатор бонкҳо дар бораи муфлисшавии эҳтимолӣ овозаҳо паҳн шуданд, ки миёни самҳмгузорон нигаронӣ ба бор оварда, онҳо ба таври оммавӣ баргардонидани пулҳояшонро талаб карданд. Аммо бонкҳо ин хел тез пулҳоро баргардонида наметавонистанд, зеро қисмати назарраси амонатҳо ба қарздиҳӣ равона шуда буданд.
Бонкҳои муфлисшуда
Коллажи Asia-Plus
Вазъиятро боз он душвортар месохт, ки пардохти қариб нисфи ин қарзҳо сурат намегирифт. Бонкҳо кӯшиш карданд, ки ба баргардонидани қарзҳо суръат бахшанд, то ки пули амонатгузоштагонро баргардонанд, лекин бар асари сатҳи баланди қарзҳои мушкилдор, ин кор ғайриимкон буд.
Дар натиҷа фишор болои низоми болнкӣ тақвият ёфта, иҷозатномаи ду бонки низомсоз («Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»), инчунин ду бонки миёна («Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк») бозхонд шуда, сипас ҷараёни маҷбурӣ барҳамдиҳии онҳо оғоз шуд.
Коршинос бар ин назар аст, ки ин буҳрон яке аз зарбаҳои хеле ҷиддӣ ба низоми бонкии кишвар шуда, эътимоди аҳолиро ба бонкҳо ба таври назаррас коста гардонид.
“Дар ҳамин ҳол, – илова намуд мутахассис. – чунин мушкилиҳои доимӣ қисман аз ҳолатҳои ҷудогонаи ба назар хусусӣ, ки шахсони алоҳида имконоти молиявии худро нодуруст баҳогузорӣ карда, қарз мегиранд, оғоз мешавад.
Чӣ гуна Бонки миллӣ ҳиссаи қарзҳои мушкилдорро кам кард
Бонки миллии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки тайи нуҳ соли ахир ҳиссаи қарзҳои пардохтнашуда дар сохтори сандуқи қарзӣ қариб 15 баробар коҳиш ёфт: аз 47,6% дар соли 2016 то 3,2% дар охири соли 2025.
То 31 декабри соли гузашта ҳаҷми умумии сандуқи қарзӣ 26,1 млрд сомониро ташкил дод, ки 22,2% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Аз ин маблағ 848,1 млн сомониаш ҳаҷми қарзҳое мебошанд, ки пардохт нашудаанд ё айни замон пардохташон иҷро намешавад.
Ба иттилои Бонки миллӣ, тибқи санадҳои меъёрии Тоҷикистон қарзҳо бо таъхири беш аз 30 рӯз қарзҳои пардохтнашуда шуморида мешаванд. Аммо дар таҷрибаи байнулмилалӣ таъхири зиёда аз 90 рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад.
“Бо мақсади ҳамоҳангсозии методикаи ҳисобу китоби ин нишондиҳанда бо таҷрибаи байнулмилалӣ, минбаъд қарзҳо бо таъхири беш аз 90 рӯз қарзҳои пардохтнашуда шуморида мешаванд”, – таъкид мекунанд дар БМТ.
Яъне ҳиссаи қарзҳои пардохтнашуда дар сатҳи 3,2% ин аз ҷумла натиҷаи тағйирот дар меъёрҳои қонунгузорӣ буда, мувофиқи методикаи кӯҳна ҳиссаи чунин ққарзҳо метавонад хеле зиёд бошад (мо дар шакли хаттӣ ҷиҳати саҳеҳ кардани ин маълумот рӯзи 25 феврал ба Бонки миллӣ муроҷиат кардем, лекин то ҳол посух нагирифтаем).
Дар Бонки миллӣ таъкид месозанд, ки барои рӯйпӯш сохтани талафоти эҳтимолӣ аз рӯи қарзҳои пардохтнашуда фонди махсус дар ҳаҷми 1,1 млрд сомонӣ таъсис дода шуд, ки 27,2% зиёдтар аз маблағи қарзҳои пардохтнашуда мебошад.
Ба ин тариқ, илова мекунанд дар БМТ, сарфи назар аз афзоиши умумии қарздиҳӣ, беҳтар шудани нишондиҳандаҳо оид ба қарзҳо ва таъсиси захираҳои иловагӣ, таҳкими суботи молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд.
Сифати сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон
Қарзҳои пардохтнашуда ё худ нетто (ҷараёни пардохташон сурат намегирад) қарзҳо бо ба ҳисоб нагирифтани талафоти эҳтимолӣ мебошанд.
Чӣ тавр бояд қарз гирифт, то ки пушаймон нашавед.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ба масъалаи қарз бояд эҳтиёткорона муносибат кард, бахусус агар шумо дар ин кор таҷрибаи кофӣ надошта бошед. Қарз уҳдадории ҷиддии молиявӣ буда, пеш аз ба худ вогузор намудани уҳдадории қарзӣ, донистани ҳамаи паҳлӯҳои он муҳим аст.
Мо тавсияҳои соддаву осон ва фаҳморо, ки ба шумо ҷиҳати огоҳона тасмим гирифтан ёрӣ мерасонанд, ҷамъоварӣ кардем.
Барои ба хатогиҳо роҳ надодан, ин маслиҳатҳои муҳимро ба инобат гиред.
1. Танҳо барои корҳои муҳим қарз гиред. Пеҳ аз гирифтан фикр кунед, ки он ба шумо барои чӣ лозим аст. Шояд роҳе бошад, ки бе он ҳам коратон иҷро шавад, то ки минбаъд пули зиёдатӣ пардохт накунед.
2. Шартҳои қарордодро омӯзед. Пеш аз имзои шартнома ҳисоб кунед, ки чӣ қадар зиёдтар пардохт мекунед. Агар пардохтҳои моҳона, ҳатто начандон зиёд ба хеле барзиёд пардохт шудани маблағ оварда мерасонида бошанд, фикр кунед, ки оё меарзад, ки розӣ шавед.
3. Имконоти молявии худро хунсардона арзёбӣ кунед. Дар хотир дошта бошед, ки қарзро ҳар моҳ пардохт мебояд кард, сарфи назар аз мушкилиҳои молиявии шумо. Пардохтро иҷро накардан мумкин нест, вагарна ҷарима мешавед.
4. Шартномаро бодиққат омӯзед. На танҳо ба рақамҳои бузург, балки ба навишта ё шрифтҳои хурд ҳам таваҷҷуҳ диҳед. Ин чизи ба назар на он қадр намоён, баъдан метавонад ҳаёти шуморо душвор созад. Дар сурати ҳатто пайдо шудани хурдтарин шубҳа ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед.
5. Аз ҳад зиёд қарз нагиред. Нисбат ба якчанд қарзи хурд, беҳтараш якто қарз гиред, ки пардохт карда тавонед. Чӣ қадре ки маблағи қарз хурдтар бошад, меъёри фоизаш маъмулан баланд ва баръакс, чӣ қадре, ки маблағи қарз зиёд бошад, меъёраш метавонад пасттар бошад.
6. Бо кортҳои қарзӣ эҳтиёткор бошед. Онҳо ба шумо барои дастрасӣ ба маблағҳои калон имкон медиҳанд, лекин метавонанд ба қарзи дарозмуҳлат оварда расонанд, агар вазъи молиявии шумо бад шавад.
7. Қарзҳои хурд (микрокредитҳо) ва экспресс-қарзҳо. Дар ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон фоизҳои қарз метавонанд хеле баланд бошанд. Аз шахсони воқеӣ умуман қарз гирифтанро тавсия намедиҳем, зеро онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд.
Чӣ метавон кард, агар қарз гирифтед, лекин пардохт кардан наметавонед?
Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки пардохтан ё худ баргардонидани қарз душвор мешавад. Агар чунин ҳолат пеш ояд, аз бонк пинҳон нашуда, роҳи ҳалли мушкилро биҷӯед.
1. Бо бонк тамос гиред. Агар вазъи молиявии шумо душвор шуда бошад, бонк метавонад вариантҳо пешниҳод кунад. Дар Тоҷикистон агар шумо ҳуҷатҳоеро дошта бошед, ки мушкил доштанатонро тасдиқ кунанд (масалан, маълумотнома дар бораи аз даст додани ҷойи кор ё камшавии даромад), имкон ҳаст, ки шартҳои қарз тағйирдода шаванд ё худ бозбинӣ шаванд.
2. Таътили қарзӣ. Агар даромади шумо ба андозаи 30% кам шуда бошад, бонк ба шумо метавонад таътил диҳад, яъне таъхири пардохтҳои қарз ба муҳлати якчанд моҳ.
3. Муфлисшавӣ. Агар маблағи қарз ниҳоят зиёд шавад, метавон ба анҷоми расмиёти муфлисшавӣ рӯ овард. Барои ин ба шумо лозим аст исбот намоед, ки барои баргардонидани қарз амвол надоред.
Акси марбута аз торнамои gazeta.a42.ru
Хулосаҳо
Қарз уҳдадориест, ки беҳтараш дар вақти зарурати шадид гирифтан лозим аст. Пеш аз гирифтани қарз, дурустакак ва ҷиддӣ фикр кунед, ки оё шумо даромади устувори баланд доред ва оё хавфҳо вуҷуд надоранд. Фаҳмидани шартҳои қарз ба мушкилоти молиявӣ дучор шуданро пешгирӣ мекунад.
Дар хотир дошта бошед, ки қарз хароҷоти доимӣ аст, ба мисли хӯрок харидан. Дар харидани ғизо сарфа кардан имкон дорад, лекин дар пардохтҳои маблағи қарз сарфа кардан муяссар намешавад.
Агар шумо ба имконоти молиявии худ бовар надошта бошед, пас сари ин саволҳо андешидан мувофиқи мақсад аст:
– шумо барои хароҷоти ногаҳонӣ ё худ ғайриинтизор захираи пул доред?
– оё кори шумо доимӣ ва устувор аст?
Агар ҳадди ақалл ба яке аз ин саволҳо ҷавоби манфӣ ё худ “не” бошад, пас беҳтараш аз қарзгирӣ даст кашидан лозим аст.



