Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

asia+

Раисҷумҳури Русия Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро имзо кард ва он дар махзани расмии иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.

Дар бораи анҷоми расмиёти тасвиби ин ҳуҷҷат дар Русия хабаргузории ТАСС хабар додааст.

Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд. Он ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, иҷозат медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик муоинаи тиббиро танҳо дар Русия мегузаранд. Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) дар Русия аст.

Аммо таъкид мешавад, ки ташхиси тиббӣ дар ниҳоди ваколатдори Вазорати тандурустии Русия дар Тоҷикистон ва бо пардохти музд анҷом дода шавад. Танҳо пас аз ин, ин ниҳоди ваколатдор шаҳодатномаи эътирофшуда дар Русияро медиҳад. Шаҳодатнома бо забони русӣ таҳия ва нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон ягон муассисаи тиббии ваколатдори Вазорати тандурустии Русия фаъолият надорад, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки он дар яке аз муассисаҳои тиббии кишвар таъсис дода мешавад.

Пештар аз ин парлумони Тоҷикистон низ ин созишномаро ба тасвиб расонида буд.

 

Нархи ташхиси тиббӣ чанд аст?

Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни муаррифии созишнома дар ҷаласаи парлумон гуфт, дар сурати қабули созишномаи мазкур, шаҳрвандони кишвар метавонанд муоинаи тиббиро дар ҳудуди Тоҷикистон бо пардохти 240 сомонӣ  (бахши хусусӣ – 300 сомонӣ) “дар муассисаҳои интихобшуда” гузаранд.

Саломуддин Юсуфӣ
Акс аз саҳифаи фейсбуки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Вале ӯ нагуфт, ки муассисаҳои интихобшуда кадомҳоянд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нуқтаи тиббӣ дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе таъсис меёбад ва дар асоси қонунгузории Русия кор карда, Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад.

Ба иттилои Юсуфӣ, ин хидматрасонӣ дар ҳудуди Русия аз 8 то 10 ҳазор рубл (тақрибан 960-1200 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) арзиш дорад.

“Агар шаҳрванди Тоҷикистон бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи саломатиаш ва мусофирати муваққатӣ ба Русия мубталои бемории ВНМО ё сил пас аз муоинаи тиббӣ ошкор шавад, дар бисёр маврид онҳо табъид (депортатсия) мешаванд”, – гуфт муовини вазир.

Ба қавли ӯ, яке аз далоили қабули созишномаи мазкур низ пешгирии саривақтӣ аз чунин ҳолатҳо буда, лоиҳаи созишнома бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва муҳоҷират, Оҷонсии зиддифасод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук мувофиқа шудааст.

Бояд зикр кард, ки қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, хароҷоти зиёди молиявӣ дар пай дошт ва теъдоде бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас гардонида мешуданд.

Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад “ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст”.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши “патент” ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?

Русия назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, интернетро рӯз аз рӯз пурзӯр мекунад ва ин барои муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки аз...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...