Русия назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, интернетро рӯз аз рӯз пурзӯр мекунад ва ин барои муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки аз Тоҷикистон ҳастанд, мушкилот пеш меорад. Аз нимаи моҳи феврал инҷониб дар Русия WhatsApp ва YouTube комилан масдуд шудаанд ва акнун Telegram низ масдуд мешавад.
Дар чунин ҳолат, муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо наздиконашон дар тамос бошанд?
Талош кардем чанд тавсия муфид диҳем.
Истифода аз VPN
WhatsApp ва Telegram воситаҳои муҳим барои муҳоҷирон боқӣ мемонанд, аммо азбаски онҳо дар Русия масдуд шудаанд, роҳи ягонаи истифода аз онҳо VPN аст. Бо истифода аз VPN, шумо метавонед ба сервере дар кишвари дигар пайваст шавед ва истифода кунед. Аммо дар хотир бояд дошт, ки хадамоти VPN барои кори дурусти WhatsApp ва Telegram пулакӣ аст.
VPN-ҳои ройгон аксар вақт ноустуворанд – онҳо метавонанд ҳар лаҳза аз кор бозмонанд ва ин ба сифати зангҳо, хусусан ҳангоми зангҳои наворӣ таъсири бад мерасонад.

VK (VKontakte)
VK дар Русия масдуд нашудааст ва онро барои муошират бо наздикон, аз ҷумла зангҳои овозӣ ва видеоӣ истифода бурдан мумкин аст. Барнома бидуни ниёз ба VPN боэътимод кор мекунад. Ин VK-ро ба як воситаи қулай барои муҳоҷироне табдил медиҳад, ки бояд бо оилаҳои худ муошират дошта бошанд.
VK на танҳо паёмнависӣ, балки ҳамгироиро бо дигар хидматҳо, аз қабили мундариҷаи видеоӣ, мусиқӣ ва хабарҳо низ пешниҳод мекунад. Аммо, бояд дар хотир дошт, ки дар баъзан кори он қатъ мешавад ва ин ба сифати зангҳои видеоӣ таъсир расонад. Дар хотир бояд дошт, ки ин шабакаи иҷтимоии Русия аст ва табиист, ки зери назорати пурраи мақомоти ин кишвар қарор дорад.
IMO
IMO як барномаи дигар аст, ки бе VPN кор мекунад. Тавассути он ҳам метавон зангҳои овозӣ ва видеоиро бо сифати хуб роҳандозӣ кард. IMO як василаи осони тамос аст, чун талаботи зиёд барои истифода надорад.
MAX
Паёмрасони русии MAX низ як васила барои муошират аст. Ин паёмрасон ба VPN ниёз надорад ва ҳамчунин, бисёр осон насб ва фаъол карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки барои бақайдгирӣ дар MAX маҳдудиятҳои муайян мавҷуданд. Шумо бояд SIM-корти Русия (+7) ё SIM-корти Беларус (+375)-ро истифода баред.
Ин маънои онро дорад, ки бақайдгирӣ бо SIM-корти хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Пас аз бақайдгирӣ, шумо метавонед барномаро дар хориҷа бо пайваст шудан ба SIM-корти маҳаллӣ ё Wi-Fi барои дастрасӣ ба интернет истифода баред.
Аммо боз ҳам дар хотир бояд дошт, ки ин паёмрасони Русия аст ва табиист, ки зери назорати пурраи мақомоти ин кишвар қарор дорад.
Зангҳои мустақим
Роҳи дигар, вале гаронтар ин истифодаи алоқаи маъмулӣ – занг тариқи телефон ё паёмак (SMS) аст.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон чӣ пешниҳод мекунанд?
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳам чанд замимаи алоҳидаро барои тамос бо кишварҳои хориҷа, махсусан Русия пешниҳод мекунанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд бо истифода аз онҳо бо наздиконашон дар тамос шаванд.
Барои бисёре аз ин замимаҳо доштани симкорти ҳамон ширкате лозим аст, ки шумо аз замимаи он истифода мебаред. Танҳо “МегаФон Life” истисно аст.
“MobiГап” аз “Babilon-Mobile”
Ин замима ба занги ройгон ва гуфтугӯ тариқи видео бо дигар корбарони “MobiГап” имкон фароҳам меорад. Агар ба рақамҳои одии Тоҷикистон занг занед, таърифаҳо (тарифҳо) хеле пастанд: наздики 10 дирам барои 1 дақиқа дар дохили шабака ва каме зиёдтар ба дигар операторон.
Замима бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ кор мекунад, вале барои бақайдгирӣ симкорти “Babilon-Mobile” лозим аст.

“Чӣ Гап?” аз “Tcell”
Воситаи қулайи дигар замимаи “Чӣ Гап?” аст. Тариқи он метавон дар дохили замима бепул занг зад, вале 1 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои “Tcell” тақрибан 10 дирам ва ба дигар операторон ҳудуди 12 дирам аст.
Бақайдгирӣ танҳо ба воситаи симкорти “Tcell” имконпазир буда, сифати зангҳо маъмулан хуб аст.
“Салом” аз “ZET-Mobile”
“Салом” ба гуфтугӯи ройгон байни корбарони замима имкон медиҳад. Зангҳо ба рақамҳо дар дохили шабака ҳудуди 10 дирам ва ба дигар шабакаҳо 18 дирам нарх доранд.
Замима миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Туркия, ИМА ва Олмон маъруфу писандида аст. Агар мехоҳед, ки тез-тез ба хона занг занеду алоқа усутвор бошад, истифодаи он бароҳат аст.
“МегаФон Life” бо ҳама симкортҳо кор мекунад
“МегаФон Life” ҳатто бо симкортҳои дигар операторони Тоҷикистон кор мекунад, ҳарчанд корбурди комили он аз ҳама бештар барои муштариёни “MegaFon” дастрас аст. Дар дохили замима зангҳо ройгон буда, инчунин корбурдҳо (функсияҳо)-и иловагӣ низ дастрасанд: интиқол, кэшбэк ва идораи таърифаҳо. Ин барои касоне, ки ҳамаашро дар як замима дидан мехоҳанд, бароҳат аст.
Чанд маслиҳат барои муҳоҷирон
– Агар наздикону пайвандонатон дар Тоҷикистон қарор доранд, пас замимаи оператори худатонро истифода баред. Ин арзонтар ва қулайтар аст;
– Агар наздикону пайвандонатон дар Русия зиндагӣ кунанду симкорти Русия дошта бошанд, пас симкорти Тоҷикистон харидан беҳтар аст;
-Гузинаи ҳамагонӣ (универсалӣ) ва беҳтар “МегаФон Life” аст. Он бо ҳама гуна симкорт кор карда, зангу интиқол ва идоракунии таърифаҳоро дар бар мегирад;
– Паёмрасони русии “MAX”-ро боргирӣ ва истифода кунед.



