Аз оғози ҷанги Амрико ва Исроил ба зидди Эрон инак чаҳор ҳафта мегузарад. Бар асоси ривоятҳои расмии Вашингтон ва Телавив, он чи дар амал дунбол мешавад аз байн бурдани барномаи ҳастаӣ, нерӯҳои дарёӣ ва куштори раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ ва дар ниҳоят тағйири низом дар Эрон аст. Амрико ва Исроил ба яке аз аҳдофи муҳими худ – куштани раҳбарони аршади Эрон аз ҷумла Алӣ Хоманаӣ ва Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон, расиданд. Ҷумҳурии Исломӣ гарчӣ аз чунин ҳамла такон хурдааст, аммо роҳбурди ҷанги давлати Эрон ҳанӯз аз байн нарафтааст ва бо барномаи мушаххас омодаи ҷанги тӯлонӣ аст.
Афзун бар ин, куштори дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон ва Исмоил Хатиб, вазири иттилооти Эрон заруратан боиси шикасти давлати Эрон нахоҳад шуд. Зеро дар сурати кушта шудани раҳбарони калидӣ, аз пеш тарҳрезӣ шуда, ки ихтиёрот ва тасмимгирии мустақилтар дар шароити ҷанг ба воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Эрон вогузор мешавад.
Ба аксарият асли ин қазия маълум ва рӯшан аст, ки тағйири низом ва ба истилоҳ “озодӣ” овардан ба Эрон дар воқеъ тахрибу вайронии зерсохтори кишвар, зиндагии мардум, осори таърихӣ, талафот ва аз байн бурдани якпорчагии Эрон аст. Ҳоло Созмони итилоотии марказии Амрико (CIA) бо талош барои мусаллаҳ кардани мухолифони курд, раванди латма задан ба якпорчагии Эронро оғоз кардааст.
Дар рӯзҳои аввал, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил ба ин бовар буданд ки баъди ҳамла ва тазъифи Ҷумҳурии Исломӣ роҳ барои сарнагунии ҳукумат аз тарафи мухолифони давлат боз мешавад, аммо ҳар фурсате, ки барои ин иқдом вуҷуд дошт, дигар аз байн рафтааст. Тасмими ҳамла ба Эрон пеш аз он, ки бар муҳосиботи оқилона ва итиллоотӣ устувор бошад, зоҳиран бар чунин гумону умед такя доштааст, ки давлати Эрон зуд шикаст мехӯрад.
Ин гуна гумонҳо албата дур аз воқеъият ҳастанд, зеро Ҷумҳурии Исломӣ дар дохили Эрон ҳеҷ нерӯи мухолифи созмонёфта ва мусаллаҳ (феълан) надорад.
Рӯйдодҳои Венесуэла – амалиёти низомии Амрико дар Корокос ва рубудани раисҷумҳури он кишвар, Никулос Модуро – ба назар мерасад Трампро ба ин бовар расонда, ки амалиёти мушобеҳеро дар муқобили Эрон метавон дар муддати кутоҳ ба анҷом расонд. Вале нуктаи калидӣ ин аст ки барномаи ҳамлаи Трамп қарор буд сареъ, кутоҳмуддат ва маҳдуд бошад ва зоҳиран роҳбурди мушахасс ва дақиқе дар сурати тулонӣ ва густардатар шудани ҷанг, ба вижа, аз назари сиёсӣ мулоҳиза нашудааст.
Исроил таҳаммули бештаре дар ҷанг бо Эронро дорад ва натиҷаҳои назарсанҷии як маркази пажӯҳишии Исроил низ нишон медиҳад, ки 82% аҳолии Исроил ҷонибдори ҷанг бо Эрон аст.
Вале дар муқоиса бо Исроил, шароити сиёсӣ дар Амрико мутафовит аст ва интизор меравад фишорҳои зидди ҷанг бар раёсати Трамп афзоиш ёбад. Ҷанги густарда ва дарозмуддат бо Эрон дар дохили Амрико номатлуб ва нописанд аст. Яке аз муҳимтарин шиорҳои интихоботии Трамп поён додан ба мудохилоти Амрико дар хориҷ аз кишвар буд, вале сиёсати ҷангҷӯёнаи вай дар амал на танҳо бо ваъдаҳои сулҳҷуёнааш дар тазод қарор гирифта, балки ба коҳиши бештари эътибораш дар дохили Амрико низ анҷомидааст. Илова бар ин, ҳоло тақрибан 60% Амрикоиҳо зидди ҷанг бо Эрон ҳастанд.
Осебпазирии зерсохторҳои нафтӣ
Эрон дар баробари фишорҳои сангини Амрико ва Исроил бар хилофи аҳдофи Трамп амал мекунад ва дар пайи густариши доманаи ҷанг ва агар ниёз бошад, тулонӣ кардани он аст. Ҳамон тавре ки пештар зикр шуда буд, Трамп таваққуъ дошт, ки ҷанг кӯтоҳ ва доманаи он маҳдуд мемонад ва метавонад аз пайомадҳои осебовари он бар минтақа ва иқтисоди ҷаҳониро барвақт ҷилавгирӣ кунад. Аммо ҳоло осеб бар суботи минтақа ва иқтисоди ҷаҳон дигар ворид шудааст. Эрон тавонистааст ҷараёни тиҷории нафтро дар Тангаи Ҳурмуз қариб ба таври комил қатъ кунад. Қабл аз ҳамла ба Эрон ҳудуди 20% нафти ҷаҳон аз ин гузаргоҳ мегузашт. Дар ҳоли ҳозир рафту омади киштиҳо ба шиддат коҳиш ёфта ва дар пайи он қимати ҷаҳонии нафт низ боло рафтааст.
Бо вуҷуди бомбборони Эрон ва куштани раҳбарони аршад тарафи муқобил ҳануз натавонистааст бар Тангаи Ҳурмуз тасаллут дошта бошад. Вале ҳамлаи Исроил ва Амрико бар таъсисости нафтии ҷанубии Эрон ва ҳамчунон эҳтимоли ҳамла ба ҷазираи Хорки Эрон дар Халиҷи Форс – ки пойгоҳи ҳаётӣ барои содироти ҳудуди 90% нафти Эрон ба шумор меравад – метавонад шиддати ҷангро ба маротиб афзоиш диҳад. Дар чунин шароит, посухи Эрон ҳамлаҳои бештар ба зерсохторҳои нафти кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс хоҳад буд.
Густариши доманаи ҷанг бар кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз суйи Эрон бе далел нест. Зеро ки ташдиди даргириҳо метавонад суботи ин кишварҳоро барҳам занад ва онҳоро водор кунад то Трампро барои поён додани ҷанг таҳти фишор қарор диҳанд.
Роҳбурди Эрон ва нақши сиёсати дохилии Амрико дар ҷанг
Дар паҳлӯи густариши доманаи даргирӣ, омодагии Эрон барои ҷанги дарозмуддат ва фарсоишӣ метавонад ҳазинаҳои сиёсӣ ва равонӣ бар раёсати Трамп ворид кунад, чун ки афкори умумии Амрико таҳамули ҷанги беҳударо надорад (магар ин ки Тромп ногаҳон тасмим бигирад ҷангро хотима диҳад ва онро ҳамчун як пирӯзӣ ҷилва диҳад). Аз манзари сиёсати дохилии Амрико низ шароит дар ҳоли тағйир аст. Эҳтимоли пирӯзии демократҳо дар интихоботи миёндавраӣ (итихиботи намояндагон дар Кунгура/Конгресс) махсусан ба хотири ҷанге ки Трамп оғоз кардааст, бештар хоҳад шуд ва бо ин тағйирот мумкин аст фишорҳои демократҳо барои хотима додани ҷанг бештар шавад.
Эрон амалан барои ҷуброни камбудиҳои тавонои низомии худ дар баробари ду қудрати ба маротиб қавитар ба ҷанги ноҳамтароз рӯй овардааст. Руйкарди ноҳамтароз навъи ҷангест, ки дар он тарафи заъифтар бо равишҳо ва абзорҳои номутаъориф (ғайриодӣ) мекӯшад бартарии низоми тарафи қавитарро хунсо созад. Масалан, тасмимгирии номутамаркизи низомиён баъди кушта шудани раҳбарони аршад, истифодаи паҳподҳои камҳазина ва фаъол сохтани Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Ҳусиҳо дар Яман ва гурӯҳҳои шиъа дар Ироқ намунаҳои боризи ин руйкард дар ҷанг мебошанд.
Вале Ҷумҳурии Исломӣ наметаванад танҳо дар майдони даргириҳои низомӣ Амрико ва Исроилро шикаст диҳад, ҳарчанд роҳбурди ҷанги паҳподии Ҷумҳурии Исломӣ харҷу ҳазинаҳои дифоъии сангинеро бар души тарафи муқобил гузоштааст. Бинобар ин, вокуниши роҳбурдии Эрон танҳо маҳдуд ба майдони ҷанги низомӣ нест, балки ҷанбаи сиёсӣ ва равониро низ дар бар мегирад. Ҳадафи он ворид кардани ҳазина ва фишори сиёсӣ ва равонӣ дар дараҷаи аввал бар риёсати раисҷумҳури Амрико аст. Вале ин роҳбурд тоқат ва тобоварии бештар талаб мекунад, зеро Амрико ва Исроил фишорҳо ва талафоти сангинтаре бар Эрон хоҳанд ворид кард.
То кунун, Ҷумҳурии Исломӣ таҳаммул ва тобоварии худро дар баробари фишорҳо ба исбот расондааст ва аз талоши худ барои густариши доманаи ҷанг ва тулонӣ сохтани он даст намекашад, чун ки раҳбарон феълии он ҳам эҳтимолан ба ин боваранд, ки Трамп таҳаммули ҷанги дарозмуддатро надорад. Ҳатто агар раисҷумҳури Амрико тасмим ба шурӯъи амалиёти заминӣ кунад ва омодагии ҷанги тӯлони ҳам дошта бошад, талафоти низомиёни амрикоӣ ва дар пайи он ҳазинаи сиёсии он ба нафъи раёсати вай нахоҳад буд. Зеро дар сурати ташдиди бештари ин ҷанг талафоти низомиёни амрикоӣ дар борабари ҷангҳои гузаштаи ин кишвар дар Ветнам, Ироқ ва Афғонистон ба маротиб бузургтар хоҳад буд ва ҷомеаи Амрико таҳаммули ин гуна қурбониҳоро надорад.
То ҳоло ҳеҷ роҳбурди рӯшан ва ҳамоҳангшуда дар ин ҷанг аз суйи давлати Амрико ба ҷуз истифода аз зӯр ва таҳдидҳо алайҳи Эрон матраҳ нашудааст. Вале дар муқоиса бо Амрико, Исроил дар ин ҷанг аҳдофи рӯшан ва возеҳ дорад ва мехоҳад охарин давлатеро ки мухолифи низоми опортоиди Исроил аст, нобуд кунад. Натаняҳу бо муваффақият тавонист Трампро ба ҷанг бо Эрон кашад ва ҳамон тавре ки қаблан ишора шуда буд аз ҳимояти аксарият дар дохили Исроил бархурдор аст.
Аммо ҷомеъаи Амрико ба чунин ҷангҳо ҳасосияти бештар дорад ва ёфтани баҳонаҳои нав барои идомаи ин ҷанг душвортар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, аз назари Ҷумҳурии Исломӣ баҳрагирӣ аз нуқтаҳои заъфи раёсати Трамп ва берун андохтани Амрико аз майдони набард дар авлавият қарор дорад, зеро Исроил ба танҳоӣ тавони пирӯзӣ дар ин ҷангро надорад.
Фарҷом
Танҳо як тасмими носанҷида ва шитобзада бидуни роҳбурди мушахасс аз сӯйи Трамп кофӣ буд ки акнун раванди бозандешии ҷиддии тамоми меъмори амниятии таҳти султаи Амрико дар минтақа ва сатҳи ҷаҳон оғоз шавад. Илова бар ин, афзоиши нархи колоҳои асосӣ, ба вижа, маводи сӯхт дар Амрико аз паёмадҳои ҷанги Амрико бар зидди Эрон ба шумор меравад. Ин омил метавонад боъиси тазъифи эътимоди Трамп дар дохили Амрико ва дар охир нокомии сиёсати ҷанг бо Эрон шавад. Дар ин чорчӯб, ҳарчи ҷанг тӯлонитар шавад, ҳамон қадар ҳазина ва зиёни сиёсӣ бар Трамп бештар хоҳад шуд.
Муҳосиботи Ҷумҳурии Исломӣ бар пояи арзёбиҳои ақлонӣ ва мантиқӣ ва воқеъиятҳо ва осебпазириҳои тарафи муқобил шакл гирифтааст. Бо вуҷуди фишорҳо ва талофоти бузургтар роҳбурди Эрон санҷида, фарогир ва дар шароити муносиб метавонад бар нафъи он анҷомад. Аммо ҷаҳон ҳануз марҳилаи оғози ин ҷангро мушоҳида мекунад ва эҳтимолӣ тӯлонитар ва густардатар шудани он зиёд аст. Дар пайи он мо шоҳиди омилҳои печидатар ва ғофилгиртаре хоҳем шуд ва аз ин рӯ, пешбинии дақиқи масири ин ҷанг душвор аст.
Ҷумҳурии Исломӣ пас аз кушта шудани раҳбарони аршад рӯй ба тасмимгирии номутамаркиз овардааст то ки нерӯҳои мусаллаҳ битавонанд дар замони кӯтоҳ тасмимҳои муҳими ҷангро, бидуни такя бар сатҳои олии раҳбарӣ, бигиранд. Ҳамзамон, куштори пай дар пайи раҳбарони аршади Эрон дар замони пуртаниш ва бӯҳронӣ метавонад бисёр хатарнок бошад. Чун ки ингуна зарбаҳо дар шароити ҷанг метавонад ҳамоҳангӣ ва инсиҷоми сохтори низомро барҳам занад. Ба ҳамин далел, мувафақияти роҳбурди Эрон ба сатҳи таҳаммул ва инъитофпазирӣ дар баробари фишорҳои фазояндаи Амрико ва Исроил вобастагӣ дорад
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси “Азия–Плюс” огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



