ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии русии ба номи Маяковский (дар бинои Театри Лоҳутӣ) намоиши “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 35 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи Сино чорабиниҳои наврӯзӣ доир мегарданд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон бо сафари аввалини расмӣ ба Муғулистон рафт, ки дар ҷараёни он панҷ ҳуҷҷати ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон ба имзо расид.
Соли 2012 – Дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) баргузор гардид.
Соли 2019 – Аввалин хадамоти хусусии почта бо номи “Почтаи Аср” ба фаъолият оғоз намуд, ки доираи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла, интиқоли баставу боркашониро фаро мегирад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1906 – Зодрӯзи Қулмамад Элназаров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шуравӣ.
Қулмамад Элназаров яке аз ҳунармандони маъруфи Бадахшон буда, дар соли 1933 мактаби партиявию советии шаҳри Хоруғро хатм кардааст. Солҳои 1942-1972 дар муассисаҳои мадании ноҳияи Рӯшон ба сифати мудири шӯъбаи маданият, директори Хонаи маданият, мудири клуб, роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъат заҳмат кашидааст.
Асбобҳои мусиқии миллиро хуб менавохт ва оҳангҳои дилпазир эҷод намудааст. Аз ҷумла “Фалаки Помир”, “Ошиқам”, “Меҳнат шараф аст”, “Гул бе рухи ёр”, “Зиндагӣ”, “Боди шӯрта”, “Афсона нест” барин таронаҳояш аз намунаҳои беҳатрини эҷоди ӯ мебошанд.
Соли 1942 – Зодрӯзи Салим Мирзоев, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1957 – Мавлуди Гулчеҳра Иноятова, пианинонавози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Гулчеҳра Иноятова яке аз пианинанавозони маъруфи тоҷик аст, ки бо иҷрои асарҳои композиторони тоҷик шуҳрат касб кардааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский буда, солҳо он ҷо маҳорати касбиашро такмил додааст.
Баъдан солҳо дар кафедраи фортепианои махсуси Донишкадаи давлатии санъат ба номи Турсунзода, Институти давлатии мусиқӣ-педагогии Тамбов ба номи С.В.Рахманинов фаъолият дошт.
Шурӯъ аз соли 2010 дар кафедраи фортепианои махсуси Университети педагогии Чини Ҷанубӣ фаъолиятро ооз кард ва профессори ин донишгоҳ аст.
Соли 1957 – Зодрӯзи Ҷурахон Маҷидзода, ҳуқуқшинос, генерал-майори милитсия.
Ӯ чанд сол дар мансабҳои роҳбарикунанда дар ВКД кор кардааст ва як муддат вакили парлумон ҳам буд.

Дар соли 1995, як сол баъди фаъолият ҳамчун сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон таъин шуд ва як сол дар ин мансаб кор кард. Дар соли 1996, қариб як сол сардори РВКД дар вилояти Хатлон буд.
Аз соли 1996 то соли 1997 муовини Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, аз соли 1997 то соли 1999 муовини раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2001 муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2007 сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт будаи ВКД Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин, ду сол (2007—2009) сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Тоҷикистон, се сол, (2009—2011) намояндаи Ваколатдори ВКД Тоҷикистон (Муовини директор) дар бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар ИДМ, ду сол (2011—2013) сардори Раёсати Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон ва ду соли дигар (2013—2015) сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон убд.
Аз соли 2015 то 2020 аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 вакили парлумон буд.
Соли 1967 – Зодрӯзи Саидзода Сунъатулло, раиси шаҳри Роғун.
Соли 1968 – Мавлуди Имонқул Бӯриев, олим, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.
Соли 1972 – Зодрӯзи Абдураззоқ Раззоқов, олим, риёзидон, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1975 – Зодрӯзи Бахтиёр Қутбиддин, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бахтиёр Қутбиддин (Абдулмумин Қутбиддинов) хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро соли 1999 ҳамчун омӯзгори ҳамин донишгоҳ оӯғоз намудааст. Сипас Ассистенти кафедраҳои матбуот, рӯзноманигории байналхалқӣ ва аз соли 2008 дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ буд. Аз моҳи апрели соли 2015 то марти соли 2016 ҳамчун муовини декан оид ба таълим ва аз моҳи марти соли 2016 чун мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ фаъолият кардааст.
Ҳоло декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистн аст.
Ӯ тӯли фаъолияти худ 6 китоб, беш аз 40 мақолаи илмӣ ва 300 мақолаи оммавӣ таълиф кардааст.
Соли 2022 – Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия даргузашт.

Раҷаб Ҳусейнов хатмкардаи Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошканд буда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри Лоҳутӣ оғоз намуда, то соли 1998 дар ин театр ҳунар озмуд. Соли 1998 ба Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский омад.
Ӯ қариб дар шаст намоиши театрӣ, аз қабили “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дод аз дасти ақл”, “Роҳзанон”, “Маро тарк макун”, “Сарбозони инқилоб”, “Шаби охирини Суқрот” нақшҳои муассир иҷро кардааст.
Ҳамчунин, вай дар синамо қариб 50 нақш офаридааст. Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Ӯзбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. “Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Ҷумъаи ҳафтум”, “Хӯҷаини об”, “Робита”, “Субҳи Ганг”, “Тӯфон дар водӣ”, силсилафилми телевизионии “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” намунаҳои гуногуни нақшофарии ӯ дар синамоянд.
Номбурда 26-уми марти соли 2022 дар синни 80 даргузашт.
Соли 2024 – Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи тоҷик дар 85-солагӣ даргузашт.

Муҳиддин Хоҷазод дар шаҳри Ставрополи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба онҷо бадарға карда буданд.
Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва шаш моҳи асоратро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашт ва сипас ба Самарқанд кӯчид.
Дертар боз ба Тоҷикистон баргашту ба кораш идома дод.
“Нони ҳалол”, “Нишони муҳаббат”, “Об – рӯшноӣ” ва “Кӯҳ бе варта нест” аз ҷумлаи осори ӯст. Аз соли 1965 узви Иттиҳоди адибон ва аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.
Ӯ соли 2020 ҳамроҳи чанд узви оилааш ба бемории COVID-19 гирифтор шуда ва ҳамсару келинашро аз даст дод.
Худаш дар пайи табобати дарозмуддат шифо ёфт, аммо, ба нақли пайвандон, таъсири беморӣ ба узвҳои дигараш осеби ҷиддӣ расонд. Ӯ 26-уми марти соли 2024 дар 86-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 2003 дар сайёраи Миррих баҳри бузурги яхбаста кашф гардид. Ба ақидаи олимон, тахминан 5 миллион сол пеш ин минтақа бо масоҳати 800×900 км зери об монда, сипас ях бастааст ва дар болои он қабатҳои гуногун ҷамъ шудаанд.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон “Рӯзи бунафш” (Purple Day) таҷлил мегардад. Ин як чорабинии байналмилалии ҳамасола мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба бемории эпилепсия аст.
Соли 1828 дар ин рӯз ягона консерти муаллифии Франс Шуберт, композитори машҳури австриягӣ баргузор гардид. Вай камтар аз 32 сол умр дид ва аз Бетховен як насл ҷавонтар буд ва ҳамагӣ баъди якуним соли марги ӯ даргузашт.
Бо вуҷуди умри кӯтоҳаш, Шуберт беш аз ҳазор асар эҷод кардааст. Шуҳрати истеъдоди ӯ маҳз аз ҳамин консерт, ки 26 марти соли 1828 дар Вена баргузор шуд, оғоз гардид.
Соли 1934 дар Британия имтиҳони расмии ронандагӣ ҷорӣ шуд. Аввалин шаҳодатномаи ронандагӣ дар ҷаҳон ҳамчун “гувоҳнома дар бораи қобилияти идора кардани воситаи нақлиёт бо муҳаррики механикӣ” 14 августи соли 1893 аз ҷониби префекти пулиси Париж Луи Лепин ба як ронандаи фаронсавӣ дода шуда буд.
Дар он замон барои гирифтани чунин гувоҳӣ имтиҳон супоридан лозим набуд, танҳо намоиш додани малакаи идора кардани мошини шахсӣ кофӣ буд.
Имтиҳони ҳатмӣ аввалин бор соли 1899 дар шаҳри Чикаго ҷорӣ шуд. Дар Британия имтиҳони расмии ронандагӣ танҳо соли 1934 ҷорӣ гардид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ панҷ категорияи шаҳодатномаи ронандагӣ, ки ҳуқуқи идора кардани намудҳои гуногуни нақлиётро муайян мекард, аз солҳои 1970-ум пайдо шуд.
Соли 2000 Владимир Путин бори аввал президенти Русия интихоб шуд.
Ӯ 31 декабри соли 1999, пас аз истеъфои президенти якуми Русия Борис Елтсин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи президент таъин гардида буд.
Баъдан, вай дар солҳои 2004, 2012, 2018 ва 2024 ба ин мансаб дубора интихоб гардид. Пеш аз интихоботи соли 2012 муҳлати президентӣ дар Русия аз 4 ба 6 сол дароз карда шуд.
Соли 2006 шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба фаъолият оғоз намуд. Ин лоиҳаро Алберт Попков вебтаҳиягар пас аз панҷ соли кор дар соҳаи технологияҳои интернетӣ дар Британия таҳия кард.
Аввалан, “Одноклассники” барои ӯ як шуғли дӯстдошта буд, аммо шабака ба суръати ғайричашмдошт рушд кард ва дар давоми ҳафт моҳ фарогирии он ба 1,5 миллион истифодабаранда расид.
Соли 2008 дар ин шабака бақайдгирӣ пулакӣ шуд, ки боиси норозигии корбарон гардид. Ин маҳдудият соли 2010 бекор карда шуд. То аввали соли 2020, шумораи корбарони “Одноклассники” ба 43 миллион нафар расида, ҳамарӯза онро тақрибан 20 миллион нафар боздид мекарданд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 5+7º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 2+4º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.



