Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҷанги Исроилу Амрико алайҳи Эрон, ҳамлаи тарафҳо ба минтақаҳои якдигар идома дорад. Шаби гузашта, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Эронро барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз таҳдид кард ва дар зимн гуфт, “музокираи ҷиддӣ” ҷараён дорад. Вале мақомоти Эрон вуҷуди ҳар гуна музокираро рад карда, гуфтанд, “замони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа фаро расидааст”.
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.
Ҳамлаҳои ба Теҳрону Исфаҳон ва Теалвив
Бино ба гузориши мақомоти Эрон, Амрикову Исроил бомдоди имрӯз, 31-уми март ба бузургтарин корхонаи тавлиди доруҳои зиддисаратони ин кишвар ҳамла кардаанд. Ҳамчунин, дар ҳамла ба як масҷид дар вилояти Занҷон 3 нафар кушта ва 12 тани дигар захмӣ шудааст.
Дар зимн, расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки имрӯз маросими видоъ бо Муҳаммадризо Исҳоқӣ, мушовири раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргузор шуд ва дар Теҳрон ба хок супорида мешавад.

Гуфта мешавад, Исҳоқӣ ҳамроҳ бо 6 узви хонаводааш дар ҳамлаи Амрикову Исроил кушта шудаанд, вале ҷузъиёти замон ва макони кушта шудани ӯ гуфта нашудааст.
Ба ҷуз ин, рӯзи 30-юми марти Амрикову Исроил ба ҷазираи Кашм ва Лорки вилояти Ҳурмузгон ҳамла кардаанд, ки дар Лорк 8 нафар кушта шудааст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон давоми шабонарӯзи гузшта аз раҳгирии чанд паҳпод хабар доданд. Ба ҷуз ин дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон низ садои таркишҳои шунида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорон мегӯяд, ба Исроил низ ҳамла кардааст. Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ба маркази ин Исроил 8 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз “таҳдид”-и Трамп то эҳтимоли поёни ҷанг бе бозгушоии тангаи Ҳурмуз
Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои ду тараф дар авҷ аст, Доналд Трамп ҳамоно аз “музокироти ҷиддӣ” бо як ҳукумати “нав ва маъқултар” дар Эрон барои поён додан ба ҷанг суҳбат мекунад.
Ӯ дирӯз, 30-юми март дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навишт, дар ин гуфтугӯҳо “пешрафтҳои бузург ҳосил шудааст”.

Вале вай таҳдид кардааст, ки “агар ба ҳар далеле ба зудӣ созише баста нашавад ва агар тангаи Ҳурмуз фавран боз нашавад”, Амрико “нерӯгоҳҳои барқ, чоҳҳои нафт, ҷазираи Хорк ва эҳтимолан тамоми таъсисоти обширинкун”-и Эронро “пурра нобуд” хоҳад кард. Ӯ иддао кард, ки кишвараш то ҳол “қасдан” ба ин иншоот зарба назадааст.
Дар вокуниш ба ин таҳдидҳои Трамп, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва яке аз чеҳраҳои матраҳи рӯзҳои охир дар Эрон гуфтааст, ки “душман орзуҳои худро ба номи хабар матраҳ мекунад ва дар ҳамин ҳол миллати моро таҳдид мекунад, ғалат мекунад. Агар як бизанад, чандто мехурад”.
Ҳамчунин, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ вуҷуди ҳар гуна музокиротро бо Амрико рад мекунанд. Аз ҷумла, имрӯз Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки “аз оғози ҷанг то кунун ҳеҷ гуфтугӯи мустақиме байни Теҳрон ва Вашингтон сурат нагирифтааст”.
Пас аз таҳдидҳои раисҷумҳури Армико рӯзномаи амрикоии “Wall Street Journal” (WSJ) гузориш дод, ки Доналд Трамп ба ёваронаш гуфтааст, ки омодааст ҷанг дар Эронро ҳатто дар сурати то ҳадди зиёде баста боқӣ мондани тангаи Ҳурмуз ба поён расонад.
Ин расона рӯзи 30-юми март бо такя ба мақомҳои ҳукумати Иёлоти Муттҳаида навиштааст, ки Трамп ва тими ӯ ба хулосае омадаанд, ки кӯшиши боз кардани ин масири муҳими баҳрӣ метавонад низоъро аз муҳлати эълонкардаи ӯ, ки аз чор то шаш ҳафта аст, зиёдтар кунад.
Ароқчӣ: Замони ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа фаро расидааст
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, “замони он расидааст, ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз минтақа ихроҷ шаванд. Ӯ 30-юми март дар саҳифааш дар “Х” навиштааст, ки Эрон ба Арабистони Саудӣ эҳтиром мегузорад ва онро кишвари бародар медонад.
“Ҳамлаҳои мо ба душмани таҷовузгаре аст, ки на ба арабҳо арзиш қоил аст ва на ба эрониён; душмане, ки асосан товони таъмини амнияти минтақаро надорад”, – навиштааст Ароқчӣ.

Бритониё ва Испания
Дар зимн, Бритониё гуфтааст, ки кишвараш вориди ҷанг алайҳи Эрон намешавад ва Испания осмонашро барои ҳавопаймоҳои амрикоие, ки барои ҳамла ба Эрон истифода мешаванд, бастааст.
Кир Стармер, нахуствазири Бритониё 30-юми март, дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон дар бораи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои бритониёӣ ба ҷанг дар Ховари Миёна, бори дигар гуфтааст, “ин ҷанги мо нест ва вориди он нахоҳем шуд”.
Ҳамчунин, ба гузориши “ББС”, Маргарита Роблес, вазири дифои Испания низ рӯзи 30-юми март дар шаҳри Мадрид гуфтааст, ки Испания “истифодаи пойгоҳҳои низомӣ ва ҳарими ҳавоияшро барои иқдомҳои марбут ба ҷанг дар Эрон иҷозат намедиҳад”.
Ховари Миёна
Бо идомаи ҷанг дар Эрон, вазъ дар Ховари Миёна ҳам рӯз аз рӯз муташанниҷ мешҳавад. Аз ҷумла, субҳи 31-уми март ҳам дар кишварҳои ҳошияи Халифи Форс садои таркишҳо шунида шудааст.
Субҳи имрӯз мақомоти Дубайи Иморот аз раҳгирии ҳамлаи ҳавоӣ хабар доданд, ки боқимондаи он боиси сар задани сӯхтор шудааст. Дар натиҷаи он 4 нафар захмӣ гаштааст.
Ба ҷуз ин, нисфирӯзии 31-уми март низ дар шаҳри Дубай чанд инфиҷор рух додааст. Ҷузъиёти таркишҳои ахир маълум нест, вале мақомоти Иморот ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ба паноҳгоҳҳо бираванд.

Мақомоти ин кишвар ҳамчунин эълон кардаанд, ки як нафткаши кувайтӣ бо ду миллион бушка нафт дар соҳилҳои Дубай мавриди “ҳамлаи паҳподии Эрон” қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, мақомоти ин кишвар ҳадаф қарор гирифтани як ширкати мухобиротиро дар шаҳри Шарҷа тасдиқ кардаанд. Қаблан Сипоҳи посдорон аз ҳамла ба як ширкати мухобиротӣ дар Иморот хабар дода буд.
Арабистони Саудӣ низ хабар дод, ки боқимондаи як паҳподи раҳгиришуда ба 6 хона афтода, вале касе осеб надидааст.
Сипоҳи посдорон 31-уми март эълон кард, ки дар ҳамлаҳои субҳи имрӯз киштии контейнерии “Express halfong” Исроилро дар обҳои Халиҷи Форс ҳадаф қарор дода, ба пойгоҳи низомии Амрико дар Манама ва пойгоҳи “Ҷобир ал-Аҳмад” зарба задааст.
Исроил низ кушта шудани 4 сарбози дигарашро дар задухӯрди 30-юми март бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон тасдиқ кард ва гуфт, дар натиҷаи он ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамакнун, теъдоди сарбозони Исроил, ки аз оғози моҳи март то кунун дар ҷанг бо “Ҳизбуллоҳ” кушта шудаанд, ба 10 нафар расид.
Дар ҳамлаҳои нисфирӯзии 31-уми марти Исроил ба ҷануби Лубнон 4 нафар кушта шудааст.
Дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, беш аз 1200 нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта ва ҳазорҳо тани дигар маҷруҳу овора шудаанд.
