Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар сояи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна аз забони мақомоти Эрону Амрико садо дод.
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.
Идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва Исроил
Дар идомаи ҳамлаҳои худ ба Эрон, Амрикову Исроил шабонарӯзи гузашта низ ба чанде аз зерсохтҳои ғайринизомии ин кишвар зарба заданд.

Аз ҷумла ба як ширкати бузурги истеҳсоли фулод дар Исфаҳон ва ҳамзамон, дар бахшҳои ин ширкат воқеъ дар шаҳристонҳои Чормаҳал ва Бахтиёрӣ ҳамла шуда, касе дар пайи он кушта нашуда, вале чанд нафар захмӣ шуда, чанд бино осеб дидааст.
Инчунин ба минтақаҳои ғайринизомии бандари шаҳри Ҳаққонии Бандар Аббос, таъсисоти ҳавошиносии Бушеҳр ва чанд минтақаи маскунии дигар ҳамла шудааст. Расонаҳо инчунин, аз шунида шудани садои таркишҳо дар шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ, Кирмон ва Сирҷон хабар медиҳанд.
Дар посух ба ин ҳамлаҳо, нерӯҳои Эрон эълон карданд, ки чанд нуқтаеро дар Исроил ҳадаф гирифтанд. Ба гузориши “ББС” дар шаҳри Телавив чанд мавҷи ҳамлаҳои мушакӣ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳамлаҳо се нафар, аз ҷумла як кӯдаки 11-сола захмӣ шудааст.
Ҳамчунин дар пайи бархурди боқимондаҳои як паҳподи раҳгиришуда дар Телавив 14 тани дигар захмӣ шудаанд.

Масъуди Пизишкиён гуфт, як шарти муҳими поёни ҷанг дигарбора ҳамла накардан ба Эрон аст
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон изҳор доштааст, ки кишвараш барои поёни ҷанг бо Амрико ва Исроил “иродаи лозим” дорад, вале бо иҷрои чанд шарт. Аз ҷумла, замонати он ки дигар ба Эрон ҳамла намешавад.
Ӯ дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раиси Шӯрои Аврупо, Антониу Коста шаби 31-уми март, бо зикри баста будани гулӯгоҳи Ҳурмуз барои киштиҳои “таҷовузгарон ва ҳомиёни онҳо” таъкид кардааст, ки “ҳаргуна мудохилаи хориҷӣ бо ҳар баҳонае дар ин ҷанг ва вазъияти ҷорӣ дар ин минтақа оқибатҳои хатарноке дар пай хоҳад дошт”.
Дар матни гуфтугӯи онҳо, ки хабаргузории давлатии Эрон “ИРНА” нашр кардааст, Антониу Коста ба поён додани таниш дар минтақаи Ховари Миёна ва оқибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ҷанг таъкид карда, гуфтааст, кишварҳои аврупоӣ ҳеҷ гоҳ аз ин ҳамла ҳимоят накардаанд ва онро хилофи қонунҳои байналмилалӣ медонанд.

Ароқчӣ: Музокирот бо Амрико вуҷуд надорад ва оташбасро намепазирем
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бори дигар гуфт, ки миёни Эрон ва Амрико ҳеҷ музокирае сурат нагирифтааст.
Ӯ дар як мусоҳаба бо шабакаи “Ал-Ҷазира” шаби гузашта гуфтааст, “музокира замоне аст, ки ду кишвар барои расидан ба тавофуқ гуфтугӯ мекунанд ва чунин чизе миёни мо ва Амрико вуҷуд надорад”.
Ба гуфтаи Ароқчӣ, баъзе паёмҳое аз Амрико ба таври мустақим ё ба воситаи миёнчиҳо дастрас мешавад, вале ба таъкиди ӯ чунин паёмҳо ҳаргиз маънои музокираро надорад ва иддаоҳое, ки дар ин замина матраҳ мешаванд, саҳеҳ нестанд.
Зимнан, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби гузаштаи 31-уми март дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфтааст, ҷанг бо Эрон метавонад давоми ду ҳафта ё як-ду рӯз бештар ва ҳатто тавофуқ сурат гирад ё не, тамом шавад.
Ӯ изҳор доштааст, ки ҳадафи ӯ “тағйири режим” дар Эрон набуда, балки даст наёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ будааст, ки ба гуфтаи Трамп ин ҳадаф “ҳосил шудааст”. Ин дар ҳолест, ки ӯ дар гузашта мегуфт, ки яке аз ҳадавҳои ҳамлааш ба Эрон тағйири режим аст.

Вазъ дар Ховари Миёна
Бо идомаи даргириҳо дар Ховар Миёна шабонарӯзи охир низ дар чанде аз кишварҳои минтақа ҳамлаҳои паҳподиву мушакӣ сурат гирифтааст.
Аз ҷумла, Қатар эълон кардааст, ки имрӯз, 1-уми апрел як нафткашаш мавриди ҳамлаи мушакии Эрон қарор гирифтааст. Ин кишвар ҳадафи се мушак қарор гирифта, ду мушакро раҳгирӣ кардааст, вале мушаки сеюм ба як нафткашаш бархӯрдааст.
Ҳамчунин, Ҳусиҳои Яман бори сеюм аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ба сӯйи Исроил мушак партоб кардаанд. Сухангӯи Ҳусиҳо гуфтааст, ки чоршанбеи 1-уми апрел “сеюмин амалиёти низомиро ба ҳадафҳои ҳасоси душман” бо партоби мушакҳои балистикӣ анҷом додаанд. Гуфта мешавад, ин ҳамла дар ҳамоҳангӣ бо Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон анҷом шудааст.
Дар Иморот бар асари суқути боқимондаҳои як поҳпод як марди бангладешӣ кушта шудааст.
Ироқ хабар дод, ки як рӯзноманигори хориҷӣ дар Бағдод рабуда шудааст. Ба навиштаи расонаҳо ин рӯзноманигор Шелли Киттлсон, гузоришгари шабакаи амрикоии “CNN” будааст ва маълум нест, ки ҳоло дар куҷо қарор дорад.
Рӯзи 1-уми апрел фурудгоҳи Кувайт бори ҳафтум мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Дар пайи ҳамлаҳои имрӯзи Исроил ба ҷануби Лубнон дасти кам ҳафт нафар кушта ва 26 тани дигар захмӣ шудааст.
Ҳамзамон теъдоди қурбониёни Лубнон афзоиш ёфта, ба иттилои хабаргузории давлатии ин кишвар аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон дастикам 1 ҳазору 268 нафар кушта ва 3 ҳазору 750 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Дар шабонарӯзи гузашта ба Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Иқлими Курдистони Ироқ низ ҳамла шудааст. Арабистони мегӯяд ду паҳподро раҳгирӣ кардааст.
