Аз ҷанг дар Ховари Миёна то ҳукми муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” ва таҷлили Наврӯз. Ҳаводиси муҳими моҳи март

Asia-Plus

Дар ин матлаб бо муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи гузашта шинос шавед.

Моҳи март бо тазодҳои зиёд дар хотир монд: аз як сӯ ҷаҳон шоҳиди авҷи даргириҳо ва нооромиҳо буд, аз сӯйи дигар фазои маънавию фарҳангӣ бо фаро расидани иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз пурранг буд. Ин моҳ ҳамзамон саҳнаи рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. 

Ҳукмҳои пурсарусадо, ҷиноятҳо ва баҳсҳои иҷтимоӣ фазои дохилиро пуртаниш нигоҳ доштанд. Бо ин ҳама, моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни Наврӯз ба зиндагии мардум рӯҳияи умед, ваҳдат ва навсозӣ бахшиданд. Дар ин матлаб бо муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи март шинос шавед.

Як моҳ дар оташи ҷанг

Тамоми моҳи март бо хабарҳои марбут ба ҳамлаи бедалели Амрико ва Исроил ба Эрон сипарӣ шуд. Дар ин муддат, Амрико ва Исроил, ки бо ваъдаи суқут додани низоми давлатдорӣ дар Эрон ва маҳви барномаи ҳастаии он ҷангро оғоз карда буданд, натавонистанд ба ҳеҷ як ҳадафи худ ноил шаванд. Баъди кушта шудани Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон, чанд мансабдори баландпояи Эрон низ дар пайи ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба ин кишвар кушта шуданд.

Аз ҷумла дар рӯзи аввали ҷанг, Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии дифоъ, Азиз Насирзода, вазири дифоъ, Муҳаммад Покпур, фармондаи кулли Сипоҳи посдорон, Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ ҷоми шаҳодат нӯшиданд.

Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб низ ҷинояте гуфта шуд, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад.

Дар зимн, ҳаводиси охир, сабаби лағви парвозҳои “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Теҳрон шуд ва Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ роҳандозӣ карда, теъдоде аз шаҳрвандони худро аз ин кишвар ба ватан баргардонид. То шоми 6-уми март, дар умум, 288 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути марзи Туркманистон ва Озарбойҷон аз Эрон берун шуданд, ки “Азия-Плюс” бо чанде аз онҳо сӯҳбат кард ва аз вазъи Эрону роҳи тайкардаи онҳо то ба Тоҷикистон пурсид. Ҳамчунин беш аз 117 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе омаданд.

Рӯзи 5-уми март дар Сафорати Эрон дар Душанбе “Дафтари ёдбуд” боз шуд ва чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан сиёсатмадорону аҳли зиёи кишвар дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз мақомдорону даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар барои ҳамдардӣ рафта, ба мардуми ин кишвар таслият баён карданд, ки “Азия-Плюс” гузориш низ омода кард. Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” дар ин рӯз гуфт, “то охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”. Ӯ баъдтар дар нишасти хабарии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон вазъ дар ин кишварро муфассал шарҳ дод.

Шаби 8 ба 9-уми март маҷлиси хубрагони Эрон Муҷтабо Ҳусайни Хоманаиро роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломӣ эълон кард. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад, дар ин матлаб хонед: Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Дар ин зимн, Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин нигаронии бархе тоҷирони тоҷикро, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ молу маҳсулот меоранд, ба миён овард ва онҳо мегӯянд, бо ҷорӣ шудани маҳдудият, арзиши молу маҳсулот гарон мешавад. 

Коршиносон мегӯянд, дар Эрон низом фурӯ напошидааст, ҷанг бо бомбборон ва куштори чанд фармондеҳ поён намеёбад, Эрон танҳо нахоҳад буд ва омодаи ҷанги давомдор аст. Тоҷикистон низ дар изҳороту баёнияҳои расмияш аз вазъи Ховари Миёна нигаронӣ кард. Андешаи муовини пешини вазири корҳои хориҷӣ ва дипломати собиқи тоҷикро пиромуни ҳаводиси дар Ховари Миёна ҷараёндошта дар ин матлаби “Азия-Плюс” хонед: Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. 

Зимнан, Тоҷикистон рӯзи 18-уми март бо 110 мошини пурбор ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод.

Дар рӯзи шонздаҳуми ҷанг алайҳи Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои ташкили як эътилоф, барои ба гуфтаи худаш, “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” талош кард, вале то ҳол самаре надодааст. Баъди оғози ҷанг, Эрон онро ба рӯйи “киштиҳои душман” баст ва ин боиси қатъи гардиши киштиҳо шуд ва нархи нафтро якбора боло бурд.

Рӯзи 17-уми март Эрон тасдиқ кард, ки Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ, нафаре, ки Трампро таҳдид мекард ва товони шаҳидон металабид, кушта шудааст. Ҳамчунин, Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи Созмони “Басиҷ”-и Сипоҳи посдорон, Муртазо Лориҷонӣ, фарзанди Алии Лориҷонӣ, инчунин, Алиризо Баёт, муовини амнияти Дабирхонаи Шӯрои амният ва ҷамъе аз муҳофизонаш кушта шуданд.

Дар пайи ҳамлаҳои шаби 17 ба 18-уми март Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот)-и Эрон, ки баландтарин мақоми амниятии ин кишвар буд ва дар роҳбарии сохторҳои иктишофӣ ва зиддиҷосусии ин кишвар нақши муҳим мебозид, кушта шуд.

Дар ин тасвирбаён бо низоми Эрон, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд, шинос шавед. Он имкон медиҳад, ки ба рӯйи ҳар як мақом ангушт занед ва аз чӣ иборат будану чӣ вазифа доштани онро бифаҳмед.

Бояд гуфт, ба иттилои мақомоти Эрон, дар пайи ин ҷанг, дар баробари раҳбари олӣ ва чанд фармондеҳ, сокинони осоишта низ кушта шудаанд. Теъдоди ҷонбохтагон дар кулли Ховари Миёна ба 4 ҳазор наздик мешавад.

Аммо ҷанг ҳамоно идома дорад ва ҳаводису изҳороти охир гувоҳи онанд, ки он дар зудтарин фурсат ва ба соддагӣ анҷом намеёбад.

Ҳукми абад ва то 22 сол зиндон ба 19 муттаҳами ҳамла ба Крокус

12-уми март ҳукми муттаҳамони ҳамла ба толори консертии “Крокус” эълон шуд ва чаҳор муттаҳами асосӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҳукми абад маҳкум шуданд. Дар ин баробар 11  гумонбари дигар ҳам ба ҳукми абад маҳкум шуда, 4 тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд. Маҳкумшудагон аз ҳукм шикоят ҳам карданд, вале натиҷаи он то ҳол норавшан аст.

“Азия-Плюс” ба манзили чор гумонбари асосии ин ҳамла –  Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддин рафта, бо пайвандони онҳо суҳбат кард. “Тафтишот ва ҳукм ношаффоф аст” ва “Ба ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”… хулосаи вокуниши пайвандони онҳо буд. Вокуниш ва вазъи оилаи ин нафарон ҳоло чӣ гуна аст, дар ин гузориши “Азия-Плюс” тамошо кунед: “Ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”. Вокуниши пайвандони 4 маҳкумшудаи асосии ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ

Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд. Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд. Он 5 суол аз чӣ иборат аст, дар ин пайванд хонед.

Ҷиноят

Давоми моҳ алайҳи ду корманди пулиси Хатлон барои гирифтани 30 ҳазор сомонӣ аз як нафар ба қаллобӣ гумонбар шуда, яке дар боздошт ва дуввумӣ бо забонхат дар озодӣ будаанд. 

Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд низ барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шуд.

Акси марбут аз манобеи боз

19 сол зиндон барои куштори падар ва “гӯшгазӣ” дар Душанбе

Додгоҳи вилояти Суғд як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Деваштичро бо иттиҳоми куштори падари 62-солаааш 19 сол равонаи зиндон кард. Ҳодиса моҳи августи соли 2025 рух дода, писар бо зарби курсӣ ва панҷшоха падарашро куштааст.

Пулиси Душанбе бошад, ду рӯзи пайиҳам аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Нисбати духтарон чӣ парванда боз шудааст, маълум нест, аммо нисбати мард бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки то 7 сол ҷазои зиндон пешбинӣ мекунад.

Дарёфти ҷасади Таҳминаи 21-сола ва куштори як зани тоҷик дар Афғонистон

Тани беҷони Таҳмина Шарифоваи 21-соларо, ки беш аз як моҳ боз бедарак буд, рӯзи 6-уми март дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карда, рӯзи 7-уми март дар шаҳри Душанбе ба хок супурданд. Падараш гуфт, сабаби марги духтарашро, ки  2-юми феврал аз хона баромада, бедарак шуда буд, намедонанд.

Нимаи моҳи март расонаҳои Афғонистон аз куштори як парасторзан аз Тоҷикистон дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳи ношинос дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон хабар доданд. Аз зани кушташуда Адолат Ҳамидӣ ном бурда мешавад, ки беш аз 15 сол ҳамчун духтур дар ноҳияи Имом Соҳиб кор мекард ва бо як сокини ин ноҳия издивоҷ карда, як духтар ҳам доштааст.

Аз даргузашти Тоҷинисо Саидова то Маҳмудхон Шоев

Субҳи 9-уми март Тоҷинисо Саидова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар 73-солагӣ даргузашт ва ӯро дар оромгоҳи “Лучоб” ба хок супориданд. Ӯ аз ҳунарпешагони мумтози театр ва синамои тоҷик буда, бо иҷрои як қатор нақшҳои мондагор аз худ ном гузошт. Ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун иҷрокунандаи бомаҳорати нақшҳои фоҷиавӣ ном мебаранд.

24-уми март Холмурод Раҳмон (Раҳмонов), роҳбари пешини Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ва собиқ раиси ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритӯс, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ ва як муддат муовини раиси вилояти Хатлон дар синни 62 даргузашт. Ӯ аз камтарин раисоне буд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд. 

28-уми март Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигори тоҷик ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт дар 59-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм баст. Ӯ солҳои зиёд дар факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс додааст.

Иқдомҳои “Азия-Плюс”

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва Рӯзи модар ба ягона зиндони занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак, китоб, маводи хонишу беҳдоштӣ, ғизо ва дигар маҳсулоти лозима барои зиндониён ва кӯдакони онҳо тақдим кард. Дар маҷмӯъ, беш аз 500 китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин албом, дафтар, қалам ва дигар лавозимоти хониш барои кӯдакон, ба муассиса тақдим карда шуданд. Ин имкон фароҳам овард, ки бо шароити нигоҳдории занони маҳбус дар ин зиндон аз наздик шинос шавем. Гузориши моро аз зиндони Норак инҷо тамошо кунед.

Рӯзи 6-уми март бошад, “Азия-Плюс” иқдоми навбатии ҷашнии “Модарони Душанбе”-ро баргузор кард. Автобуси идона дар пойтахт ҳаракат карда, ба занон гул, туҳфаҳо ва рӯҳияи идона бахшид.

Маориф: норасоии ҷойи нишаст, мактаб бо як хонанда ва баҳси таъини ректори Донишгоҳи славянӣ

Муовини вазири маориф ва илми кишвар дар як мизи мудаввар, ки гузаштан ба низоми таҳсили 12-сооларо ба баҳс мекашид, яке аз мушкилотро шарҳ дод. Ба қавли ӯ, норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳои кишвар аз мушкилоти асосӣ буда, дар сурати якбора гузаштан ба ин низом беш аз 70 дарсади кӯдакони шашсола, ки ба синфи 1 мераванд, бе ҷойи нишаст мемонанд.

Ҳамчунин, таъини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия баҳсбарангез шуд. Муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия гуфт, Русия маблағгузории ин Донишгоҳро ба далели бидуни мувофиқа бо Русия таъин кардани ректори нав дар ин донишгоҳ муваққатан қатъ кардааст. Моҳи ноябри соли 2025 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Машраб Файзулло аз вазифаи ректор озод ва ба ҷойи ӯ Илҳомиддин Иброҳимзода таъин шуда буд. Маълум нест, ки мушкил то куҷо ҳалли худро ёфт.

Дар Конибодом бошад, ягона мактаби қирғизӣ, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби наздиктарини он табдил дода шуд. Ин чӣ гуна мактаб буд ва чаро як хонанда дошт, дар ин пайванд хонед.

Ҷоизадорони Оскар ва пойгоҳи нави “Тоҷикфилм”

Рӯзи 15-уми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико дар 97-умин маросими ҷоизасупории “Оскар” барои беҳтарин филмҳо дар бахшҳои гуногун ҷоизаҳо тақдим шуданд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо баъзе паёмҳои ҳунармандони маъруф низ дар робита ба вазъи имрӯзи ҷаҳон, ҷангталабиҳои Трампу Натаняҳу, озодӣ ба Фаластин, хатми ҷанг дар Эрон ва таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия низ садо дод. Филмҳое, ки ҷоиза гирифтанд, чӣ паём доштанд ва ҳунармандони шинохта дар суханронии худ кадом нуктаҳоро таъкид карданд, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

“Тоҷикфилм” дар ин моҳ пойгоҳи нави миллии синамоии “Тоҷикфилм ТВ” (tojikfilm.tv)-ро барои ҳаводорони синамо таъсис ва мавриди истифода қарор гирифт, ки метавон филмҳои миллиро дар жанрҳои гуногун – бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ тамошо кард. Истифода аз он давоми як моҳи санҷишӣ ройгон буд ва шуруъ аз моҳи апрел барои тамошои филмҳо аз ин пойгоҳ пули муайян пардохт бояд кард, аммо чанд пул, маълум нест.

Латукӯби сарбоз

Ба идораи “Азия-Плюс” пайвандони Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки фарзандашонро дар қисми низомӣ латукӯб кардаанд, шикоят оварданд. Ин ҷавони 18-сола як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст. 

Бо тафсилоти қазия ва назари тарафҳо дар ин гузориши “Азия-Плюс” шинос шавед.

Моҳи Рамазон ва фатвоҳои шурои уламо

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 20-юми март таҷлил шуд. Намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда шуд.

Давоми моҳ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ аз шаҳрвандон ва хайрхоҳон хоҳиш кард, ки аз тақсими ғизо ва садақа дар зери чароғакҳои роҳнамо ва сари роҳҳои калон худдорӣ кунанд. Зеро чунин тарзи хайр кардан боиси банд шудани роҳҳо ва эҷоди мушкил барои дигар рӯзадорон мешавад.

Ҳамчунин, “Азия-Плюс” давоми моҳ чанд мавзуи марбут ба моҳи Рамазон ва рӯзадориро матраҳ кард. Аз ҷумла, дар бораи муҳимтарин нукот дар бораи закот, рӯзадории кӯдакон, фитри рӯза ва садақаи ҷория дар матолиби мо посух бигиред.

Нархи маҳсулот дар ярмарка ва арзиши роҳкиро

Имсол низ чун ҳарсола ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил карда шуд. Зеро бо вуҷуди ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон, боз ҳам гароншавии молу маҳсулот дар айёми иду ҷашнҳо мушоҳида мешавад. Дар ярмаркаҳо, ки аз 14 то 20-уми март дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе идома кард, нарх чанд ва сифати маҳсулот чӣ гуна буд, дар гузориши мо бинед.

Ҳамчунин, дар остонаи иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз сокинон аз гароншавии нархи роҳкиро ба манотиқи кишвар нигаронӣ карданд.

Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро расид. Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ рӯзи 21-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳамчунин, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар бо иштироки сокинон як қатор мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир шуданд.

Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо ва сокиноне, ки 5 рӯзи корӣ дар як ҳафта доштанд, 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат карданд. Дар умум, давоми моҳи март сокинони кишвар 15 рӯз истироҳат доштанд.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”,  “Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз, аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”, расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон аз муҳимтарин мавзуъҳои наврӯзии имсоли “Азия-Плюс” буданд.

Сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон

Субҳи 26-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт. Дар рӯзи якуми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расида, ҳамчунин бо ширкати ду президент ба таври фосилавӣ як қатор иншоот ба истифода дода шуда, ба кори чанд лоиҳаи дигар дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз бахшида шуд. 

Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва ширкат дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” ҷузъи дигари рӯзи аввали сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари давлатии худ ба Ӯзбекистон аз Тошканд ба шаҳри Бухоро сафар карда, бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар аз чанд мавзеъи таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид кард.

Ҳамчунин, аз 23 то 29-уми март Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуда, як силсила чорабиниҳо барои муаррифии мероси ғании фарҳангии ду миллат дар Тошканд ва Самарқанд баргузор шуданд.

Сафари раисҷумҳур ба шаҳру навоҳии Суғд

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд рӯзи 29-уми март оғоз шуда, се рӯз идома кард. Дар доираи ин сафар раисҷумҳури кишвар як қатор иншооти маскуниву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатиро ба истифода дода, бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот кард. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда, дар ҷашни Наврӯз ширкат ва суханронӣ кард.

Дар рӯзи сеюми сафараш бошад, ба шаҳри Исфара рафта, чанд иншоот, аз ҷумла, се кӯдакистон, зеристгоҳи барқӣ ва як кони ангиштро ба истифода додааст.

Роҳхати дастаи футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2027

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Филиппин мусовӣ карда, ба марҳилаи асосии ин мусобиқа роҳ ёфт. Рақобати дастаҳо шоми 31-уми март, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ҷоми Осиё-2027 аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ мегузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

PGlmcmFtZSAKICAgIHNyYz0iaHR0cHM6Ly9vbGQuYXNpYXBsdXN0ai5pbmZvL3JodG1sNS9vYml6dWxvbC8yMDI2MDIyN0EzMDIvIiAKICAgIHdpZHRoPSIyOTUiIAogICAgaGVpZ2h0PSI1MDAiIAogICAgZnJhbWVib3JkZXI9IjAiIAogICAgc2Nyb2xsaW5nPSJubyIgCiAgICBzdHlsZT0iYm9yZGVyOiBub25lOyBtYXgtd2lkdGg6IDEwMCU7IGhlaWdodDogNTAwcHg7Ij4KPC9pZnJhbWU+
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.