Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Asia-Plus

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

Тоҷикистон боз ба сафи кишварҳои дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон шомил шуд. Сарфи назар аз баррасиву лоиҳа ва изҳорот, вазъият танҳо бад мешавад. Агар чизе иваз нашавад, то соли 2040 сатҳи ифлосии ҳаво дар Душанбе метавонад боз ҳам баландтар шавад.

Экологҳо ба амалҳои қатъӣ даъват мекунанд.

Мувофиқи “Гузориши ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳаво дар соли 2025”-и созмони байнулмилалии IQAir, аз лиҳози сатҳи ифлосии ҳаво Тоҷикистон зинаи сеюмро касб карда, танҳо Покистону Бангладеш аз он пештаранд.

Мониторинг бисёру ҳавои тоза камтар

Соли 2025 IQAir маълумот аз 9446 пойгоҳи мониторингро дар 43 кишвар, минтақа ва қаламравҳо таҳлил карда, 12 кишвар бори аввал ба гузориш дохил шуданд, ки аз тавсеъа ва дақиқтар шудани мушоҳидаи ҳаво гувоҳӣ медиҳад.

Лекин на дар ҳама ҷо нишондиҳандаҳо беҳтар мешаванд. Ҳамагӣ 14%-и шаҳрҳои саросари дунё ба сатҳи аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) тавсияшуда дар мавриди таркиби заррачаҳои РМ2.5 мувофиқанд, ки ҳатто аз як соли пешин камтар аст.

Нишондиҳандаҳои ҳамагӣ 13 кишвару қаламрав бехатаранд. Ҷаҳони боқимонда бошад, ба нафасгирӣ аз ҳавои зарарнок ба солимӣ идома медиҳад.

Инфографикаи asia+

Вазъиятро баста шудани барномаи мониторинги ҳаво дар назди сафорат ва консулгариҳои ИМА боз ҳам душвортар месозад. Дар онҳо маълумоти мустақил дар 44 кишвар дарҷ гардида, дар ҳамин ҳол, 6 давлат умуман бидуни ягон мониторинг боқӣ монда буданд.

Нафаскашӣ дар Душанбе торафт душвортар мешавад

Бино ба маълумоти IQAir,  соли 2025 тамаркузи солонаи РМ2.5 дар Тоҷикистон 57,3 мкг/ м³-ро ташкил дод, ки 11,4 баробар болотар аз меъёри СҶТ аст.

Барои муқоиса: соли 2023 ин нишондиҳанда пасттар буд – 49,1 мкг/м³. Яъне вазъият на танҳо душвор боқӣ мемонад, балки боз ҳам бадтар мешавад.

Душанбе яке аз шаҳрҳои ифлостарин дар минтақа боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сатҳи миёнаи солонаи РМ2.5 дар шаҳр тайи солҳои ахир дар сатҳи зиёда аз 50 мкг/м³ нигоҳ дошта мешавад.

Ифлосшавии ҳаво якчанд сабаб дорад.

Инфографика: asia+

Ифлосшавии ҳаво дар Душанбе ба фасли сол вобастагии зиёд дорад. Зимистон тамаркузи заррачаҳо меафзояд, ки ба мавсими гармидиҳӣ вобаста аст. Дар ин мавсим истифодаи ангишту ҳезум зиёд мешавад.

Дар фасли тобистон ҳаво бештар аз чангу ғубор ифлос мешавад. Тибқи баъзе арзёбиҳо, он метавонад то 70% аз ҳаҷми умумии маводи ифлоскунандаро ташкил диҳад.    

Агар чизе тағйир наёбад, бадтар мешавад!

Тавре ки коршиносон зикр мекунанд, Тоҷикистон чандин сол аст, ки дар рӯйхати кишварҳои дорои ҳавои бештар носолим қарор дошта, тадбирҳои мавҷуда нокофианд.

“На танҳо тавсеъаи шабакаҳои мушоҳида, балки бозбинии ҷиддии равишҳо ба тарҳрезӣ, самаранокии энергетикӣ ва назорати партовҳо зарур аст. Бидуни ин ҳатто маълумоти муосиртарин дар бораи сифати ҳаво наметавонанд мушкилро ҳаллу фасл кунанд”, – мегӯяд Тимур Идрисов, ҳаммуассиси гурӯҳи ташаббускори “Медвежий угол”, ки оид ба беҳбуди сафати ҳаво тавсияҳо таҳия кардааст.

Акс аз asia+

Сарфи назар аз босуръат бадшавии вазъи экологӣ дар кишвар, дар Тоҷикистон, бахусус дар Душанбе сохтмони бузургмиқёс идома дорад.

Бозбинии меъёрҳои милии ифлосшавӣ ба самти меъёрҳои СҶТ аз ҷумлаи тавсияҳои калидист, зеро тамаркузҳои иҷозашудаи амалкунанда дар кишвар аз меъёрҳои байнулмилалӣ баландтаранд.

Экологҳо ҳамчунин пешниҳод мекунанд, ки низоми миллии мониторинг рушд дода шуда, дар шаҳрҳо пойгоҳҳои худкор насб ва дастрасии боз ба маълумот таъмин шавад.

Дастгирии мониторинги ҷамъиятӣ низ муҳим аст. Масалан, аз ҳисоби истифодаи дастгоҳҳои дастраси нишондиҳандаи сифати ҳаво, то ки одамон бо вазъият дар вақти воқеӣ шинос шаванд.

Коҳиши партовҳоро метавон аз ҳисоби таъмиру навсозии Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва корхонаҳои саноатӣ, инчунин ҷорисозии усули “ифолоскунанда пардохт мекунад” таъмин кард.

Ғайр аз ин, рушди нақлиёти экологии ҷамъиятӣ, зерсохтори дучархаронӣ ва минтақаҳои бидуни автомобил пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин беҳбуди самаранокии биноҳо пешниҳод мегардад, то ки истифодаи ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ дар мавсими гармидиҳӣ кам карда шавад.

Тадбирҳои сарсабз гардонидан (кабудизоркунӣ)-и шаҳрҳо, аз ҷумла бунёди боғу гулгашт ва минтақаҳои сарсабз қад-қади роҳҳо ва паҳлӯи иншооти саноатӣ низ муҳим аст. Зарур аст, ки мардум ҳарчи беҳтар таъсири ифлосии ҳаворо ба солимӣ ва тарзу амалҳои коҳиши онро дарк кунанд.

Акс аз Cabar

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, агар ҳамааш мисли ҳозира боқӣ монад, то соли 2024 сатҳи ифлосшавии ҳаво дар Душанбе метавонад то 50% боло равад. Партови маводи асосии ифлоскунандаи SO2 ва Nox метавонанд мутаносибан 33% ва 70% афзуда, тамаркузи РМ2.5 метавонад то ба 77 мкг/м³ расад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон зикр мекунанд, ки дар сурати рӯйи даст гирифтани тадбирҳои маҷмӯавӣ, вазъиятро метавон ба куллӣ дигаргун намуд ва ба коҳиши назарраси партовҳо даст ёфт.

Албатта, танҳо дар сурате, ки агар мақомот ба амал пардозанд.Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.