Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2026

Asia-Plus

Имрӯз “Азия-Плюс” 30-сола шуд!

Имрӯз аз таъсисёбии Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” 30 сол пур шуд. Маҳз ҳамин рӯз, 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ – ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз нашрия, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Имрӯз “Азия-Плюс” бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муҳтаво таҳия ва пешниҳод менамояд ва аз манбаи иттилои боэътимод барои миллионҳо сокини кишвар ва фаротар аз он – минтақа ва ҷаҳон аст.

Дар оянда ҳам мо талош мекунем ба мухотаби худ хабару гузоришу таҳлилҳои санҷида ва ҷолиб пешниҳод кунем.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1935 – Дар Душанбе аввалин бинои сирки тоҷик кушода шуд. Қаблан соли 1929 аввалин гурӯҳи сиркии тоҷик таъсис ёфта буд, вале бинои доимии худро надоштанд. Соли 1935 бинои сирк сохта шуд ва гурӯҳи сиркӣ имкони намоиши доимӣ пайдо карданд.

Соли 2001 – Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии ислоҳоти пули миллӣ анҷом ёфта, сомонӣ ба ягона асъори расмии кишвар табдил ёфт. Асъори нави миллӣ – сомонӣ аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуда буд ва то 1 апрели соли 2001 сомонӣ ва рубли тоҷикӣ (ки аз соли 1995 истифода мешуд) ҳамзамон дар муомилот қарор доштанд. Аз 2 апрели соли 2001, рубли тоҷикӣ пурра аз муомилот бароварда шуд ва танҳо сомонӣ ҳамчун асъори расмӣ истифода мешавад.

Соли 2009 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба эътибор даромад.

Соли 2011 – Яке аз иштирокдорони “парвандаи исфарагӣ” – Ваҳҳоб Бобохонов, ки 47 сол дошт, дар зиндон даргузашт.

Соли 2018 – Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон, додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз нав шуруъ гардид.

Соли 2019 – Дар шаҳри Хуҷанд дар масофаи беш аз як километр “Роҳи танобӣ” ба истифода дода шуд. Он аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ, аз болои дарёи Сир сохта шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1949 – Мавлуди Тағоймурод Хушвақт, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Тағоймурод Хушвақт аз модар бино ба дунё омада буд, вале дар синни 8-моҳагияшон, баъди бемории “Гули чашм” нобино гашт. Ӯ истеъдоду нерӯи ҳофизаи афзун ва дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт.

Овозхон солҳои 1970-1990 бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва мазҳабӣ бештар шуҳрат ёфт. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии “Фаҷр” дар Эрон иштирок кардааст.

Тағоймурод Хушвахтов беш аз 600 тарона офаридааст. “Гардиши айём”, “Ту садбарги кадом боғӣ”, “Зулфи анбар”, “Манол, эй андалеб”, “Ранҷидаӣ”, “Айб макун”, “Нолаи модар” аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.

Овозхон 8-уми майи соли 2002 дар 53-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт. Соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов гузошта шуд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин кох насб гардид.

Соли 1954– Зодрӯзи Саид Ҷӯрахонзода, муовини пешини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

 Ӯ аз 1-уми сентябри соли 1975 то 7 апрели соли 2015 дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кард. Ҳоло раиси Созмони собиқадорони ВКД мебошад.

Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовини сардори РВКД шаҳри Душанбе, сардори ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, сардори ШКД ноҳияи И.Сомонӣ (собиқ н.Октябр), муовини аввали сардори РВКД вилояти Суғд, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Соли 1958 – Мавлуди Каримхон Қурбонов, доктори илми тиб, профессор.

Соли 1958 – Зодрӯзи Лутфулло Давлатзода, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Лутфулло Давлатзода

Лутфулло Давлатзода яке аз ҳунармандони саршиноси тоҷик буда, фаъолияти ҳунарии худро аз Театри драмаи мусиқии Конибодом оғоз намудааст.

Ӯ баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Баъдан солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 директори ТВ Сафина буд. Соли 2015 директори Театри Лоҳутӣ таъин гардид ва то моҳи декабри соли 2022 дар ин вазифа фаъолият бурд.

Лутфулло Давлатзода дар саҳнаи театр образҳои ҷолиб офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои “Найи сеҳрнок”, “Вопасин арӯси Амир­алмӯъ­минин”, “Фарзанди Осиё”, “Дохунда” муассир аст. Ҳамчунин дар намоишномаҳои телевизионии “Курсии сеҳрнок”, “Зани оҳанин”, “Дуздӣ”, филм-спектакли “Ғуруб” нақш иҷро кардааст.

Дар синамо бошад, дар филмҳои бадеию телевизионии “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақш офаридааст. Ҳунари овозхонӣ ҳам дорад.

Соли 1965 – Зодрӯзи Шамсулло Маҳмудов, сардори пешини ШВКД дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Панҷ.

Соли 1977– Зодрӯзи Умеди Ҷайҳонӣ, забоншинос ва яке аз фаъолони фарҳангӣ, ки солҳо боз самти забоншиносиро ковишу таҳқиқ мекунад.

Умеди Ҷайҳонӣ

Умед Ҷайҳонӣ пажӯҳишгар, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик аст, ки бештар бо фаъолиятҳояш дар самти эҳёи вожаҳои таърихӣ ва ислоҳи истилоҳоти илмиву низомӣ маъруф аст.

Дар улуми иқтисод ва бонкдорӣ таҳсил кардааст. Ҳоло мудири бахши Эрон дар бонки ВТБ Русия аст.

Соли 1982 – Нуъмон Розиқ, шоир ва нависандаи тоҷик дар 54-солагӣ даргузашт.

Нуъмон Розиқ

Нуъмон Розиқ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе буда, солҳои зиёд муаллим, котиби ташкилоти ҳизбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод ва раиси колхози “Ленинград”-и ин ноҳия будааст.

Ӯ соли 1971 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Коммуна” таъин шуда, сипас дар вазифаҳои Директори Хонаи истироҳати АИ ҶШС Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Орҷонкидзеобод ва аз соли 1978 раиси деҳшӯрои Симиганҷ фаъолият кардааст.

Ӯ асосан барои кӯдакон шеър гуфтааст. Китобҳои “Телефони гунҷишк”, “Гулмоҳӣ”, “Бузғолача”, “Лона”, “Чароғҳои гуногун”, “Гулистон” баро кӯдакон таълиф шудаанд.

Соли 2002 – Мутеулло Наҷмиддинов, нависанда, адиби публисист ва рӯзноманигори тоҷик дар 74-солагӣ даргузашт.

Мутеулло Наҷмиддинов

Мутеулло Наҷмиддинов аз нависандагони хушноми тоҷик буда, дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон зода шуда, кӯдакии сангинеро пушти сар гузоштааст.

Баъди хатми донишгоҳ, аввал дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ба кор оғоз кард, аввалин очерку ҳикоя ва мақолаҳои публитсистиаш инҷо нашр шуданд.

Сипас, ду сол муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”) буд. Баъдан дар Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил карда, соли 1964 ба Душанбе баргашт ва мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти “Ирфон” таъин шуд.

Солҳои ҳаштодум дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба ва чанд соли охири то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буд.

Ӯ муаллифи китобҳои “Одамони сарбаланд”, “Дарё маҷрои нав меҷӯяд”, “Суруди одамони наҷиб”, “Меҳри замин”, “Пайраҳаи шинос”, “Одамон ва соҳилҳо”, “Ширмоҳ” аст. Махсусан, қиссаҳои “Дарё маҷрои нав меҷӯяд” ва “Ширмоҳ” аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба таваллуди нависандаи бузурги афсонаҳои кӯдакона – Ҳанс Кристиан Андерсен (аз Дания) бахшида шудааст. Дар ин рӯз аҳаммияти бузурги китобҳои кӯдакона дар ташаккули маънавӣ ва зеҳнии наслҳои нав таъкид мешавад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии огоҳонӣ дар бораи аутизм аст. Ҳадафи ин рӯз – баланд бардоштани сатҳи дастгирии шахсони гирифтори аутизм ва беҳбуди шароити зиндагии онҳо мебошад. Зеро шумораи кӯдакони мубталои аутизм дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон зиёд буда, ин беморӣ ба оилаҳо ва ҷомеа таъсири калон мерасонад.

2 апрели соли 1792 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қонуни тангасозӣ (Coinage Act) қабул шуд, ки таъсиси Монетный двор (U.S. Mint)-ро пешбинӣ мекард. Аввалин бинои “Монетный двор” дар Филаделфия, он замон пойтахти ИМА, таъсис ёфт ва соли 1793 расман ба фаъолият оғоз кард. U.S. Mint то имрӯз тангаҳои расмии кишварро истеҳсол мекунад, аммо пулҳои коғазӣ (долларҳо)-ро Бюрои чопи коғазии пул (Bureau of Engraving and Printing) месозад. Ҳоло Монетный двор то 50 миллион танга дар як рӯз истеҳсол мекунад, ки онҳо барои муомилоти дохилӣ ва истифодаи коллексионерҳо пешбинӣ шудаанд.

2 апрели соли 1833 шакли пурраи романи “Евгений Онегин” аз ҷониби Александр Пушкин ба табъ расид. Пушкин навиштани ин асарро соли 1823 оғоз карда, онро соли 1831 ба охир расонд. Ӯ барои эҷоди “Евгений Онегин” 7 солу 4 моҳ ва 17 рӯз сарф намуд.

Гарчанде бобҳои алоҳидаи роман қаблан дар маҷаллаҳо ва китобчаҳо ба таври пайдарпай нашр шуда буданд, 2 апрели 1833 нахустин маротиба асар пурра ва якҷо ба нашр расид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, гарду чангу пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 13+15º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 2 ба 3-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.