Фарҳод Ҳакимиён, барномасози 26 – солаи тоҷик дар мусобиқаи барномасозии рақобатии “Central Asia Programming Championship 2026” ҷои аввалро гирифт ва соҳиби ҷоизаи пулии 1 миллиону 500 ҳазор тангаи қазоқӣ ё ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ шуд.
Ин сабқат бо иштироки 40 барномасози аз 20-сола болои Осиёи Марказӣ, дар доираи форуми байналмилалии рақамии “Digital Qazaqstan 2026” дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон баргузор гардид.
Фарҳод Ҳакимиён ба “Азия Плюс” гуфт, аз Тоҷикистон ҳамагӣ 3 нафар баъд аз даври интихобӣ ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.
“Ба мо 4 соат вақт доданд, то 9 масъалаи алгоритмиро ҳал кунем. Ман ягона нафаре будам, ки тавонистам дар 4 соат 8 масъаларо ҳал кунам. Барандагони ҷойҳои 2 ва 3, дар ин муддат 7 масъаларо ҳал карданд”, -мегӯяд ӯ.
Ҳадаф аз мусобиқаи дарёфт ва шинохти мутахассисони қавӣ дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ (IT) мебошад. Даври интихобии мусобиқа 28-уми феврал тариқи фосилавӣ ва даври ҷамъбастии он 27-уми март баргузор шуд.
Бояд гуфт, ҳаҷми умумии ҷоизаи мусобиқа 3 миллион тангаро ташкил дод. Мақомҳои ду ва сеюмро намояндагони Қазоқистон соҳиб шуда, 1 миллион ва 500 ҳазор тангаи қазоқӣ ба даст оварданд.

