Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2026

Asia-Plus

Аз зодрӯзи Абдураҳмон Абдуманнонов то даргузашти Мирзо Мастонгулов ва Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз сокинони пойтахт метавонанд дар “Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Тоҷикистон”, беморхонаи маъруф ба Клиникаи Мансуров ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Қабули беморон аз соати 8:00 оғоз мегардад. Ин иқдом дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ  ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” сурат мегирад.

– Имрӯз соати 10:00 дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва мактаби рақами 44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қасри фарҳанги шаҳри Роғун дар доираи ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ баргузор мешаванд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2012 – Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1”-ро нисбат ба ширкати “Барқи Тоҷик” пурра қонеъ кард ва қарзи он барои нерӯи барқе, ки стансия тавлид кардааст, барқарор шуд.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Тоҷикистони нав” хабар доданд. Вале он сабти ном нашуд…

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1924 – Зодрӯзи Мамлакат Наҳангова, аввалин пионердухтари Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо ордени Ленин сарфароз шуда буд.

Мамлакат Наҳангова соли 1952 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст ва дар донишкада тамоми умр ҳамчун омӯзгор кор кардааст.

Солҳои 1952–1990 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон ва дотсент кор кардааст. Солҳои 1970-1977 мудири кафедраи забони англисии байнифакултетӣ ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ дар донишкадаи номбурда буд. Соли 1990 ба нафақа баромадааст. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.

Мамлакат Наҳангова дар синни 11-солагиаш барои меҳнати босамар дар пахтачинӣ сазовори ордени Ленин гардидааст.

Соли 1947 – Мавлуди Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик.

Абдураҳмон Абдуманнонов хатмкардаи шуъбаи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ то имрӯз Институти шарқшиносии АИ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, мудири шуъбаву муовини директор фаъолият кардааст. Аз моҳи марти 1998 то ноябри 2005 мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва Шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президент, солҳои 2005-2010 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҶТ ва аз соли 2010 котиби масъули АМИТ “Ховар” будааст.

Абдураҳмон Абдуманнон муаллифи китобу рисолаҳои илмии “Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо” (дар ҳаммуаллифӣ), “Абулқосим Лоҳутӣ”, (дар ҳаммуаллифӣ), “Нуқтаи назар”, “Пиндорҳо ва ингорҳо” мебошад. Қариб дусад мақолаву тақризаш дар матбуоти дохил ва хориҷи кишвар оид ба ҷанбаву масъалаҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ интишор ёфтаанд.

Абдуманнонов дар тарҷума низ панҷаи қавӣ дошта, асарҳои барҷастаи адибони ҷаҳонӣ ва як қатор намоишномаҳоро ба тоҷикӣ ва ҳамзамон намунаҳои ашъори бузургони тоҷикро ба русӣ баргардон кардааст.

Соли 1969 – Зодрӯзи Раҳмоналӣ Сафарализода, собиқ Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.

Раҳмоналӣ Сафарализода омӯзишгоҳи олии зенитию мушакии Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоиро хатм карда, фаъолияташ соли 1993 ҳамчун сардори шуъбаи якуми комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ оғоз шудааст. Сипас муовини командири 2-юми баталёни алоҳидаи кӯҳӣ-тирандоз таъин шуда, аз соли 1997 то соли 2001 вазифаҳои сардори ситод, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии ВМ ба уҳда доштааст.

Аз соли 2001 фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъин гардид. Маълум нест, ки ӯ баъдан дар кадом вазифаҳои ин ниҳод фаъолият кард. Ахиран, моҳи феврали соли 2024 ӯ бо фармони раисҷумҳур фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ таъин шуда, моҳи августи ҳамон сол аз ин вазифа сабукдуш гардид ва сабаби барканориаш гуфта намешуд.

Соли 1988 – Зодрӯзи Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Тоҷикистон.

Зулфиқор Гулаҳмадзода хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатӣ буда, фаъолияти худро ба ҳайси роҳбалади Осорхонаи миллии ноҳияи Данғара оғоз кардааст. Солҳои 2010-2012 мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳамзамон муддате роҳбари “Созандагони Ватан” дар ин ноҳия буд. 

Гулаҳмадзода соли 2013 мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таъин шуда, солҳои 2014-2016 муовини раис ва мудири шуъбаи ташкилӣ, солҳои 2016-2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур будааст. Ӯ соли 2017 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тахин шуда, 5 сол дар ин мансаб буд.

Муддате дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ низ фаъолият кардааст. Аз соли 2022 вакили маҷлиси намояндагон буд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода моҳи январи соли 2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъин шуд ва то имрӯз дар ин мансаб аст.

Соли 2008 – Мирзо Мастонгулов, нахустин директори генералии ширкати ҳавонавардии “Тоҷикистон” ва директори генералии ширкати хусусии ҳавопаймоии “Somon Air” дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Мирзо Мастонқулов дар рушди авиатсияи Тоҷикистон нақши бузург дорад. Ӯ ширкати “Сомон Эйр”-ро таъсис дод ва бо корнамоиҳояш дар солҳои вазнинтарин – аз ҷанги шаҳрвандӣ то ташкили ширкатҳои хусусӣ – таърихи соҳаи авиатсияи кишварро тағйир дод.

Ӯ яке аз чеҳраҳои калидии таърихи ҳавонавардии Тоҷикистон ва аз аввалин халабонҳое буд, ки ҳавопаймоҳои муосири замони худро идора кардааст.

Кӯдакии Мирзо бо фоҷиа оғоз ёфт. Ӯ дар оилае ба дунё омад, ки сарнавишташон зери теғи саркӯбиҳои солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қарор гирифт. Боздошти падар, бадарғаи оила ба Қазоқистон, марги падар дар зиндон ва солҳои гарони ғурбат аз душвортарин рӯзҳои зиндагии ӯ дар кӯдакиаш буданд.

Соли 1959 Мастонгулов ба Душанбе омад ва дар омӯзишгоҳи ҳавонавардии Краснокутск таҳсил карда, соли 1961 дар дастаи ҳавонавардии Тоҷикистон ҳамчун халабони дуюм дар ҳавопаймои АН-2 фаъолияти худро оғоз кард. Ӯ аз ҷумлаи аввалин нафароне буд, ки ҳавопаймои турбовинтии Ту-154-ро идора мекард. Баъдан ба ҳайси халабон-мураббӣ ва фармондеҳи гурӯҳҳои парвозӣ фаъолият намудааст.

Мастонгулов солҳои 1991–1992 сардори Идораи иҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 2001 аввалин директори кулли ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикистон” буд. Аз соли 2005 директори генералии нахустин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон “Сомон Эй” буд. Оид ба нақши ӯ дар бахши ҳавонавардии тоҷик муфассал дар ин мавод шинос шавед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири рушд ва сулҳ аст, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 23-юми августи соли 2013 эълон шудааст. Арзишҳои он – кори дастаҷамъона, адолат, интизом, эҳтиром ба рақиб ва қоидаҳои бозӣ дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд ва метавонанд барои таҳкими ҳамбастагӣ ва сулҳи ҷамъиятҳо истифода шаванд.

Ҳамчунин имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тенниси рӯимизӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои таблиғ ва рушди ин намуди варзиш дар ҷаҳон, муттаҳидсозии дӯстдорони он ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таъсис ёфтааст.

6 апрели соли 1896 Бозиҳои аввали тобистонаи Олимпии замони нав оғоз шуданд. Дар варзишгоҳи мармарини Афина (Панатинаикос) бо ҳузури 80 ҳазор тамошобин шоҳи Юнон Георг I бозии аввалини Олимпиадаро ифтитоҳ намуд. Ин чорабинӣ фармони соли 394-и император Теодосийро, ки Олимпиадаро ҳамчун боқимондаи бутпарастӣ манъ карда буд, бекор кард.

Дар аввалин Бозиҳои Олимпӣ 241 варзишгар аз 14 кишвар (фақат мардон) иштирок доштанд. Мусобиқот 9 навъи варзишро фаро мегирифт: гӯштини юнону римӣ, велосипедронӣ, варзиши сабук, шиноварӣ, тирпаронӣ, теннис, вазнбардорӣ, шамшербозӣ ва марафон. Баъдан қарор шуд, ки Олимпиада ҳар 4 сол як маротиба баргузор шавад.

6 апрели соли 1906 аввалин филми тасвирӣ ё аниматсионӣ бо номи “Намоиши хандаовари чеҳраҳои хандовар” (англ. The Humorous Faces of Funny Faces) сабт гардидааст. Ин филм дар аз ҷониби ду продюсер ва аниматор Ҷон Стюарт Блэктон ва Алберт Смит сабт шуд.

“Намоишҳои хандаовари чеҳраҳои хандовар” аз тасвирҳо иборат буд, ки мизҳо ва чеҳраҳои хандовар дар он ҳаракат мекарданд. Ҳарчанд ин филм хеле кӯтоҳ буду он қадар касбӣ набуд, он ба ояндаи аниматсия ва тасвирҳои ҳаракаткунанда таъсир гузошт.

6 апрели соли 1814 Наполеон Бонапарт бори аввал аз тахти подшоҳӣ даст кашид. Ҳамин рӯз Сенат Людовики XVIII-ро подшоҳ эълон кард. Соле пас ӯро дар рӯйи даст ба Париж баргардонданд ва дар моҳи марти 1815 дубора ба тахт нишаст. Аммо баъди 4 моҳ Наполеон дубора истеъфо дод ва дигар ҳеҷ гоҳ ҳукмронӣ накард. Солҳои охири умрро дар ҷазираи Санкт-Елена ҳамчун маҳбуси англисҳо гузаронд.

6 апрели соли 1930 Ордени Ситораи Сурх, ки яке аз муҳимтарин ва оммавитарин ҷоизаҳои ҳарбии ҶБВ аст, таъсис дода шуд. Он барои хизматҳои бузург дар ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ дода мешуд. Дорандаи орден бояд намунаи далерӣ ва садоқат ба Ватан мебуд. Дар тӯли 60 соле, ки ин нишон  тақдим мегардид (то декабри 1991), беш аз 3 млн нафар бо он сарфароз гардиданд.

6 апрели соли 1899 дар Маскав аввалин трамвайи барқӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар охири асри XIX роҳҳои оҳани аспкаш кӯҳна шуда буданд ва зарурати навсозии онҳо ба миён омад. Трамвай бо интервали 14 дақиқа ҳаракат мекард ва аз соати 8 субҳ то 8 шом фаъол буд. Нархи билет 6 копейка буд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 12+14º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 6 ба 7-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 60

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.