Як соҳибкор дар Истаравшан боздоштгоҳи муваққатии нав сохтааст

Фарзанди ин соҳибкор дар боздошт будааст.

Фарзона Муродӣ, asia+

Ягона боздоштгоҳи муваққатӣ ё (СИЗО)-и шаҳри Истаравшанро, ки дар маркази шаҳр қарор дошт, ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол, даромадгоҳи ин шаҳр кӯчонидаанд. Бинои нав аз сӯи як соҳибкор, ки фарзандаш дар ин муассиса нигоҳдорӣ мешуд, сохта шудааст.

Бинои Боздоштгоҳи муваққатии ЯТ9/5 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан рӯзи 10-уми апрел бо ширкати Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Абдусаттор Қодирӣ, раиси шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд.

Акс аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд

Парвизҷон Зафарзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан имрӯз, 13-уми апрел ба “Азия-плюс” гуфт бинои нави муассиса, “бо маблағгузории як соҳибкори хайрхоҳ сохта шуд”.

“Аз сохтмони бинои куҳна, ки дар маркази шаҳр, дар поёни  Қалъи Муғ ҷойгир буд, беш аз 100 сол гузаштааст. Аз сабаби  кӯҳнагии бино ва намнокии зиёд, гирифторӣ  ба  сил  миёни боздоштшудаҳо зиёд шуд. Писари яке аз соҳибкорони шаҳр ҷиноят содир карда, боздошт шуда буд. Ин соҳибкор вақте ба “СИЗО” меояд, шароиташро мебинад ва иқдом мекунад, ки як бинои навро бо тамоми шароиташ бунёд кунад”, – гуфт муовини раиси шаҳр.

Зафарзода гуфт, дар назар аст, ки давоми ҳафта боздоштшудагонро ба бинои нав, ки бо фарши гарм ва тамоми шароити лозима муҷаҳҳаз аст, кӯчонанд.  

Ба иттилои номбурда, ба ҷойи бинои пештараи боздоштгоҳи муваққатӣ бинои баландошёна сохта мешавад.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Тибқи иттилои охири Ваколатдори ҳуқуқи инсон, зиёда аз 15 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои кишвар  адои ҷазо мекунанд. Вале омори онҳое, ки дар боздоштгоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд, маълум нест.

Нигаронӣ аз зиёд будани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон борҳо садо додааст. Аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2024 чанд зиндон ва боздоштгоҳи вобаста ба Вазорати адлияро барои аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо танқид карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.