Соли гузашта дар Тоҷикистон дар ҳаҷми беш 16 млн. метри мукааб газ истихроҷ гардид

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар Тоҷикистон беш 16 млн. метри мукааб газ истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2007 дар ҳаҷми 1,9 млн. метри мукааб бештар аст.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, соли сипаригашта КВД «Тоҷикгаз» тибқи қарордод аз ҶС «Узтраснгаз» бо нархи 145 $ барои ҳазор метри мукааб дар ҳаҷми 513,3 млн. метри мукааб гази табиӣ харидорӣ кардааст ва маблағи умумии он 74,4 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.



Ба иттилои манбаъ, соли 2008 истихроҷи нафт бо конденсат дар ҷумҳурӣ 26 ҳазору 150 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 99 тонна зиёдтар буда, истеҳсоли ангишт ба ҳудуди 200 ҳазор тонна баробар шудааст.


Реклама на asia+

Ширкатҳои туркӣ ба муносибати Иди занон дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти косметика баргузор менамоянд

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 5-7-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи ширкатҳои Туркия таҳти унвони «Тӯҳфаҳо ва косметика» доир мегардад.




Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо котиби генералии Иттиҳодияи соҳибкорон ва сармоягузорони «ТАТСАИД»-и Туркия масоили тадорукот ва баргузории ин намоишгоҳ баррасӣ шуданд.



Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир гашта, дар он иштироки 25 ширкати туркӣ пешбинӣ шудааст.



Ш.Саид пешниҳод сохт, ки дар намоишгоҳ соҳибкорони тоҷик низ ширкат варзанд.


Реклама на asia+

Барои таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ то соли 2011 зиёда аз 1 млрд. 300 млн. $ масраф мешавад

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Барои таъмиру таҷдиди беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ то соли 2011, зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион доллар масраф мешавад. Ин матлабро дар як нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр баён кард.




Бештари маблағхо аз буҷети мамлакат ҷудо гардида, қисми боқимондаро сармоя ва қарзи созмонҳои байнамилалӣ ташкил хоҳад дод. Оқои Ашӯр гуфт, беш аз 80 дар сади маҳсулоти саноатӣ ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешавад. «Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки роҳҳои кишвар дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозанд», – афзуд вазир.




Реклама на asia+

Мутахассисони русиягӣ агрегати саввуми нерӯгоҳи Норакро таъмир мекунанд

0





 




Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз корҳои таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи Норак шурӯъ шуд.



Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи нақша корҳои таъмири агрегат ба муддати панҷ моҳ пешбинӣ гардида буданд, вале мутахассисони ширкати русиягии «Бурейс-ГМ», ки масъулияти таъмирро ба дӯш гирифтаанд, таъмири онро ду моҳ пеш аз мӯҳлат ваъда доданд.



Дар мавриди шарҳи масъалаи вазъи обанбори нерӯгоҳи Норак Н.Ёдгорӣ изҳор дошт, ки феълан сатҳи об дар он


863 метру

49 сантиметрро ташкил медиҳад ва то ҳадди ниҳоии иҷозаи истифодаи об

6,5 метр

боқӣ мондааст.



Ба гуфтаи манбаъ, айни замон ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор муодили 110 метри мукааб дар як сония аст, хароҷот бошад, ба 487 метри мукааб дар як сония баробар аст.


Реклама на asia+

Ояндаи наздик ба Душанбе 100 автобус ва 100 троллейбус ворид мегардад

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр изҳор дошт, ки мошинҳои мусофирбари хурди «Тангем» дар масъалаи танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбари пойтахт нақши муҳим доранд. «Имрӯз шаҳрро бидуни онҳо тасаввур кардан душвор аст, ҳарчанд ронандагони ин навъи нақлиёт аксаран ба вайрон кардани ҳаракат дар роҳ

 

ба мушоҳида расидаанд», – гуфт ӯ.





           

Ба қавли вазир, ояндаи наздик ба Душанбе 100 автобус ва 100 троллейбус ворид мегардад, ки бо хатсайрҳои нав низ ҳаракат хоҳанд кард. «Аз ин рӯ, ба баъзе хатсайрҳои марказии пойтахт ҳаракати «тангемкаҳо» манъ карда мешавад», – гуфт ӯ.




           

А.Ашӯр изҳор дошт, ки феълан шумораи нақлиёт ба ҳар сари аҳолӣ дар шаҳри Душанбе аз нишондиҳандаҳо дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои бузург бештар шудааст.


Реклама на asia+

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барӯйхатгирии кулли қиъаҳои замини киштро доир месозад

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии заминсозӣ, Кумитаи ҳифзи табиат ва ҳукуматҳои мҳаллӣ барӯйхатгирии кулли қиъаҳои замини кишти ҷумҳуриро доир карданист.




Вазир мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар Саиди Ёқубзод мегӯяд, иқдоми мазкур бо мақсади муайян кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ сурат гирифта, дар ин хусус сарвари давлат зимни баргузории ҷаласаи ҳукумат 16-уми январ ишора карда буд.



Ба гуфтаи С.Ёқубзод,

 

соли гузашта 1 ҳазору


77 гектар

заминҳои обӣ азхуд гардида, дар майдони

550 гектар

ҳолати мелиоративии замин беҳтар карда шуд.


Реклама на asia+

А.Достиев рӯзномаи «Коммерсантъ»-ро дурӯғгӯ мехонад

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иттилои имрӯз дар «Ъ» интишоршуда дар мавриди он ки гӯё ӯро ба Вазорати умури хориҷии Русия даъват карда бошанд, асоси воқеӣ надорад. «Ин рӯзнома ҳамеша вазъро муташанниҷ месозад, зеро маро касе ба ҷое даъват накардаасту чизе ҳам нагуфтааст, ҳарчанд фикр мекунам, ки рӯзҳои наздик чунин хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




Дар нашри имрӯзаи рӯзномаи «Коммерсантъ» гуфта мешавад, ки «Маскав нотаи Тоҷикистонро чун даъват ба муколама қабул надошта, онро рафтори густохонаву беасос арзёбӣ намудааст.



Тибқи иттилои «Ъ», шоми рӯзи сешанбе сафири Тоҷикистон ба Вазорати умури дохилии Русия даъват карда шудаааст ва тибқи иттилои манбаъҳои рӯзнома аз сафорати Тоҷикистон, он ҷо гӯё сӯҳбати ногуворе сурат гирифтааст. Аз ҷумла, ба А.Достиев гӯшрас кардаанд, ки шарҳи изҳороти шахсони аввали давлати хориҷӣ аз доираи риояи ахлоқи дипломатӣ берун меравад. «Гузашта аз ин, изҳороти мазкур муқобили кишвари дигаре равона нагрдидааст», – оварда шудааст дар иттилои рӯзнома.



Ёдрас мекунем, 26-уми январ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кафили сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нота супурд ва дар он нисбат ба изҳороти ахири Президенти Русия Дмитрий Медведев дар Тошканд дар мавриди бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар кишварҳои болооби Сирдарё ва Амударё изҳори нофаҳмӣ кардааст.

 




Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».



         Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақа – нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.

Реклама на asia+

Ҳ.Умаров: Шӯрои амнияти СММ баҳри раҳоии Тоҷикистон аз муҳосираи иқтисодӣ бояд кӯмак расонад

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар чунин назар аст, ки Тоҷикистон бояд аз Шӯрои амнияти СММ дархост намояд, то ҷиҳати раҳоӣ аз муҳосираи иқтисодӣ ба ҷумҳурӣ кӯмак расонад.




Ба қавли ӯ, шурӯъ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гаштани кишвар, Ӯзбекистон тавассути пеш гирифтани чораҳои иқтисодӣ ба мо фишор меорад ва сиёсати расмии Тошканд гувоҳи он аст, ки ӯ ба рафтори ногаҳонӣ қодир буда, метавонад аз иҷрои ӯҳдадориҳои гирифтааш дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои минтақавӣ даст кашад. «Қатъи тронзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ тасдиқи навбатии мавҷудияти муҳосираи иқтисодӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя мебошад», – гуфт ӯ.



Ҳ.Умаров мӯътақид аст, ки бояд Тоҷикистон ба Шӯрои амнияти СММ ҷиҳати таъсиси як комиссияи вижае барои ҳисоби хисороти расонидашуда дар тамоми тӯли соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби кишвари ҳамсоя муроҷиат намояд. «Чандин касон бар чунин назаранд, ки дар харобсозии сарбанди нерӯгоҳи Роғун дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷониби Ӯзбекистон низ иштирок доштааст», – гуфт коршинос.



Ба ақидаи коршинос, барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохтани дурустии мавқеи худ дар масоили истифодаи захоири обиву сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ, Тоҷикистон бояд мавқеи устувори ҳирфаӣ ва илман асоснокшуда дошта бошад.



Ҳ.Умаров нақши Русияро дар ҷараёни гуфтушунид оид ба масоили мазкур муҳим шуморида, таъкид сохт, ки иштироки Русия дар комиссия зарур аст, зеро мо ба Русия вобастагии зиёде дорем ва ин табиист. «Ҳузури муҳоҷирон дар Русия моро водор месозад, ки бо Русия муносибати эҳтиёткорона дошта бошем, зеро нуфузи Русия дар минтақа бузург аст», – мегӯяд ӯ.



Дар мавриди шарҳи изҳороти президенти Русия дар Тошканд оид ба «масоили истифодаи захоири обӣ», ки Душанбеи расмиро озурда сохт, Ҳ.Умаров изҳор дошт, дар ин маврид айби мо низ ҷой дорад, зеро сиёсати хориҷии мо низ гоҳе калаванда аст ва баъзан мо фаромӯш месозем, ки Русия шарики стратегии мост, ҳарчанд ин нуктаро худи ҳукуматдорон изҳор медоранд. «Чунин тарзи муносибати Русия ба масъала стратегӣ набуда, балки тактикӣ аст ва ҷавобгӯи манфиатҳои Русия мебошад, зеро Русия дарк месозад, ки Ӯзбекистон бозингари асосии минтақа аст», – гуфт Ҳ.Умаров.



Пофессор таъкид месозад, вазъи имрӯза, ки бинобар қатъи тронзити барқи Туркманистон кишвари мо ба он мувоҷеҳ гаштааст, бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон бояд ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғун тамоми чораҳоро биандешад, то аз вобастагии энергетикӣ ба кишварҳои дигар раҳо ёбад.


Реклама на asia+

Дар Дарвоз бар асари ба дарёи Панҷ сарозер рафтани мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа ронанда фавтид

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари садама дар мавзеи Куфоби ноҳияи Дарвоз афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид.




Тавре навбатдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Дарвоз Идибек Ватанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 26-уми январ мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа, ки қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ мекард, ба дарёи Панҷ сарозер рафт. «Дар натиҷа ронандаи мошини зиреҳпӯш ба ҳалокат расида,

ҷасади


лейтенанти калони вазорати дифои кишвар – Улуғбек Ғоибов ҳанӯз пайдо нашудааст

», – гуфт манбаъ.



Ба гуфтаи додситони низомии гарнизони Хоруғ Фармон Шарипов, ҷиҳати ошкор сохтани ҷузъиёти рух додани садама ба ҷои ҳодиса муфаттиш сафарбар гардид.


Реклама на asia+

Шаҳрдории Душанбе аҳолиро даъват мекунад, ки бо дарки масъулият ба реҷабандии барқ муносибат намоянд

0



           

Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе реҷабандии истифодаи маҳдуди барқ дар пойтахтро, ки аз рӯи ночорӣ аз 27-уми январ ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ сохт, дастгирӣ намуд.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин мақсад қарори мутобиқи раиси шаҳр содир шуд, ки тибқи он интиқоли қувваи барқ ба ҷуз иншооти таъиноти махсус, ба сокинни микрорайону маҳаллаҳо аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ қатъ мегардад.




           

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти шаҳрдории пойтахт аз скоинон даъват ба амал меорад, ки бо дарки масъулият ба чунин вазъ муносибат дошта, аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намоянд.


Реклама на asia+