Аз рӯйи ҳолатҳои сабтшудаи сирояти коронавирус дар минтақа Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол мекунад. Ҳарчанд дар бораи аввалин ҳолатҳо охирин хабар дода буд.
Хабаргузории АКИpress ҷадвали афзоиши шумори ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирусро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то 9 июни соли 2020 таҳия намудааст.
Қазоқистон — 13 074;
Тоҷикистон — 4609;
Ӯзбекистон — 4448;
Қирғизистон — 2055.
Шумори фавтҳои вобаста ба COVID-19:
Қазоқистон — 58;
Тоҷикистон — 48;
Қирғизистон — 24;
Ӯзбекистон — 18.
Дар Туркманистон коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳодисаҳои аввали сироятёбӣ моҳи март ва дар Тоҷикистон – 30 апрел ба қайд гирифта шуданд.
Дар рейтинги бехатарӣ оид ба COVID-19 байни 200 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 124-умро ишғол кард. Раддабандии Deep knowledge group бар асоси 130 нишондиҳандаи хушсифат ва сершумор, зиёда аз 11 400 бандҳо бо назардошти омилҳое чун самаранокии тадбирҳои карантинӣ, пайгирӣ, ташхис, омодагии низоми тандурустӣ ва ғайра тартиб дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.