Чармгарон обод мешавад

Дар доираи лоиҳаи «Саҳмгузорӣ дар паст кардани ҳолатҳои фавқулодда ва барқароркунии фаврии баъдибӯҳронӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Шӯъбаи пешгирии бӯҳрон ва барқарорсозии БР СММ маблағгузорӣ мешавад, дар маҳаллаи Чармгарони шахри Кӯлоб тиҷорати хурд ривоҷ ёфта истодааст. Бадбахтии 7-8 маи соли гузашта бар сари сокинони ш. Кӯлоб омада, ки дар натиҷаи боришоти зиёд сел рух […]

БРСММ


Дар доираи лоиҳаи «Саҳмгузорӣ дар паст кардани ҳолатҳои фавқулодда ва барқароркунии фаврии баъдибӯҳронӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Шӯъбаи пешгирии бӯҳрон ва барқарорсозии БР СММ маблағгузорӣ мешавад, дар маҳаллаи Чармгарони шахри Кӯлоб тиҷорати хурд ривоҷ ёфта истодааст.

Бадбахтии 7-8 маи соли гузашта бар сари сокинони ш. Кӯлоб омада, ки дар натиҷаи боришоти зиёд сел рух дода, мувофиқи маълумотҳои Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии таъҷилӣ дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (РЕАКТ) ҷони 22 нафарро рабуд, 50 нафар бе ному нишон гашт, аз 200 нафар зиёд захмдор шуданд ва 4 000 нафари дигарро бе хона монда хаҷми зарари молӣ тақрибан 900 миллион сомонӣ унвон шуд, то ҳол мардумро ба шигифт меандозад. Асосан аз ин офати табиӣ мардуми маҳаллаи Чармгарон осеб диданд ва барои ҳамин, дафтари дар Кӯлоб будаи Барномаи Рушди СММ тасмим гирифт, дар асоси лоиҳаи «Саҳмгузорӣ дар паст кардани ҳолатҳои фавқулодда ва барқароркунии фаврии баъдибӯҳронӣ дар Тоҷикистон» ба сокинони он кӯмак намояд. Ба ин хотир, баъди рух додани ҳодиса БРСММ барои аз сангу хок тоза кардани 300 ҳавлӣ маблағ ҷудо намуда, инчунин барои барқарор намудани иншоотхои ёрирасони 50 хона, ки ҳангоми вазъияти фавқулодда таги об монда буданд, мусоидат намуд.

Тавре раиси Маркази дастгирии ҷамоати «Кӯлоб»-и ш. Кӯлоб Гулбаҳор Қурбонова ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, дар доираи лоиҳаи мазкур бо усули бригадавӣ ва ҳашар 300 хоҷагӣ аз сангу хоки ба ҳавлиҳо рехта тоза карда шуда, бо ин мақсад техникаи калон иҷора гирифта, кор фармуда шудааст. Ғайри ин, БРСММ барои 100 хонаводае, ки чорвои калон ва хурди шохдорро дар натиҷаи обхезӣ талаф дода буданд, ёрии дода ба онхо хайвони калони шохдор дастрас намуданд .

— Бояд зикр намуд, ки ҳангоми ин ҳолатҳои фавқулодда пеш аз ҳама занҳо азият кашиданд, чунки онҳо амнияти кӯдакону пайвандони худ ва ҳифзи молу мулкашонро аз ҷонашон болотар гузоштанд. Аз ин сабаб, барои ривоҷ додани соҳибкории хурду миёна ва пеш аз ҳама дастгирӣ намудани оилаҳои осебдида, дафтари дар Кӯлоб будаи Барномаи Рушд тасмим гирифт, ки ба 25 нафар зани соҳибкор аз ин маҳалла 25 тандӯри нонпазӣ сохта, онҳоро инчунин бо орду ҳезуму равған таъмин созанд, то ки занҳо тавонанд нон пухта, онро дар бозори маҳаллӣ фурӯшанд ва ба ин минвол, зиндагии худро пеш баранд, — нақл мекунад Гулбаҳор.

Тавре дар сӯҳбат сокини ин маҳал, муаллимаи собиқадор Давлатмоҳ Бойматова иброз дошт, онҳо аз ёрии башардӯстонаи Барномаи Рушд хеле миннатдоранд, чунки чунин иқдом ба занон барои кӯшиш намудан ба тиҷорати хурд, яъне амал кардан водор мекунад.

— Русҳо як мақоли хуб доранд: «Маро моҳӣ хӯрдан не, балки аз дарё қапидани онро биёмӯз!». Дар ҳақиқат, БРСММ моро на бо ёрии якдафъаинаи башардӯстона, балки бо олоти меҳнат таъмин кард, ки аз садҳо ёрӣ бартарӣ дорад.

Бояд зикр намуд, ки иқдоми мазкур ба занон дар кӯшиши сохтани ҷамоаҳои ба таҳдидҳои иқлимӣ, обу ҳаво ва дигар таҳдидҳо устувор мусоидат менамояд.

Мо бо кормандони дафтари дар минтақаи Кӯлоб будаи БРСММ ба хонаи яке аз сокинони маҳаллаи Чармгарони поёни ш. Кӯлоб ташриф овардем. Шайдулло Самадов ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки дидани ҳавлии вай баъди селзанӣ ончунон даҳшатбор буд, ки онро ба қалам дода намешавад.

— Хоку лой то 1,5 метр баланд шуда, 5 маротиба аз ҳавлӣ бо мошинҳои калон хоку гил баровардем. Бо ёрии Созмони Миллали Муттаҳид бо экскаватор хокро чаппа намуда, бо мошинҳои боркаш берун аз шаҳр бароварда мепартофтем. Ҳоло хоктӯдае, ки дар ҳавлии ман мебинед, боқимондаи он гили дар натиҷаи сел омада мебошад, — мегӯяд ӯ ва ба мо мобайни ҳавлиро нишон медиҳад.

Дар ҳақиқат, ҳолати ҳавлӣ хеле ҳузнангез аст. Соли дуюм аст, ки дар саҳни ҳавлӣ чизе корида намешавад. Имрӯз соҳибхона бо фарзандонаш барои бардоштани девор аз ҳамон хоку гили рехта хишт тайёр мекунад. Вай ва ҳамсояҳояш аз ёрии бедареғи кормандони БРСММ хеле миннатдоранд. Ба гуфти кампире, ки дар баромадгоҳи кӯча моро хайрамақдам мегуфт: «Шумо мора нигаҳ карден, Худо шумора нигаҳ кунад!».

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Материал доступен на этих языках:

Схожие материалы

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Последние новости

Коммерсбонк Точикистон

Последние новости
Свежее

Внешняя торговля Таджикистана выросла до $3,8 млрд, но дефицит достиг $2,4 млрд

Импорт в январе–апреле 2026 года почти в 4,5 раза превысил экспорт.

В Польше выросло число мигрантов из Центральной Азии, в том числе из Таджикистана — эксперт

Многие мигранты из стран ЦА все меньше хотят работать в России и осваивают новые направления.

В Душанбе усилили контроль за ценами перед праздником Иди Курбон

На рынках столицы проводят рейды и разъяснительные беседы с продавцами, а нарушителям грозят административные протоколы.

Сабохат Косимова: «Сцена — священное место, и только человек искусства может обрести здесь и имя, и хлеб»

Ее жизнь стала частью истории таджикского театра, в которой сцена, семья и судьба оказались неразделимы.

Три дня, три мировых рекорда и новый образ Ташкента как гастрономической точки региона

Впервые в истории Узбекистана в рамках одного фестиваля были установлены сразу три мировых гастрономических рекорда

В Душанбе начали курсировать еще 30 новых электробусов

Каждый из них рассчитан на 100 пассажиров и может проезжать до 300 километров без подзарядки.