Об ҳаёт мебахшад

Татбиқкунии лоиҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар минтақаи Кӯлоб.  Тибқи қарордоди сессияи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи «Об барои Ҳаёт» эълон шудааст. Ин иқдом барои ҷалб намудани диққати на танҳо давлат, балки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба масоили дастрасӣ ба оби ва тозагии он мебошад. Мо дар мамлакате зиндагӣ дорем, […]

БРСММ


Татбиқкунии лоиҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар минтақаи Кӯлоб. 


Тибқи қарордоди сессияи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи «Об барои Ҳаёт» эълон шудааст. Ин иқдом барои ҷалб намудани диққати на танҳо давлат, балки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба масоили дастрасӣ ба оби ва тозагии он мебошад.



Мо дар мамлакате зиндагӣ дорем, ки мувофиқи арзёбии ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ, дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, аммо дар баробари ин, аз нисф зиёди аҳолии он ба оби тоза дастрасӣ надорад. Мувофиқи тадқиқотҳо, танҳо 40% аҳолии кишвар дар хона ва ҳавлӣ об гузаронидаанд. 33% аҳолӣ обро аз сарчашмаҳои номуайян мегиранд, яъне тоза будани он зери шубҳа мемонад.

Дафтари дар Кӯлоб будаи Барномаи Рушд ҳанӯз солҳои 1996-1997 ба иҷрои ин лоиҳахо даст зада ва лоихахе зиёдеро нисбати дастраси бо оби нушоки ба анчом расонидааст. Дар солхои 2008-2009 БР СММ дар минтакаи Кулоб дар се ноҳияи худ – Шӯробод, Балҷувон ва Фархор се иншооти обтаъминкуниро аз нав барқарор намуд. Ҳамаи иншоотҳои номбаршуда дар баланси ҷамоатҳо вогузор карда шуда, миқдори умумии аҳолии аз об истифодабаранда 5000 нафар мебошад.

Масалан, дар деҳаи Мулкони ҷамоати Балҷувони ноҳияи Балҷувон хатти оби нӯшокӣ аз нав таҷдид гардида, буҷаи лоиҳа $43 ҳазорро ташкил дод. Гузаронидани хатти об дар деҳаҳои Шафтолубоғ ва Тугули ҷамоати Фархори ноҳияи Фархор, ки ҳанӯз соли 2004 ба итмом расонида шуд, маблағи умумии 23 137 Евроро ташкил дод. Дар назди Маркази дастгирии ҷамоати Фархор Кумитаи истифодабарандагони об таъсис дода шуд. Ин иқдом ба 462 хоҷагӣ, яъне 3 653 нафар имкон дод, ки аз оби тозаи ошомиданӣ бархӯрдор бошанд. Аммо 7 моҳ набудани қувваи барқ ба он оварда расонд, ки системаи обтаъминкунӣ аз сабаби набудани шароитҳои техникӣ барои пайвастани трансформатори зеристгоҳи барқӣ аз кор мондааст.

Чуноне, ки масъулони дафтари дар минтақаи Кӯлоб будаи БРСММ иброз доштанд, худи ҷамоатҳо имконияти воқеии нигоҳубин ва истифодаи иншоотҳои инфрасохториро, аз он ҷумла, обтаъминкуниро надоранд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагиҳо бошад, ҳамаи иншоотҳои инфрасохторӣ, аз он ҷумла системаи обтаъминкунии маҳал ба баланси ҷамоат гузаронида мешавад.

Барои ҳамин вақти он расидааст, ки бо мақсади беҳтар сохтани механизми самаранок истифода бурдани иншоотҳои барқароршаванда, сохтори наве таъсис дода шавад, ки дар асоси худидоракунӣ дар ҳар ноҳия бо техникаи моддии лозима ва мутахассисони баландихтисос барои истифода ва нигох доштани системахои обтаъминкунии маҳаллӣ таъсис дода шавад. Дар шароити кунунӣ бо таъмини оби нӯшокӣ дар деҳотҷой корхонаи «Тоҷикобдеҳот» сару кор дошта метавонад ва танҳо ба ин коргоҳ вогузор кардани ҳамаи иншоотҳои таъминкунии деҳот бо об зарур аст.

Ин иқдом барои самаранок ва беталаф истифода бурдани оби ошомиданӣ мусоидат менамояд.

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Материал доступен на этих языках:

Схожие материалы

Оби зулол

Последние новости

Последние новости
Свежее

Между ностальгией и гуманизмом: Душанбинскому зоопарку — 65 лет

Подготовили новую фотоленту об обитателях столичного зверинца.

«Я никогда не жалела террористов «Крокуса»: певица Манижа развеяла мифы о своей деятельности

Фейки о певице в последнее время распространяют некоторые российские СМИ.

В Турции подорожает ВНЖ: с 1 мая сборы вырастут в несколько раз

Под новые ставки попадают почти все категории ВНЖ.

Страны Центральной Азии будут сообща повышать сейсмоустойчивость региона

Главы спасательных ведомств договорились усилить обмен данными и создавать механизмы раннего предупреждения.

Только треть плана выполнена: в парламенте Таджикистана раскритиковали реализацию языковой программы

Таджикские депутаты высказали недовольство неграмотным использованием государственного языка в рекламе.

Глэмпинг по-таджикски: роскошный отдых приходит в горы

Рынок глэмпинга в Центральной Азии набирает обороты

Месяц назад в Фархоре молодые люди истязали щенка. Мучители все еще не наказаны

Даже видео – фактическое признание жестокого обращения, которое, скорее всего, завершилось убийством – не стало поводом для милиции заняться этим делом.

Вода как нефть. В Центральной Азии усиливается дискуссия о платном водопользовании

Центральная Азия может пересмотреть свои прежние договорённости.