Тоҷикистон аз воридоти энергияи қиммати Русия даст мекашад

                Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Арзиши нерӯи барқ ва гази Русия нисбат ба арзиши чунин захоир аз кишварҳои ҳамҷавор бамаротиб баланд аст, аз ин рӯ ҳарчанд дар давраи тирамоҳу зимистон мо ба он эҳтиёҷи зиёде дошта бошем ҳам, эҳтимоли воридоти он аз Русия ба ҷумҳурӣ ҳатто баррасӣ намешавад», – изҳор дошт вазири […]

Пайрав Чоршанбиев




            






  




Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Арзиши нерӯи барқ ва гази Русия нисбат ба арзиши чунин захоир аз кишварҳои ҳамҷавор бамаротиб баланд аст, аз ин рӯ ҳарчанд дар давраи тирамоҳу зимистон мо ба он эҳтиёҷи зиёде дошта бошем ҳам, эҳтимоли воридоти он аз Русия ба ҷумҳурӣ ҳатто баррасӣ намешавад», – изҳор дошт вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар мавзӯи шарҳи изҳороти дирӯзаи сафири Русия дар Тоҷикистон оид ба интиқоли нерӯи барқу газ аз Русия ба ҷумҳурии мо.





           

Дар ҳамин ҳол вазир зикр кард, ки чанде қабл аз раҳбарияти ширкати «Газпром»-и Русия дархост карда шудааст, ки ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи газ дар чаҳор кони нафту газдори Тоҷикистон сурхат бахшида шавад.




           

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов маҳз ба масъалаи азхудкунии захираҳои нафту гази Тоҷикистон аз ҷониби Русия тавааҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.




           

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки коршиносони корхонаи фаръии «Газпром» -«Зарубежнефтегаз» дар кони Саргазони вилояти Хатлон корҳои иктишофиву таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, вале геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои он шинос накардаанд.



Номбурда зикр кард, ки ҳанӯз ду сол қабл ширкати русиягӣ ҳамчунин барои баргузории корҳои иктишофиву таҳқиқотӣ дар кони «Ренгон»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ иҷозатнома гирифтааст, вале то ҳол дар ин ҷо ба кор шурӯъ накардааст. «Зарубежнефтегаз» барои баргузории чунин корҳо дар конҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сариқамиш»-и ин ноҳия низ иҷозатнома дорад», – гуфт ӯ.



Ёдовар мешавем, ки ҳамкории То


ҷ


икистону Русия дар соҳаи азхудукунии захоири нафту гази ҷумҳурӣ

 

тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратег


ӣ


дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва То


ҷ


икистон танзим мегардад.



Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром»


ҷ


иҳати баргузории корҳои геологии ом


ӯ


зиш


ӣ


дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешг


ӯӣ


мешаванд, и


ҷ


озатнома дода шуда буд.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.