Раиси пойтахт муовинони худ ва раисони ноҳияҳоро назди мардум сафарбар кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он, аз 11-уми феврал то 5-уми июн, рӯзҳои душанбе то панҷашанбеи ҳар ҳафта дар тамоми микрорайонҳои пойтахт вохӯриҳои мақомоти раҳбарии шаҳрдорӣ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти интизомӣ ва вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияву шаҳр бо аҳолӣ баргузор мегардад. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он, аз 11-уми феврал то 5-уми июн, рӯзҳои душанбе то панҷашанбеи ҳар ҳафта дар тамоми микрорайонҳои пойтахт вохӯриҳои мақомоти раҳбарии шаҳрдорӣ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти интизомӣ ва вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияву шаҳр бо аҳолӣ баргузор мегардад.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар мулоқот бо аҳолии пойтахт масоили ободикунонии шаҳр, риояи қонун, расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва дигар масоили рӯзмарра баррасӣ шуда, мувофиқи имкон мушкилоти ҷойдошта таъҷилан дар маҳалҳо ҳал карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев, роҳбарияти мақомоти милисаи пойтахт, раиси ноҳия ва вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияи Сино бо аҳолии ноҳияи Сино, муовини раиси пойтахт Санавбар Раҳимова, мақомоти раҳбарии Раёсати КДАМ-и пойтахт, раиси ноҳияи И.Сомонӣ ва вакилони ноҳия бо аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров, роҳбарияти Раёсати ВКД-и пойтахт, раиси ноҳияи Шоҳмансур ва вакилони ноҳия бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур ва муовини раиси пойтахт Бурҳон Назаров, роҳбарияти РКДАМ-и Душанбе, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва вакилони ноҳия бо аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриҳо анҷом медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бораи макон ва вақти баргузории ин вохӯриҳо аҳолӣ пешакӣ огоҳ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.