Соли равон дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ба муносибати 68-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) баргузор кардани гузаштҳои низомӣ дар назар нест.
Тавре аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, субҳи рӯзи 9-уми май маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдбуди ҷанговарон дар Боғи Ғалаба аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа ба нақша гирифта шуда, дар ин маросим афсарону сарбозони гарнизони Душанбе, иштирокчиён ва собиқадорони ҶБВ ва намояндагони аҳли ҷомеа низ ширкат меварзанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бо супориши сарвари давлат Вазорати молия ба иштирокчиёну собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ кӯмаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо мекунад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ собиқадоронро бо мукофтиуҳои пуливу туҳфаҳо сарфароз мегардонанд.
Соли ҷорӣ ҳукуматдорони кишвар то ҳол ҳаҷми кӯмаки якдафъаина ба иштирокчиёну собиқадорони ҶБВ ва кормандони ақибгоҳ дар давраи ҷангро эълон накардаанд.