Дар Шӯрообод аз қочоқчиёни афғон 252 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд

Date:


Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар самти Шӯроободи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ду маротиба – рӯзҳои 16 ва 23-уми сентябри соли ҷорӣ аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд.




«Бо истифода аз оташфишонӣ аз он сӯи марз қочоқчиёни афғон мехостанд ба Тоҷикистон беш аз 252 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ интиқол диҳанд», – изҳор дошт манбаъ. Ба иттилои сарчашма, 30 килои маводи мухаддирро афюн ва 80 дарсади боқимондаи онро маводи мухаддири навъи ҳашиш ташкил медиҳад.



Зикр гардид, ки якчанд қочокчиёни афғон нобуд карда шудаанд ва феълан дар мавриди ошкор сохтани аъзои боқимондаи гурӯҳи қочоқбар корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ идома доранд.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...