Тоҷикистонро барои барқарорсозии бахши энергетика лозим аст, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқро то 4 сент афзоиш диҳад

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистонро барои барқарорсозии ҳамаи шабакаҳои интиқоли барқ лозим аст, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқро то 4 сент афзоиш диҳад. Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ арзон аст, зеро […]

Виктория Наумова


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистонро барои барқарорсозии ҳамаи шабакаҳои интиқоли барқ лозим аст, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқро то 4 сент афзоиш диҳад.




Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ арзон аст, зеро қариб ҳамаи нерӯгоҳҳои обию барқӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохта шудаанд. Ӯ зикр кард, ки айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар сатҳи 1,5 сент қарор дорад ва барои таъмини нерӯи барқи доимӣ сармоягузории зиёд зарур аст.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки тибқи назарсанҷии Бонки ҷаҳонӣ, аҳолии Тоҷикистону Қирғизистон омодаанд, бо қиммати бештар арзиши истифодаи барқро пардохт намоянд, вале танҳо дар сурате, ки он доимиву босифат бошад.



«Дар соҳаи энергетика Тоҷикистон имконоти фаровонеро дорост, – гуфт ӯ. – Иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ба андозаи 40 ҳазор МВт арзёбӣ мегардад, ки аз ин ҳисоб танҳо 10 фоизаш истифода мешавад ва ҳамчунин кишвар аз захираҳои ғании ангиштсанг низ бархӯрдор аст».



Р.Шарма таъкид сохт, ки Бонки ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки танҳо пас аз қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар сурат гирад».



Зимни шарҳи масъалаи таҳияи заминаи иқтисодиву техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» намояндаи Бонки ҷаҳонӣ иброз дошт, ки таҳияи он ҳамаи паҳлӯҳои масъала, аз ҷумла таъсири он ба муҳмити зистро низ ба назар хоҳад гирифт ва пас аз анҷоми таҳияи лоиҳа бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон низ машваратҳо баргузор карда хоҳанд шуд.



Р.Шарма қайд кард, ки ширкатҳои «НорскГидро», «Гидро-Квибек» ва ширкатҳои Русия метавонанд ба сифати сармоягузорони нерӯгоҳи мазкур интихоб гарданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.