ИМА ба Тоҷикистон барои таҳкими амният маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Тоҷикистон барои таҳкими амният маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ маросими ба имзорасии ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи амният баргузор мешавад. Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Тоҷикистон барои таҳкими амният маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ маросими ба имзорасии ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи амният баргузор мешавад.




Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки созишномаи мазкур ҳамчунин роҳандозии чорабиниҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир ва таҳкиму беҳбуди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.



Асноди ҳамкориро сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба имзо мерасонанд. Маросими ба имзо расидани созишнома дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон доир мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.