Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои кории СҲШ дар Душанбе масъалаҳои амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ баррасӣ мешаванд

Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Шӯрои корӣ ва Шӯрои ҳамкории байнибонкии ин созмон доир мегардад. Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи корӣ 26-уми август дар Душанбе баргузор шуда, дар он масоили […]

Виктория Наумова


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Шӯрои корӣ ва Шӯрои ҳамкории байнибонкии ин созмон доир мегардад.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи корӣ 26-уми август дар Душанбе баргузор шуда, дар он масоили амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, рушди бахши сайёҳӣ ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ҷаласа Тоҷикистонро ҳайати кишвар таҳти роҳбарии раиси қисми миллии Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид роҳбарӣ мекунад.



Дар ҳамин ҳол, аз Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар доданд, ки аз 24 то 27 август дар шаҳри Хуҷанд Маҷлиси 4-уми Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ баргузор мегардад. Дар маҷлис намояндагони бонкҳои кишварҳои узви созмон масъалаҳои ҳамкории бонкҳоро баррасӣ хоҳанд кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.