Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат рафт

Date:




              Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз


президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат рафт ва ният дорад, дар он ҷо аз фаъолияти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ намояд.


           


Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки президент аз хоҷагии деҳқонии «Саидраҳмон»-и ҷамоати «Баҳор»-и ноҳия боздид карда, бо ҷараёни корҳои кишоварзон ва рафти кишти такрорӣ аз нздик шинос шуд. Ба иттилои манбаъ, айни замон Э.Раҳмон дар боғи «Ориёно»-и ҷамоати Чиртак аст.




Дар нимаи дуввуми рӯз сарвари давлат дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ ширкат хоҳад варзид, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар семинар масоили истифодаи самараноки замин, афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва оқилона гузаронидани кишти такрорӣ муҳокима хоҳанд гардид.



Бино ба иттилои манбаъ, ба иштирокдорони семинар дастуру тавсияҳои Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ ва Раёсати илмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба «Гирифтани ҳосили дуввум ва истифодаи самараноки заминҳои обӣ»пешниҳод мегарданд. Да доираи баргузории семинар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ доир гардида, иштирокчиёни семинар аз корхонаи паррандапарварии «Наврӯз» боздид крда, бо таҷрибаи пешқадами тарзи фаъолияти корхона аз наздик ошно хоҳанд гашт.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...