Дар ду рӯз сатҳи оби обанбори НОБ-и «Норак» як метр зиёдтар шуд

            Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл муовини раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик Уғулой Хоҷаева ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кормандони ширкат тавассути чархбол қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистонро назорат карданд ва дар натиҷа маълум шудааст, ки дар кӯҳҳо барф намондааст.   «Акнун танҳо ба болоравии ҳарорат аз 45 дараҷа зиёдтар умед мебандем, […]

Аваз Юлдошев




           



Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл муовини раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик Уғулой Хоҷаева ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кормандони ширкат тавассути чархбол қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистонро назорат карданд ва дар натиҷа маълум шудааст, ки дар кӯҳҳо барф намондааст.

 




«Акнун танҳо ба болоравии ҳарорат аз 45 дараҷа зиёдтар умед мебандем, зеро чунин ҳарорат ба барфшавии пиряхҳо муосидат мекунад ва то мавсими гармидиҳӣ обанбори Норак дар сатҳи зарурӣ бо об пур мешавад», – гуфт ӯ. Мувофиқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта обанбор дар сатҳи зарурӣ то 17-уми сентябр пур шуда буд, имрӯз бошад, то сатҳи зарурӣ боз 17 метри дигар мондааст.



Ба иттилои сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ, тайи ду рӯзи ахир бар асари баландшавии ҳарорати гармӣ то 44-45 дараҷа сатҳи воридшавии об ба обанбор то 1 ҳазору 760 метри мукааб расидааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар соли равон мебошад. «Дар ин муддат сатҳи оби обанбор беш аз


1 метр

зиёдтар шуд», – афзуд Н.Ёдгорӣ.



Ёдрас мекунем, ки вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.



Дар ҳамин ҳол, муовини сармуҳандиси  ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Рустам Раҳимов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шояд аз моҳи август оғоз гардад ва ширкат бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.