Дар Тоҷикистон аллакай 10 тавсияи истифодаи меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молиявӣ ҷорӣ гашт

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз дар Тоҷикистон 10 тавсияи истифодаи Меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молиявӣ (МБҲМ)   ҷорӣ карда шуд. Муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ин самт аслан вазорати молия, гурӯҳи кории таҳияи тавсияҳои дастурии назди Донишкадаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Тоҷикистон ва Шӯрои […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз дар Тоҷикистон 10 тавсияи истифодаи Меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молиявӣ (МБҲМ)

 

ҷорӣ карда шуд.




Муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ин самт аслан вазорати молия, гурӯҳи кории таҳияи тавсияҳои дастурии назди Донишкадаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Тоҷикистон ва Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматии гузаштан ба МБҲМ кор мебаранд.



Ба қавли Ҷ.Нуралиев, дар тавсияҳо тарзи истифодаи МБҲМ дар баҳисобгирии муҳосибии амалиёти молиявӣ ва хоҷагӣ шарҳу тафсир дода шуда, ҳамчунин баргузории намунаҳои амалии чунин тарзи таҳияи ҳисобот ва пешбурди кор ба нақша гирифта шудааст. «То охири сол Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматӣ ният дорад боз 24 тавсияи тарзи истифодаи МБҲМ-ро пазируфта, онро ҷорӣ намояд», – гуфт муовини вазир.



Мавсуф зикр кард, ки пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва намояндагони Департаменти байнулмилалии рушди молиявии Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ба вазорати молия муяссар гардидааст, ки оид ба пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар шакли таъмин намудан бо машваратчӣ аз ширкати консалтингии «


Corporate




Solutions




Consulting




Ltd


» (Бритониёи Кабир) бо онҳо ба тавофуқ бирасад. Машваратчӣ дар кори ислоҳот ва ҷорисозии МБҲМ дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

 




Ба иттилои муовини вазир муддати татбиқи тарҳ се солро дар бар мегирад. Ёдрас мекунем, ки Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати ҷорисозии МБҲМ ахири соли гузашта таъсис ёфта буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.