Тоҷикистон се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунӣ қарордоштаро ба Ӯзбекистон супурд

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Се нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишварашон ба содир намудани ҷиноёт гумонбар дониста шудаанду марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намудаанд, ба мақомоти Ӯзбекистон супурда шуданд. Иқдоми мазкур «далели нияти неки Тоҷикистон» номида шуда, дар мулоқоти 3-уми август доиргаштаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт. Шаҳрвандони Ӯзбекистон Анвар Менглиеви […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Се нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишварашон ба содир намудани ҷиноёт гумонбар дониста шудаанду марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намудаанд, ба мақомоти Ӯзбекистон супурда шуданд.




Иқдоми мазкур «далели нияти неки Тоҷикистон» номида шуда, дар мулоқоти 3-уми август доиргаштаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт. Шаҳрвандони Ӯзбекистон Анвар Менглиеви 26-сола, Файзиддин Рӯзиеви 21-сола ва Зариф Ҷӯраеви 20-сола дар таърихи 11-уми июл аз ҷониби марзбонони тоҷик дастгир шуда, бо дархости кишвари ҳамсоя ба онҳо бозпас гардонида шуданд.



Ба қавли яке аз боздоштшудагон А.Менглиев, онҳо сокинони ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё буда, бо асп тавассути маҳали кӯҳистони Боботоғ марзро убур намуда, мехостаанд, ки аз Турсунзода абрешим дастрас кунанд. Падари номбурда Давлат Менглиев низ фарзандашро дар посгоҳи назоратии сарҳадии «Бародарӣ» пешвоз гирифта изҳор доштааст, ки ҳақиқатан ҳам фарзандаш танҳо барои дастрасии абрешим ба Тоҷикистон рафтааст, вале дар роҳи бозгашт марзбонони ӯзбек сӯи онҳо тирпарронӣ мекунанд ва онҳо дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ мебаранд. Падари Файзиддин Рӯзиев гуфт, ки пас аз ин онҳоро мақомоти Ӯзбекситон дар пайгарди қонунӣ эълон мекунанд.




 

Тибқи баъзе маълумот ин се нафар аз ҷониби хадамоти махсуси Узбакистон дар даст доштан ба ҷиноёти дигар дар Узбакистон муттаҳам мешаванд, аммо ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқи ин иттилоот муяссар нагардид.



Иқдоми мазкур дар мулоқоти намояндагони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ шуданд.





Дар доираи мулоқот ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир гардид, ки мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт. Интизор меравад, ки ҷониби Ӯзбекистон ҳамтоҳои худро ба Ӯзбекистон низ ҷиҳати баргузории бозии ҷавобӣ даъват хоҳад кард.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.