Дар Хатлон велосипедрони 46-сола аз бархӯрд бо мошин ҳалок шуд

Date:


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қисмати ҷануби кишвар ба иллати беэҳтиётии ронанда велосипедрони 46-сола ба ҳалокат расид.




Аз дафтари матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ронандаи автомобили «Опел Астра» Меҳриддин Раҳимови 22-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Анварободи ноҳияи Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, велосипедрон Маҳмадалӣ Раҳимови 46-соларо зер мекунад. Аз ҷароҳатҳои бардошта велосипедрон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд.



Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асри он 2 нафар фавтида, 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштананд. Тибқи маълумоти раёсат, ҳафтаи сипаришуда дар кишвар 42 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 55 нафар ҷароҳат гирифтаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...