Дар Хатлон велосипедрони 46-сола аз бархӯрд бо мошин ҳалок шуд

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қисмати ҷануби кишвар ба иллати беэҳтиётии ронанда велосипедрони 46-сола ба ҳалокат расид. Аз дафтари матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ронандаи автомобили «Опел Астра» Меҳриддин Раҳимови 22-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Анварободи ноҳияи Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи автомобил […]

Валентина Кондрашова


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қисмати ҷануби кишвар ба иллати беэҳтиётии ронанда велосипедрони 46-сола ба ҳалокат расид.




Аз дафтари матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ронандаи автомобили «Опел Астра» Меҳриддин Раҳимови 22-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Анварободи ноҳияи Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, велосипедрон Маҳмадалӣ Раҳимови 46-соларо зер мекунад. Аз ҷароҳатҳои бардошта велосипедрон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд.



Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асри он 2 нафар фавтида, 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштананд. Тибқи маълумоти раёсат, ҳафтаи сипаришуда дар кишвар 42 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 55 нафар ҷароҳат гирифтаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.