С 2009 года пенсионеры Олег Гусейнов и Гульрух Юсуфи вместе с детьми и внуками продолжают оставаться на улице — без квартиры и денег на жилье. Судебные тяжбы длятся вот уже пятый год. Пенсионеры, устав от поиска справедливости и видя безысходность своего положения, намерены покончить жизнь самоубийством.
О бесконечных хождениях по судебным инстанциям столичного пенсионера Олега Гусейнова в поисках закона «АП» пишет с 2011 года.
История вопроса
Напомним, 74-летний Олег Гусейнов, проработавший больше сорока лет в органах госбезопасности, со своей супругой Гульрух Юсуфи — кандидатом биологических наук, доцентом факультета биологии ТНУ, в 2008 году решил купить более дешевое жилье. По его словам, во время поиска приемлемого жилья его семья из 7 человек арендовала съемную квартиру. В марте 2009 года Гусейнов находит для себя жилье по улице Маяковского, которое приобретает с соблюдением всех процедур купли-продажи недвижимости у жительницы столицы Хуршеды Султоновой. Гусейнов в присутствии свидетеля передает сумму в сомони равную $30 тысячам Х. Султоновой и нотариально заверяет сделку. Султонова просит О. Гусейнова повременить с переездом на 2-3 месяца, после чего она обещает освободить квартиру. Пенсионер, поверив в порядочность этой женщины, соглашается, но спустя несколько месяцев Х. Султонова вовсе отказалась от освобождения квартиры. Тогда Гусейнов обращается с исковым заявлением в столичный суд района Сино. Суд признает недействительным договор купли-продажи, но не обязывает Х. Султонову вернуть взятую ею сумму. Позднее постановлением коллегии по гражданским делам суда города Душанбе кассационная жалоба Гусейнова признается необоснованной, и решение суда района Сино остается без изменений.
Между тем, по словам адвоката истца во время процесса было установлено, что Х.Султонова продала свою квартиру О.Гусейнову за $30 тысяч
и после этого дала деньги в кредит Файзали Халилову. В его отношении по факту «мошенничество» управлением антикоррупционного ведомства было возбуждено уголовное дело по 13 эпизодам.
— Ф. Халилов, который был одним из подельников Х. Султоновой, приговором суда был осужден на 10 лет и 6 месяцев лишения свободы, — утверждает адвокат.
Кроме этого, по его мнению, суд не дал по этому делу объективную оценку. Не принял также к сведению и противоречивость в показаниях свидетелей и обстоятельствах дела.
— Если бы суд дал объективную оценку действиям Султоновой, то можно было бы привлечь и ее саму к уголовной ответственности по ст. 247 УК РТ (мошенничество), — уверяет адвокат.
После бесконечных тяжб и хождений от одной инстанции в другую, от одного чиновника к другому пенсионер, отдавший всю свою жизнь служению государству, не может добиться правды и справедливости.
— Я уже четвертый год оставлен с семьей, детьми и внуками на улице. Не могу добиться, чтобы нам вернули или приобретенную законным путем квартиру, или деньги, которые мы отдали за нее. Неужели у нас нельзя добиться правды честным, законным путем? – недоумевает О. Гусейнов.
Между тем, в декабре 2012 года в редакцию «АП» поступил ответ Верховного суда за подписью заместителя председателя М. Ашурова на публикацию «По-прежнему без денег и без квартиры» в №58(745) за 2012 г. В ответе, в частности, говорилось: «… доводим до вашего сведения, что в связи с тем, что судебные решения по данному гражданскому производству были вынесены с нарушениями процессуальных норм, а также нарушением материального права, Коллегия по гражданским делам Верховного суда РТ 28 ноября 2012 года своим постановлением отменила решение суда района Сино от 4 мая 2012 года и постановление коллегии по гражданским делам душанбинского горсуда от 5 июля 2012 года. Данное дело передано для нового судебного рассмотрения в душанбинский горсуд».
— Но впоследствии решение суда первой инстанции было оставлено без изменений, и пенсионер не получил ни денег, ни квартиры, — говорит адвокат О. Гусейнова.
А воз и ныне там
По словам адвоката, последняя надзорная жалоба в Верховный суд РТ была подана 12 июля 2014 года, но своим определением от 29 июля судья Верховного суда Н. Алиев отклонил жалобу, мотивируя отсутствием оснований для пересмотра дела в надзорной инстанции.
— По нашему мнению, определение судьи Н. Алиева в полном объеме не соответствует законам и гражданско-процессуальным нормам, и ни один из доводов О.Гусейнова не был рассмотрен и обсужден судом. Хотя имелись многочисленные достоверные доказательства Гусейнова, на основании которых можно было прийти к конкретным выводам о незаконности принятого решения суда первой инстанции, — говорит адвокат.
По словам самого Олега Мирзоевича, у него не осталось больше сил и средств для продолжения поисков справедливости.
— Я живу с семьей с 2009 года на съемной квартире, срок найма которой закончится через месяц. У нас не осталось иного выхода, как покончить жизнь самоубийством. Наверное, это единственный способ решения проблемы, потому что уже который год мы не можем добиться правды, — говорит О. Гусейнов.
Между тем
На днях Олег Гусейнов и его супруга Гульрух Юсуфи обратились с обращением на имя президента РТ Э. Рахмона. Копия его поступила и в редакцию «АП». В обращении супруги указывают на необъективное рассмотрение их вопроса судебными органами Таджикистана, подробно описывают произошедшее и просят главу государства защитить их конституционные права и от чиновничьего произвола, иначе у них не остается другого выхода, как свести счеты с жизнью.
Полный текст обращения пенсионеров на таджикском языке:
Ариза
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ ман Гусейнов О. М. нафақахӯр-74-сола муддати зиёда аз 40 сол дар мақомоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат доштам. Завҷаам Юсуфӣ Г.И. нафақахӯр 77-сола ходими илм, номзади илмҳои биология.
Моро беадолатӣ ва бесалоҳиятии мақомотҳои судӣ маҷбур сохт, ки бо охирин умед ба Шумо муроҷиат намоем. Ману завҷаам 15.04.2009 дар асоси шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ таҳти феҳрасти 8Ш-1005 аз шаҳрванд Султонова Хуршеда Махмадовна ба маблағи 30000 (сӣ ҳазор) доллари ИМА хонаи ӯро харидорӣ намудем. Ягона гуноҳи мо дар он буд, ки ба ин зан бовар карда, бинобар сабаби ҷои истиқомат надоштанаш рухсат додем, ки 3-4 моҳи дигар дар ҳамин хона истиқомат кунад. Бо гузашти ин мӯҳлат мо аз ӯ хоҳиш кардем, ки хонаро холӣ кунад, аммо вай кашолакорӣ мекард ва дар охир ба мо иброз намуд, ки хонаро ӯ фурӯхтагӣ нест ва ба Суд муроҷиат менамояд. Ҳамин хел тақдири талхи мо ду нафар нафақахӯрон муддати 4 сол боз дар мақомотҳои судӣ идома дорад. Дар айни замон бо таъйиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Н.И. ирсоли парвандаи граждании мо дар асоси шикояти назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди марҳилаи назоратӣ рад карда шуд. Ман бо тамоми масъулияти шаҳрвандӣ иброз мекунам, ки агар адолати судӣ ҷой медошту он судяҳое, ки парвандаи моро баррасӣ карданд манфиатманд намебуданд, сад дар сад даъворо ба фоидаи мо ҳал мекарданд. Бинед, ки Суд то ҳамин дараҷа беадолатӣ, бевиҷдониро нишон дод, ки рӯйрост ба нишондодҳои беасоси ду нафар қалоби касбӣ, ки яке Халилов Файзалӣ ном дораду дар маҳбас аст, дигаре даъвогари қалбакӣ, ки муваққатан дар озодӣ аст, бовар карда, ба далелҳои исботкунанда ва ҳамзамон ҳуқуқмуайянкунандаи пешниҳоднамудаи мо на танҳо баҳои ҳуқуқӣ ҳатто онҳоро ба ҳисоб нагирифтанд. Чунки Султонов Х. аз ҳисоби авомфиребию қаллобӣ сарватманд асту бо ҳамон пулҳои ифлоси аз ману дигарон гирифтааш мавқеашро нигоҳ дошта истодааст. Ҳол он ки агар ҳақиқат, адолат, қонуният вуҷуд медошт, на танҳо даъво ба фоидаи мо ҳал мешуд, балки Султонов Х.М. барои ҷинояти қаллобӣ мутобиқи талаботи моддаи 247 қ.4 ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуд. Аммо сад афсус, ки мо нафақахӯрони байни ароф монда на пул дорему на пуштибон. Ҳатто рӯзи қабули раиси суди олӣ Абдуллозода Н. бо дили нохоҳам моро қабул карда, то охир гӯш накард. Вақто, ки ман гуфтам, ки 40 сол дар кумитаи бехатарии давлатӣ кор кардам (сӯҳбати мо забони русӣ буд), Абдуллозода чунин иброз кард: «Ну и что? Я 20 лет работаю председателем Верховного Суда, что должен хвалить себя?». Баъди ин суханон ману завҷаам гирякунон яз қабулгоҳи раиси суди олӣ баромад рафтем.
Мо боз як бори дигар ба Шумо Ҷаноби Олӣ мефаҳмонем, ки Султонов Х.М., ки яке аз ҳаммаслакони наздики қаллоби касбии Халилов Ф., ки айни замон оиди нӯҳ-даҳ лаҳзаи қаллобӣ дар маҳбас қарор дорад ва даҳҳо нафар мардумро фиреб дода буданд, аз ҷавобгарӣ озод мегардад. Яъне тафтишоти парвандаи Халилв Ф. Султонова Х.М.-ро аз гумонбаршуда ба шоҳид табдил медиҳад. Маҳз ҳамин ду нафар 30000 (сӣ ҳазор) доллари ИМА-и моро ба ивази манзили истиқоматӣ аз худ кардаанд ва бо маслиҳати пешакӣ дар суд бо як овоз нишон доданд, ки гӯё Халилов Ф. барои таъмири хонааш аз ман 30000 (сӣ ҳазор) доллари ИМА қарз гирифта, ҳуҷҷатҳои хонаи Султонова Х.М. – ро ба гарав гузошта бошад. Ин бараъло бардурӯғ буда, ба ягон хел ҳақиқат рост намеояд. Чунин ваҷҳи бардурӯғро Султонова ва ҳаммаслакаш танҳо бо мақсади аз худ кардани пули мо пешниҳод намуданд. Лекин суди манфиатманд ба далелҳои исботкунанда шартномаи хуриду фурӯши натариалии аз 15.04.2009 нишондоди шоҳиди аслӣ Шокаримов Юлдош, ки ҳатто бо аризаи хаттӣ ба Суди Олӣ муроҷиат кард, диққат намедод ва мавриди муҳокима низ қарор надодаанд.
Мо боз дигар далели раднашавандаеро меорем, ки аз хусуси қаллоб будани Султонова Х.М. шаҳодат медиҳад ва агар суд дар асл мақсади ба ҷо овардлани адолати судиро медошт, баррасии парвандаро чор сол кашола намекарду ҳанӯз соли 2009 қарори қонунӣ қабул мекард. Инак он далелро на танҳо барои судҳое, ки қаллобро дастгирӣ кардаанд, балки барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон пешниҳод менамоям. Бигзор ҳама донанд, ки судҳои мо ҳеҷ гоҳ тарафи мардуми камбағал ва бепуштибонро намегиранд, инчунин поймол кардани қонун низ барои онҳо як кори муқаррарӣ шудааст.
Чуноне, ки мо дар боло нишон дода гузаштем, хариду фурӯши хонаи баҳсиро бо Султонова Х.М. ҳанӯз моҳи марти соли 2009 маслиҳат карда будем. Султонова Х.М. бо мақсади фурӯхтани хонааш воқеъ дар кӯчаи Маяковский хонаи 8 ҳуҷраи 49 рӯзи 30.03.2009 бо аризаи хаттӣ ба сароди КФДБТИ ш. Душанбе бо чунин мазмун муроҷиат кардааст: «Ариз. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ба ман маълумотномаи хариду фурӯш диҳед. Хонаамро ба ҳеҷ кас фурӯхтагӣ нестам ва ба гарав намондаам. 30.03.2009. имзо».
Ҳамин ариза аллакай ҳаракатҳои қаллобии ӯро ошкор карда истодааст. Чунончи дар яке аз аризаҳояш аз ҳамон даврони соли 2009 дарҷ кардааст, ки хонаи истиқоматиашро ба воситаи дугонааш Қодирова Саодат барои гирифтани қарз ба Гусейнов О.М. ба фоидаи Халилов Ф. ба гарав монда будааст. Аммо суд лозим нашуморид аз Султонова Х.М. пурсад, ки Шумо 30.03.2009 маълумотнома гирифта будед, ки хонаатонро ба ягон кас фурӯхтагӣ ва ба гарав мондагӣ будед, пас дар асоси кадом ҳуҷҷат Шумо шиносномаи техникии хонаро дар шакли аслиаш ба Гусейнов О.М. ба гарав гузоштед. Ё худ суд боз метавонист пурсад, ки канӣ шартномаи гарав, доду гирифти қарзӣ ба маблагӣ 30000 (сӣ ҳазор) доллари ИМА байни Шумо, яъне Султонова Х.М., Хаплилов Ф ва Гусейнов О.М. Ин ваҷҳҳои бардурӯғро Султонова Х. бо маслиҳати пешакӣ бо Халилов Ф. бо мақсади аз худ кардани 30000 (сӣ ҳазор) доллари ИМА, ки аз нафақахӯр Гусейнов О.М. ба ивази хонааш гирифта буданд, овардаанд. Киро бовараш меояд, ки Гусейнов О.М. як шахси солҳои дароз дар мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат дошт, бе ягон ҳуҷҷати расмӣ ба Халилов Ф. 30000 (сӣ ҳазор) доллари ИМА бароварда қарз медодааст, ин ба ягон ақлу фаросати шахси солим рост намеояд.
Аз ин пеш, баъди оне, ки мо аз Султонова Х.М. хоҳиш кардем, ки хонаро холӣ кунад, охирин бо корманди шӯбаи кофтукови ҷинойии ШВКД-1 н. Сино бо номи Холов Зуҳуршоҳ забон як карда, маро ба милитсия даъват карда, аз саҳар то бегоҳ ғайриқонунӣ нигоҳ дошт. Бо таҳдиди он, ки ӯро, яъне Гусейновро бо тӯҳмати нигоҳ доштани нашъа ҳабс мекунад ва ӯ ҳеҷ гоҳ бегуноҳ буданашро исбот карда наметавонад, аз ман маҷбуран баёнот гирифт, ки гӯё аз Халилов Ф. шаш ҳазор доллари ИМА гирифта бошам. Баъди ин даъват таҳдиду муносибатҳои ғайриинсонӣ ман бемор шудам, ба беморхона бистарӣ шудам. Баъдтар аз завҷаам Юсуфӣ Г. фаҳмидам, ки ҳамон корманди милиса Холов З. ӯ ва писарашон Далерро даъват карда, дар ҳузӯри Султонова Х.М. ва ду нафар дугонаҳои қаллоби дигараш чунон дашномҳои кабеҳ медиҳад, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд. Танҳо як талаб мекарданд, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ба Султонова Х.М. баргардонида диҳем ва дигар даъво накунем.
Акнун диққати Шуморо ба дигар далели раднашаванда равона месозам, ки аз қаллоби касбӣ будани Султонова Х.М. – ро ба пуррагӣ тасдиқ мекунад. Чунончи дар муроифаҳои қаблии судӣ Султонова Х.М. нишондод дода, тасдиқ карда буд, ки ӯ маълумоти миёнаи пурра надорад, хонда ва навишта наметавонад. Дар мактаб то синфи 3 хонда аст. Аммо бардурӯғ будани нишондодҳои ӯ бо маълумоти шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки Султонова Х.М. то синфи 11 дар мактаби №10 н Восеъ таҳсил намуда, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ, бомуваффақият мактабро хатм намудааст, тасдиқ мешавад.
Ҳамин тариқ мо боз дигар далели раднашавандаеро меорем, ки қаллоб удани Султоноваро тасдиқ мекунад, ё худ Султонова Х.М. дар мурофиаҳои қаблии судӣ нишондод дода, тасдиқ карда буд, ки имзои дар шартномаи хариду фурӯш гузошта ба навиштаҷоти дар поёни шартномаи хариду фурӯш дарҷ гардида, ки бо чунин мазмун омадааст: «Квартираи мазкурро фурӯхтам, дар оянда даъво надорам» имзои ӯ нест ва навиштҷотро низ ӯ иҷро кардагӣ нест. Аммо ин ваҷҳи навбатии дидаю дониста, бараъло бардурӯғи Султонова Х.М. бо хулосаи ташхиси хатшиносӣ инкор карда шуда, исбот намуд, ки дар шартномаи хариду фурӯши манзил аз 15.04.2009 имзои гузошташуда аз тарафи худи Султонова Х.М. иҷро карда шуда, навиштаҷоти поёни шартномаи хариду фурӯши манзилро низ худи Султонова Х.М. иҷро кардааст.
Охир барои Суд боз чӣ гуна далелҳо лозим буд?!
Ба ин савол мо ҷавоб медиҳем, ки барои судҳо танҳо манфиатмандӣ, ғараз ва расидан ба мақсадҳои мақсадҳои нопоки худ бо роҳҳои ташкил кардани далелҳои қалбакӣ, ки ба фоидаи Султонова Х.М. равона буданд, лозим буд. Онҳо барои ба чунин мақсадҳои ниҳоии худ расидан на танҳо адолати судӣ ё савганди ёд кардаашон балки ба дигар… қодиранд, барои гуфтани ин калимаҳо забони инсон намепечад.
Мӯхтарам Ҷаноби Олӣ
Акнун баъди чунин беадолатиҳоро бо чашмони худ дидану бо гушҳоямон шунидан, ба чунин қабил судяҳо ва раисони онҳо бовар кардан мумкин аст?
Дар охир гуфтанием, ки мо ду нафар нафақахӯр дигар илоҷ надорем. Ягона роҳи халос шудан аз ғаму андӯҳ, таҳдиди муносибатҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби ашхоси номбурда марг беҳтар аст, ки дигар на манзил лозим мешаваду на дигар чиз.
Бо асосҳои боло ва бо дастрасии ҳуқуқҳои конститутсиониамон аз Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ хоҳиш менамоем, ки агар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адлу инсоф, ягон заррае имони мустаҳками мусулмонӣ дошта бошад, дастур диҳед, ки мушкилоти мо ду нафар нафақахӯрони барҷомондаро ҳал кунанд, вагарна мо тайёрем аз ин ҳаёти пурмашаққати миёни замину осмон монда даст ба худкушӣ занем.
Бо камоли эҳтиром ва як ҷаҳон умед нафақахӯрон:
Гусейнов О.М.
Юсуфӣ Г.И.
Нусха: ба муҳаррири газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Фараж»



