Сарфи назар аз обуҳавои номусоид, ҷамъоварии ҳосили пахта дар Тоҷикистон идома дорад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон ба санаи 9-уми ноябр ҳудуди 355 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 87%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла феълан дар вилояти Хатлон – беш аз 252 ҳазор тонна, вилояти Суғд – 93,5 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – ҳудуди 9,4 ҳазор тонна ҳосили пахтаи имсола ҷамъоварӣ шудааст. «Айни замон дар майдонҳои кишвар беш аз 51 ҳазор нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул буда, ҳамарӯза тақрибан 2,5 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ мешавад», – гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 178 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии 4080 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ даҳаи сеюми моҳи август шурӯъ шуда буд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуриявӣ вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар аз хунукии барвақти иқлим дар Тоҷикистон
изҳори ташвишу нигаронӣ намуда
, таъкид кард, ки баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда шуда, ҳамкориро бо ситодҳои ҷамоату ноҳия ва вилоятҳо пурзӯр намоянд.






