Дарёфти боз як ҷасад аз зери ярч дар деҳаи Яккабеди Файзобод

Date:



Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи 14 апрел ҷасади боз як нафар ҳалокшуда Исломиддин Абдуллоеви 36-соларо аз зери ярч пайдо карданд.

Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои 3 нафари боқимондаи зери ярч ҳалокшуда идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.

Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар – Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола рӯзи 7 апрел дарёфт шуда буд. Ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола рӯзи 10 апрел дарёфт гардид. То ҳанӯз аз зери ярч ҷасадҳои Далер Кабирови 17-сола, Фахриддин Нурови 29-сола ва Шодмон Амиршоеви 25-сола дарёфт нашудаанд.

Дарҳол пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...