Сафири Олмон ба вохӯрӣ бо эътирозгарон омода буд

Date:



Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи имрӯза назди намояндагии дипломатиро расман шарҳ дод.

Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд мешавад, ки субҳи имрӯз назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе

тақрибан 15-20 нафар

гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд..

«Аз доду фарёди онҳо маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ва муқобили чӣ овоз баланд кардаанд. Сафири Олмон Холгер Грэн ба қабули ду нафар аз намояндагони эътирозгарон омодагӣ изҳор намуд, вале суҳбат доир нагардид, зеро гирдиҳамомадагон хеле ба эҳсосот дода шуда, сафорат ба хотири таъмини амният дарҳои даромадгоҳро кушода наметавонист», – зикр мегардад дар шарҳи сафорати Олмон.

«Ба назари мо, худи иштирокчиёни гирдиҳамойӣ намедонистанд, ки барои чӣ ва муқобили кӣ ба ин амал даст задаанд. Сабабҳояшро мо танҳо тахмин зада метавонем. Пас аз ба макони ҳодиса расидани кормандони милиса, иштирокчиёни намоиш пароканда шуданд», – илова мегардад дар шарҳи намояндагии дипломатӣ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related