Дархости собиқадори 94-солаи ҶБВ аз Эмомалӣ Раҳмон

Карим Қурбонови 94-сола, иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд охирин умеди ӯ зиёрати Хонаи Худо буда, дар ин кор аз дастгирии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон умедворӣ дорад. Мӯйсафеди собиқадор, маъюби дарҷаи II ва писари ӯ Файзалӣ Қурбонов рӯзи 15 апрел ба идораи «Азия-Плюс» омаданд. Ба гуфтаи Файзалӣ Қурбонов, кӯшишҳои онҳо барои […]

Аҳлиддин Салимов



Карим Қурбонови 94-сола, иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд охирин умеди ӯ зиёрати Хонаи Худо буда, дар ин кор аз дастгирии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон умедворӣ дорад.

Мӯйсафеди собиқадор, маъюби дарҷаи II ва писари ӯ Файзалӣ Қурбонов рӯзи 15 апрел ба идораи «Азия-Плюс» омаданд. Ба гуфтаи Файзалӣ Қурбонов, кӯшишҳои онҳо барои рафтан ба Ҳаҷ бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Ӯ мегӯяд, ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ барои сафарбар кардани ин иштирокчии ҷанг ба Ҳаҷро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки синни Карим Қурбонов аз 80 сола гузаштааст. “Падарам бардаму боқувват аст. Агар дастгирӣ кунанд ман ҳамроҳиашон мекунам”, –  мегӯяд Файзалӣ Қурбонов.

Бобои Карим мегӯяд, “хизматҳои зиёде барои Ватан аз ҷавонӣ кардаам. Қадру қиммат пайдо накардам. Ҳаёти худамонро барбод кардем. Ду бародарам ва худам. На хона доданд, на мошин, на замин на як шароит… Хонаҳоям гаштагӣ. Ҳама ҳамсолони ман Ҳаҷ рафта омаданд. Ду писари ман мурданд, натавонистам Ҳаҷ рафта. Духтарам бемори вазнин шуд, натавонистам рафта. Мехоҳам Ҳаҷ равам. Мурдам ҳамон ҷо мурам. Бачам мегирад мебарад, ҳамон ҷо мемурам. Хотирам ҷамъ. Фикри ман Ҳаҷ, ҳушам кашол аст. Дар колхоз 45 нафар будем, ҳамааш мурданд. Дар деҳаи мо 6 нафар буд, танҳо ман мондам».

«Давлат ҳурмат кунад, хизматҳои маро. Ман пеши Эмомалӣ худам равам гуфтам. Ман чӣ хел равам? Эмомалӣ ҳар моҳ 45 сомонӣ аз ҳисоби худаш равон мекунад. Ба он хотир, ки зарар дидаам. Ҳар моҳи май 450 сомонӣ медод, соли гузашта 1000 сомонӣ фиристод.

Наход, Эмомалӣ хизмати маро дар назар нагирад? Одамҳо ду бор шуд, рафтаистодаанд. Ҳаёти худамро барбод кардам. Илтимос аз президент Эмомалӣ, ки маро ба Ҳаҷ равон кунад. Хизматҳои маро Эмомалӣ дар назар гирад ва маро равон кунад. Меҳнати маро дар назар гирифтан шарт аст”, – гуфт иштирокчии ҶБВ Карим Қурбонов.

Ба гуфтаи писараш Файзалӣ, бобои қаҳрамон – Карим Қурбонов соли 1921 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, аскари қаторӣ. Каримро аслан комиссияи ҳарбӣ барои ба майдони ҷанг рафтан рухсат намедод. Ду бародарбузурги вай Барот ва Раҷаб ба хизмати ҳарбӣ ба майдони ҷанг рафта, ҳалок гардиданд.

«Дар баробари ин як чашми Карим модарзод нобино буд. Аммо ҳисси ватандӯстӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар ҳисси ниқоргирӣ аз бародарон Каримро ором намегузошт, ки дар хона бинишинад. 4-уми декабри соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, ба ҳайси тирандоз дар муҳорибаҳои Белорус, Эстония, лаҳистон (Полша) иштирок намуда, қасоси худро аз фашистон гирифт ва барои ба даст овардани ғалаба саҳми худро гузошт. Моҳи майи соли 1946 бо сари баланд ба хонааш бар гашт»,- афзуд писараш Файзалӣ Қурбонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.