Таъсиси маҷмааи нодири фарҳангию таърихӣ дар Хуҷанд

Date:



Бо қарори раиси вилояти Суғд дар маркази маъмурии вилоят Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Муассисаи давлатии «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҳамроҳ карда мешавад.

Гуфта мешавад, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» вазифадор карда мешаванд, ки тибқи тартиби муқараргардида Оинномаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғдро аз қайди давлатӣ гузаронида, маблағгузории хароҷоти онро дар доираи маблағҳои ба соҳаи фарҳанг пешбинишудаи буҷети вилоятӣ амалӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки маҷмаа дорои осорхонаи таърихӣ – ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ – ҳамчун муассисаи фарҳангию фароғатӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд – ҳамчун мавзеи аҳмияти баланди таърихию фарҳангӣ ва экологӣ доштаро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related