Навори видеои гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе

Дар видеохостинги YouTube навори видеойии гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки занон назди дари оҳании сафорат ҷамъ омада, бо асабоният аз посбон ба назди онҳо баромадани сафирро дархост доранд. «Мо озодиву тинҷӣ дар Тоҷикистонро мехоҳем», – фарёд мезананд онҳо. Дар ҳамин ҳол, чанде аз занон шикоят мекунанд, ки […]

ASIA-Plus



Дар видеохостинги YouTube навори видеойии гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд.

Дар навор дида мешавад, ки занон назди дари оҳании сафорат ҷамъ омада, бо асабоният аз посбон ба назди онҳо баромадани сафирро дархост доранд.

«Мо озодиву тинҷӣ дар Тоҷикистонро мехоҳем», – фарёд мезананд онҳо. Дар ҳамин ҳол, чанде аз занон шикоят мекунанд, ки касоне «кӯшиши ноамн кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд», ки аллакай боре ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, «онҳо шавҳаронашонро талаф додаанд».

«Олмон Додоҷон Атовуллоевро пинҳон мекунад!», – садо баланд мешавад аз издиҳом. Ин гурӯҳ тақрибан аз 15-20 нафар, аз ҷумла 5-6 нафар ҷавонон бо лавҳаву шиорҳо дар дастонашон иборат аст.

Навори видеойӣ дар YouTube рӯзи 14 апрел аз ҷониби корбари шабака Комрон Ҳусейнзода гузошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 апрел сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи мазкур назди намояндагии дипломатиро

расман шарҳ дод



.


Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд шуд, ки субҳи имрӯз назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе 

тақрибан 15-20 нафар

 гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.