Суғд: Ҳалокати кӯдаки 6-сола аз зарбаи раъду барқ



Бар асари раъду барқи шадид дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як писари ноболиғ ҷони худро аз даст дод.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи дуюми рӯзи 1 май дар ноҳияи Ашт писарчаи 6-сола дар пайи зарбаи раъду барқи шадид ҳалок шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи нахустини ҳалокати одамон бар асари раъду барқ дар вилояти Суғд нест. Рӯзи 6 апрели соли равон низ сокини 32-солаи ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан А.Ф. низ дар натиҷаи зарбаи раъду барқ ҳалок шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное