Сарвари музофоти Бадахшони Афғонистон Давлат Муҳаммад Ховар иттилоъ додааст, ки пас аз ҷанги серӯза миёни хадамоти ҳукуматии амният ва ҷангиёни «Толибон» барои тасарруфи водии Тиргарон, 125 корманди хадамоти амнияти Афғонистон муҳорибаро қатъ карда, бо толибон пайвастаанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» бо истинод ба хабаргузории REGNUM, задухӯрди ҷонибҳо дар ноҳияи Варҷуси музофоти зикргашта ба амал омада, дар рафти он 20 ҷангӣ маҳв ва талафоти хадамоти амният 10 нафар будааст.
Гуфта мешавад, намояндаи «Толибон» Забиулло Муҷоҳид зери назорати худ даровардани водиро тасдиқ карда, афзудааст, ки дар маҳалли мазкур ҷангиён пойгоҳи низомиро низ гирифтаанд.