Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ба ҳимояи ҲНИТ садо баланд карданд

Дар изҳороти муштараки рӯзи душанбе интишоршудаи созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ  Human Rights Watch, Кумитаи норвегии Хелсинки ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мешавад, ки ба амалҳои равонашуда барои қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хотима бахшида, ба ин ҳизб имкони фаъолият диҳад. «Мақомоти тоҷик бояд ба маъракаи таъқиби аъзои ҲНИТ […]

ASIA-Plus



Дар изҳороти муштараки рӯзи душанбе интишоршудаи созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ  Human Rights Watch, Кумитаи норвегии Хелсинки ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мешавад, ки ба амалҳои равонашуда барои қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хотима бахшида, ба ин ҳизб имкони фаъолият диҳад.

«Мақомоти тоҷик бояд ба маъракаи таъқиби аъзои ҲНИТ хотима дода, ба аҳзоби сиёсӣ шароити озодона амал карданро фароҳам созанд», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ қайд мешавад, ки рӯзи 28 август Вазорати адлияи Тоҷикистон расман қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро талаб кард.

Зикр мегардад, ки ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии исломии сабтиномшуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дуюмин ҳизб аз ҷиҳати шумори аъзо дар Тоҷикистон мебошад, ки шумори аъояш 40 ҳазор нафар арёзбӣ мешавад.

Дабири кулли Кумитаи норвегии Хелсинки Борн Энгесланд гуфтааст, бо назардошти сатҳи пасти озодии баён дар ҷумҳурӣ, аз қарори қатъи фаъолияти ҳизби бештар намоёни мухолиф дар Тоҷикистон дар тааҷҷуб нест. Ба андешаи ӯ, қарори мақомоти Тоҷикистон натанҳо мухолифи уҳдадориҳои асосӣ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон аст, балки он метавонад ин ҳизби мухолифро ба пинҳонкорӣ водор созад ва ба субот дар кишвар хатари ҷиддӣ эҷод намояд.

Муаллифони изҳорот қайд мекунанд, ки моҳи марти соли равон аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар Тоҷикистон ҲНИТ дар парлумон курсӣ ба даст оварда натавонист. Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ аз «маъракаи туҳматангез»-и роҳандозишуда алайҳи ҲНИТ аз ҷониби ҳукуматдорон қабл аз ин интихобот сухан меравад.

«Маҷбуран қатъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар партави фишори умумӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳукумат фаъолони мухолифон ва журналистонро зиндонӣ кард, интиқодгарони ҳукумат аз хориҷа истирдод ё рабуда шуданд, фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ мавриди санҷишҳои зиёди малоловар қарор мегирад», – омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.