Дар фурудгоҳи Екатеринбург тоҷики 31-сола худро ба дор овехт

– Дар истгоҳи назди фурудгоҳи Колсовои шаҳри Екатринбург як тоҷики 31-сола худро ба дор овехтааст, – хабар медиҳад имрӯз Комсомольская правда . Раҳгузарон ҷасади ӯро дида, ба кормандони мақомот дар ин бора хабар додаанд. «Кормандони Кумитаи тафтишот ба ҷойи ҳодиса рафтанд, – шарҳ додаанд дар Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Свердловск. – Айни […]

ASIA-Plus



– Дар истгоҳи назди фурудгоҳи Колсовои шаҳри Екатринбург як тоҷики 31-сола худро ба дор овехтааст, – хабар медиҳад имрӯз


Комсомольская правда


. Раҳгузарон ҷасади ӯро дида, ба кормандони мақомот дар ин бора хабар додаанд.

«Кормандони Кумитаи тафтишот ба ҷойи ҳодиса рафтанд, – шарҳ додаанд дар Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Свердловск. – Айни замон тамоми ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ дорем».

Феълан мақомоти пулис ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи тафтишот дар ҷойи ҳодиса машғули коранд. «Кормандони шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ аллакай шахсияти мард ва хешовандони ӯро муайян карданд, – гуфтааст роҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск. – Ҳалокшуда зодаи 31-солаи Тоҷикистон бо номи Муродбек аст. Маълумоте мавҷуд аст, ки Муродбек қаблан низ бо корд худашро куштанӣ шудааст, вале хешовандонаш аз фоҷеа пешгирӣ кардаанд. Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба худкушӣ даст задани ин шахсро таҳқиқ доранд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.