В.Путин ва Э.Раҳмон мушкилоти марбут ба ноамнӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд

Шоми имрӯз президенти Русия Владимир Путин ба пойтахти Тоҷикистон меояд. Пагоҳ, 15 сентябр сарвари давлати Русия дар кори иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок мекунад. Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо итинод ба хадамоти матбуоти Кремл, дар Душанбе Владимир Путин як қатор вохӯриҳои дуҷониба гузаронида, аз ҷумла бо президенти […]

Пайрав Чоршанбиев



Шоми имрӯз президенти Русия Владимир Путин ба пойтахти Тоҷикистон меояд. Пагоҳ, 15 сентябр сарвари давлати Русия дар кори иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо итинод ба хадамоти матбуоти Кремл, дар Душанбе Владимир Путин як қатор вохӯриҳои дуҷониба гузаронида, аз ҷумла бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дидору гуфтушунид мекунад.

– Интизорӣ меравад, ки дар рӯзи нахусти сафари худ ба Тоҷикистон Владимир Путин дар хӯроки шомгоҳии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД ҳузур дошта, ҳамчунин бо президенти Тоҷикистон вомехӯрад, – менависад

РИА Новости

.

Қобили зикр аст, ки имсол сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон санаи 9 май дар Маскав ва 8 июл дар шаҳри Уфаи Русия бо ҳам дидору гуфтушунид доштанд. Ҳамчунин рӯзи 5 сентябр дар гуфтугӯи телефонӣ президенти Русия ба Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии талошҳои раҳбарияти Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва безарар гардонидани кӯшишҳои ноамн кардани вазъ дар Тоҷикистон, устувор нигоҳ доштани вазъ дар кишвар ва минтақа изҳори назар карда буд.

Дар назар аст, ки зимни суҳбати қарибулвуқӯъ сарони ҳарду кишвар мушкилоти марбут ба ноамну бесубот шудани вазъ дар ҷумҳурӣ ва роҳу воситаҳои кумаки Русия дар ин самтро баррасӣ мекунанд.

«Табиист, ки мо ба ҳар гуна кумак ё дастгирии сиёсӣ омодаем. Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар меҳвари суҳбат қарор хоҳад дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи рухдода ва кӯшишу талошҳои ҳукумат баҳри ба эътидол овардани вазъ маълумот хоҳад дод», – хабар додааст ба журналистон дар остонаи нишасти СААД ёвари президенти Русия Юрий Ушаков.

Ӯ қайд кардааст, ки дар ҷараёни гуфтушуниди ҳозира ҳамчунин ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи барои тарафайн судманд ҳам дар бахши мудофиаву амният ва ҳам дар бахши иқтисоду дигар соҳаҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кремл, Русия яке аз шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, 26,2% аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Аз нигоҳи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Русия зинаи аввалро ишғол намуда, ҳаҷми он ба 1,6 млрд. доллари ИМА (ҳудуди 30% аз ҳаҷми умумии самоягузориҳои хориҷӣ) баробар аст.

Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 130 ширкат бо сармояи Русия фаъолият доранд. Нисбат ба соли 2013 аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 21,8% афзуда, 928,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.