Барномаи пешсафии ҷавонони Осиёи Марказӣ дар ҳифзи муҳити зист дар Алмаато

Аз 14 то 22 сентябр дар шаҳри Алмаато шашумин Барномаи пешсафии ҷавонони Осиёи Марказӣ, пешсафӣ дар ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор баргузор хоҳад шуд. Дар барномаи мазкур мутахассисони аз Казоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок  мекунанд. Дар ин Барнома ҳайати Тоҷикистонро Маҳмадалӣ Қурбонов, номзади илмҳои иқтисод, директори коллеҷи технологии  шаҳри Душанбе муаррифӣ […]

ASIA-Plus



Аз 14 то 22 сентябр дар шаҳри Алмаато шашумин Барномаи пешсафии ҷавонони Осиёи Марказӣ, пешсафӣ дар ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор баргузор хоҳад шуд. Дар барномаи мазкур мутахассисони аз Казоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок  мекунанд.

Дар ин Барнома ҳайати Тоҷикистонро Маҳмадалӣ Қурбонов, номзади илмҳои иқтисод, директори коллеҷи технологии  шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, дар мавзӯи “Равиши нав ба иқтисоди сабз дар доираи рушди устувор” маърӯза хоҳад кард. Инчунин дар ин  Барнома 5 нафар мутахассисони дигар аз Тоҷикистон  иштирок мекунанд. 

Чорабиниро маркази экологии минтақавии Осиёи марказӣ дар ҳамкори бо UNEP, бо кумаки Ҳукумати Норвегия ва маркази САҲА дар Остона ташкил намудааст.

Дар Барномаи мазкур ба масъалаҳои ба рушди устувор дар Осиёи Марказӣ расидан, гузариши кишварҳо ба иқтисоди “сабз”, сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ, дастраси ба оби нушокӣ, баробарии гендерӣ, истифодаи босамари барқ ва рушди устувори энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ин Барнома барои баҳодиҳии маҷмӯӣ дар масъалаи рушди устувор дар доираи таҳдидҳои ҷаҳонӣ, инчунин истеъмол ва аввалиятҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд