«Тоҷиксодиротбонк» вазъ бо кортҳоро шарҳ дод

ASIA-Plus



Танаффусҳои имконпазир вобаста ба хизматгузориҳо аз рӯи кортҳои бонкиро дар «Тоҷикисодиротбонк» ба гузаштани ин ниҳод ба маркази протсессинги худӣ нисбат медиҳанд.

«Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 10.03.2016 то 25.03.2016 бинобар сабаби гузаронидани корҳои техникӣ вобаста ба гузариш аз протсессинги Рукард ба протсессинги худӣ, эҳтимолияти рӯй додани номунтазамии хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ мавҷуд аст», – омадааст дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи расмии бонк..

Ҳамчунин барои нороҳатиҳои пешоварда бонк аз мизоҷон маъзарат мехоҳад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол оид ба қобилияти пардохтпазирӣ надоштан ва муфлисшавии «Тоҷиксодиротбонк» овозаҳо шунида мешаванд.

Аввали моҳи феврал раиси бонк Тоҷидддин Пирзода

зимни мусоҳиба ба АМИТ «Ховар»

дар паҳншавии чунин овозаҳо доираҳои махсусеро гунаҳкор кард. «Яъне доираҳои манфиатдоре вуҷуд доранд, ки бо мақсади халал ворид намудан ба рушди иқтисодии кишвар ва ба таҳлукаву нобоварӣ андохтани ҳамватанони мо даст ба паҳн кардани ҳар гуна овозаҳо мезананд», – иброз дошта буд раиси бонк.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии бонк зикр мегардад, ки бо қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ба санаи 19 марти соли равон маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони бонк таъин шудааст.



Маводи бештар мукаммал дар ин хусусро аз шумораи нави газетаи «Азия-Плюс», ки имрӯз, 14 март ба фурӯш бароварда шуд, дарёфт карда метавонед.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.